Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Сӯҳроб барои «интиқом» аз пулиси Русия


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия барои «терроризми телефонӣ» маҳкум шудааст, дар додгоҳ гуфтааст, ки бо ин роҳ мехост аз пулиси Челябинск интиқом бигирад.

Додситонии вилояти Челябински Русия баъди он ки Сӯҳроб Исмоилов бо 1 соли 10 моҳ ҳукми шартии зиндон халос хӯрд, боз ҳам домани ин шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистонро сар надодааст. Додситонии Челябинск рӯзи 2 июл дар сомонааш хабар дод, ки ҳоло аз Сӯҳроб Исмоилов 65 000 рубл, муодили тақрибан 1200 доллар зарари расондааш ба мақомоти махсуси амниятии шаҳру вилоятро талаб дорад.

Сӯҳроб Исмоилов ба он айбдор мешавад, ки дар моҳи ноябри соли 2014 ба мақомоти ҳолатҳои фавқулодда дар бораи минагузорӣ шудани «Қасри варзиш»-и Челябинск маълумоти бардурӯғ дод ва ин занги ӯ боиси ба маҳалли гӯё бомбгузоришуда интиқол додани нирӯҳо аз мақомоти мухталифи махсуси амниятиву изтирорӣ ва кӯчондани беш аз 300 нафар аз «Қасри варзиш» шудааст. Додситонӣ мегӯяд, Сӯҳроб Исмоилов бояд хароҷоти барои рафъи хатари бомб кардаи мақомоти вижаи шаҳру вилояти Челябинскро пӯшонад.

Дар моҳи май додгоҳи Челябинск Сӯҳроб Исмоиловро бар асоси қисми якуми моддаи 207-уми Кодекси ҷиноии Русия (додани маълумоти ошкорро бардурӯғ дар бораи амали терроризм) ба 1 солу 10 моҳи зиндони шартӣ маҳкум кард. Сӯҳроб, бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи додситонии Челябинск, дар ҷараёни мурофиа эътироф кардааст, ки ҳадафи ӯ интиқом аз пулиси маҳаллӣ буд. Сӯҳроб, ки шоми 8 ноябр, ҳамагӣ чанд соат баъд аз занги бардурӯғаш дастгир шуд, гуфтааст, ӯро маъмурони пулис ҳамон бегоҳ дар назди «Қасри варзиш» боздошт ва латукӯб карданд. Ва ӯ, азбаски маст будааст, бо телефони 112 ба ситоди вазорати ҳолатҳои фавқулода занг зада, аз вуҷуди бомба хабар медиҳад.

Сӯҳроб Исмоилов баъди дидани натиҷаҳои ин занги телефонӣ ҳамроҳ бо як бародари дигараш ба фурудгоҳи Челябинск рафтааст, то ки бо нахустин парвоз ба Душанбе фирор кунад. Аммо дар ин муддат мақомоти интизомӣ аз тариқи биллинги зангҳои телефонӣ маълум мекунанд, ки занг бо маълумоти бардурӯғ дар бораи вуҷуди бомба дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Челябинск аз телефони Сӯҳроб Исмоилов зада шудааст.

Сӯҳробро аз фурудгоҳ, ҳанӯз ба ҳавопаймои Челябинск – Душанбе нонишаста, дастгир карданд ва бозгашти ӯ ба Тоҷикистон ба ин тартиб чандин моҳ ба таъхир уфтод. Ҳоло ҳам ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Челябинск даргири баҳсҳои додгоҳӣ боқӣ мемонад, чунки бояд акнун бо додситонӣ бар сари «нарх»-и занги сабукфикронааш сарбасар шавад.

Ин занги телефонӣ, ки барои Сӯҳроб Исмоилов чунин нархи бузург дошт, нахустин парвандаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми ба истилоҳ «терроризми телефонӣ» нест.

Дар моҳи июли соли 2014 додгоҳи шаҳри Пензаи Русия шаҳрванди Тоҷикистон Бахтовар Фозиловро барои таҳдиди телефонӣ, ки Думаи давлатии Русияро хоҳад тарконд, ба як соли зиндон маҳкум кард. Бахтовар Фозилов дар ҳоле занг зада, ба таркондани бинои парлумони Русия таҳдид кардааст, ки ҳамагӣ ду сол пеш бо ҷурми одамкушӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ аз дохили маҳбас бо телефони як маҳбуси дигар ба пулис занг задааст, занге ки ба ҳукми зиндони ӯ боз як соли дигар зам кард.

Ҳамин тавр, моҳи марти соли 2013 як сокини он замон 35-солаи шаҳри Душанбе дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баъд аз он боздошт шуд, ки дар ҳолати сархушӣ ба пулис занг зада, талаб кард, ки барояш 300 000 рубл биоранд, вагарна фурудгоҳи «Пулково»-ро метарконад.

Ин занги телефонӣ сабаби қатъи парвозҳо, кӯчондани садҳо мусофиру коргарони «Пулково» ва тафтиши бинои фурудгоҳ шуд. Субҳи рӯзи дигар ин «террористи телефонӣ»-ро дар пайи ташхиси шумораи телефони мобилаш дар хиёбони Наставникии шаҳр боздошт карданд. Ин сокини Душанбе баъди чанде ба 3 соли ҳабс ва 200 000 рубл ҷарима маҳкум шуд.

Дар соли 2011 низ як шаҳрванди дигари Тоҷикистон бапъди таҳдиди телефониаш дар бораи қасди таркондани ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG