Пайвандҳои дастрасӣ

Поквиҷдонӣ. Ҷавони тоҷик ним миллион рубли ёфтаашро баргардонд


Шерзод Насруллоев

Шерзод Насруллоев

Як ҷавони тоҷик, ки дар яке аз фурӯшгоҳҳои шаҳри Маскав кор мекунад, 520 000 рубли дар ароба фаромӯшкардаи як сокини пойтахти Русияро ба соҳибаш баргардондааст.

Шерзод Насруллоев, як муҳоҷири ҷавони тоҷик, ки дар шаҳри Маскав дар фурӯшгоҳи “Реал гипермаркет” кор мекунад, рӯзи 29 феврал ҳангоми ҷамъ овардани аробаҳо дар таваққуфгоҳи мошинҳои ин фурӯшгоҳ сумкаеро бо 520 000 рубли русӣ, муодили беш аз 7 000 доллар пайдо карда, ба соҳибаш баргардонд. Маълум шуд, ки ин пулро яке аз муштариёни фурӯшгоҳ фаромӯш кардааст.

Шерзод Насруллоев рӯзи 2 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин ҳодисаро чунин қисса кард: “Албатта, 520 ҳазор пули кам нест ва соҳибонаш барои он ба фурӯшгоҳ баргаштанд. Ман мунтазири онҳо будам ва вақте пурсиданд, дар ҳузури маъмурияти фурӯшгоҳ пулашонро пас додам.”

Шерзод мегӯяд, фикри ба ҷайби худ задану ба лаб ба истилоҳ кулӯх молида гаштанро аслан дар сар надошт ва пули ёфтаашро ҳатто ҳисоб накардааст: “Танҳо вақте ки соҳибаш омаду мо пулро ба ӯ додем, ӯ худаш гирифту ҳисоб кард, ки 520 ҳазор рубл будааст. 104 пули 5-ҳазорӣ.”

Шерзод Насруллоев мегӯяд, баъди ин ки соҳибонаш диданд, ки тамоми пулаш дар ҷояш аст, ягон 15 дақиқа ба вай изҳори миннатдорӣ кардааст: “Онҳо пурсиданд, ки миллати ман чист? Ман бо ифтихор гуфтам, ки тоҷик.”

Шерзод мегӯяд, исми соҳибони пулро напурсидааст, чунки, меафзояд ӯ, барояш ин аслан муҳим набуд. Ӯ мегӯяд, азбаски дар фурӯшгоҳ кор мекунад, ин бори аввал нест, ки пули фаромӯшкардаи муштариёнро пайдо кардаву ба соҳибонаш бармегардонад. Як дафъаи дигар ин муҳоҷири тоҷик 60 000 доллари як муштариро ёфта, ба маъмурияти фурӯшгоҳ супурдааст: “Соҳибаш омад ё наомад, намедонам, вале ман бурда, ҳамаи он пулро супурдам. 4 5 бори дигар 40 ҳазору 50 ҳазор ёфтам ва як бори дигар 73 300 рубл буд, ки ба соҳибаш пас додам.”

Шерзод Насруллоев 27 сол дорад ва аз деҳаи Варзи кандаи Панҷакенти Тоҷикистон аст. Ӯ аз замони ба камол расиданаш ҳар сол барои муҳоҷирати корӣ ба Русия меояд ва асосан дар сохтмонҳо дар шаҳрҳои мухталиф – аз Санкт-Петербургу Саратов то Хабаровску Владивосток – кор карда, ду соли охир дар фурӯшгоҳи “Реал гипермаркет” кор мекунад.

Яке аз масъулони ин фурӯшгоҳ, ки худро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Татяна муаррифӣ кард, Шерзод Насруллоевро ҳамчун як коргари поквиҷдон тавсиф кард ва гуфт, на ҳар кас чунин ирода дорад, ки нафси худро пас зада, аз баҳри ним миллион гузарад: “Ҳоло як даврае шудааст, ки ҳама дар зиндагӣ шитоб доранд. Соҳиби ин пул ҳам аз сари шитоб сумкаашро фаромӯш карду рафт. Шерзод метавонист ин пулро бигираду биравад. Дигар парвои маошаш ҳам намекард. Вале ӯ ин корро накард, чунки тарбияаш дигар аст.”

Дар моҳи сентябри соли 2015 қиссаи Равшан Файзалов ном ронандаи тоҷик аз шаҳри Екатеринбург расонаӣ шуд. Ин ронанда, ки матбуоти Русия "ронандаи поквиҷдон" номаш кард, дар микроавтобусаш қариб 900 000 рубли фаромӯшкардаи як зану шавҳари кӯҳансолро пайдо карда, ба соҳибонаш баргардонд. Маълум шудааст, ки ин зану шавҳар маълул буда ва ин пули мотосикли ягона фарзанди дар садамаи нақлиётӣ ҳалокшудаашон будааст.

"Ронандаи поквиҷон":

Дар моҳи октябри соли 2015 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти Русия достони поквиҷдонии Забеҳулло Шафеъзода ном муҳоҷири дигаре аз Тоҷикистон сарусадои зиёд ба по карда буд. Забеҳуллоҳи 25-сола, ки аз Панҷрӯди Панҷакент аст ва дар Маскав такси мезанад, рӯзи 28 октябр дар роҳ ба сӯи мағоза ҳамёни пур аз корти бонкӣ ва пулро пайдо карда, талош мекунад, то ба соҳибаш баргардонад. Соҳиби ҳамён ӯро ягон қаллоб гумошта, бовараш намекунад.

Аммо Забеҳуллоҳ пайваста ба ҳисоби соҳиби ҳамён пул гузошта, ӯро мутақоид мекунад, ки ягон тамаъ надорад ва танҳо мехоҳад ҳамёну кортҳои бонкиашро пас бидиҳад.

Алёна Куратова – соҳиби ҳамён баъди пас гирифтани чизҳояш ба Забеҳуллоҳ 8 000 рубл тӯҳфа мекунад, вале ҷавони тоҷик аз ин пул ҳам даст кашида, онро ба ҳисоби Насриддин -- як кӯдаки 2-солаи тоҷик, ки модараш аз вай даст кашида ва дар яке аз ятимхонаҳои Русия тарбия мегирад, фиристодааст.

Забеҳуллоҳ Шафеъзода

Забеҳуллоҳ Шафеъзода

Алёна Куратова аз тариқи Фейсбук рафтори Забеҳуллоҳ Шафеъзодаро ҳамчун як намунаи баланди поквиҷдонӣ таблиғ кард ва ӯро дар як они воҳид ба қаҳрамони матбуоти Русия табдил дод. Шӯҳрати ин ҷавони тоҷик ба ҳадде расид, ки “Сбербанк” – бузургтарин бонки Русия – дар рекламааш аз қиссаи чигуна ҳамён ёфтану бо истифода аз хидматҳои бонкӣ ба соҳибаш расондани Забеҳуллоҳро истифода кард.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, намунаҳое, чун ин ду мавриди поквиҷдонии Шерзод ва Забеҳуллоҳ метавонанд дар сохтани имиҷи мусбат аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия хидмат кунанд ва фикри мардуми маҳаллиро нисбат ба муҳоҷирон хеле дигар кунанд.

Қиссаи Забеҳуллоҳ дар рекламаи "Сбербанк":

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG