Пайвандҳои дастрасӣ

"Занҳои рус шавҳарамро аз ман дуздиданд"


Дар пахтазорони Тоҷиикстон аксар занону кӯдакон кор мекунанд

Дар пахтазорони Тоҷиикстон аксар занону кӯдакон кор мекунанд

Бархе аз занони рустоӣ мегӯянд, шавҳаронашон баъди бозгашт аз муҳоҷират серталаб шудаанд ва аз дастҳои кафидаву чеҳраҳои дар офтоб сӯхтаи онҳо эрод мегиранд.

Гулистон, зани 40-солае аз ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Бохтар, бар иловаи тарбияи чор фарзанд боз ба кори саҳро машғул аст. Ӯ мегӯяд, бар асари кори хонаву саҳро чеҳрааш сӯхтаву дасту пояш кафидааст ва қоматаш ҳам хам гаштааст. “Ҳар гоҳе шавҳарам аз муҳоҷират баргардад, тоқати дидани ин ҳамаро надорад”,-ҳарос дорад мусоҳиби мо.

Ин сокини Бохтар дар суҳбат бо мо гуфт, шавҳараш ба сару тани ӯ аҳамият медиҳад ва эрод мегирад ва ҳатто баъзан дурӣ ҳам меҷӯяд. Аммо хонум Гулистон мегӯяд, маҷбур аст, кори саҳро кунад ва рӯзии фарзандонашро пайдо намояд: “Субҳи барвақт ба пахтачинӣ меравам. Дасту пойҳоямон мекафанд, вале маҷбур ҳастем, кор кунем. Дар хонаи шавҳару хушдоман кор накарда, зиндагӣ пеш намеравад. Шавҳарам дар Русия дастони духтарони зеборо дида, ба ман нигариста мегӯяд, дастонат мисли дасти мард сахт аст.”

Занони рустоӣ агарчӣ барои зебоияшон наметавонанд ба ороишгар дастрасӣ дошта бошанд, вале мегӯянд, барои зебо мондан аз усулҳои фармудаи кампирҳо гоҳҳо истифода мекунанд. Ин аст, ки хонум Гулистон низ қабл аз омадани шавҳараш аз муҳоҷират бо тавсияи хушдоманаш дар дасту пойҳояш равғани “пахтаи заводӣ” мемолад, ки пӯсти дастонаш то андозае нарм шаванд. “Дар дасту пойҳоямон равғани пахтаи завод мемолем, ки фоидаи хуб дорад. Мегӯянд, дигар навъи равған ҳам фоида дорад, аммо фикр мекунам, барои мулоим шудани даст равғани пахта хубтар мебошад”,-нақл мекунад Гулистон.

Сафармо, зани дигари хатлонӣ, ки 25 сол дорад, дар пахтазори деҳаи Карл Маркси ноҳияи Бохтар пахта мечинад. Ӯ ҳам мегӯяд, шавҳари муҳоҷираш дар тӯли ду сол ҳамагӣ 3 моҳ дар хона аст, аммо боз аз он шиква мекунад, ки дасту пой ва рухсораҳояш кафидаву дар гармо сӯхтаанд. Мусоҳиби мо мегӯяд, шавҳараш ба Сафармо таъна ҳам мезадааст, ки чаро мисли занони рус худашонро “нигоҳубин” намекунанд. Аммо Сафармо мегӯяд, “бо ҳамин дастони кандагию кафидагӣ аз пахтазор омада, боз кори хона -ҷомашуӣ ва таппак мекунам, ки азоб мекашам. Вале аз зиёд будани кор вақт намеёбем, ба худамон бирасем. Шавҳарам аз Русия меояд ва ин аҳволро мебинад, шикоят карда боз бар мегардад ба муҳоҷират.”

Занони пахтачини хатлонӣ мегӯянд, тирамоҳ, ки дар Русия ҳаво сард мешавад, бештари онҳо шавҳарони худро мунтазир мешаванд, вале на бо қиёфаи зебою дастони нарм. Ба қавли ин занони рустоӣ, шавҳаронашон дар мавсими кори пахта ва ҷаъмоварии ҳосил ба хона меоянду онҳоро дар ҳолати афсурдагӣ пайдо мекунанд, ки барояшон хуш намеояд.

Ҳарчанд ин занон эроди шавҳарони муҳоҷири худро камтар ошкор мекунанд, вале созмонҳои иҷтимоӣ гоҳҳо шикояти онҳоро мешунаванд.

Саломат Одинаева, намояндаи созмони иҷтимоии “Дилафрӯз” дар Хатлон, гуфт: “Ин чизи пӯшида нест. Мардҳои муҳоҷир ба ҳамсарони худ чунин эрод мегиранд. Масалан, шароити шустушӯро дар онҷо доранд, вале бехабар аз он ки барои ҳамсаронашон дар Тоҷикистон оддитарин шароитро муҳайё накардаанд. Бо ин вуҷуд, занон кори пахта, гову таппакро мекунанд ва зиндагияшонро аз замин пеш мебаранд ва ба ҳамин хотир дигар наметавонанд, ки ба тозагии худ бирасанд. Занони деҳот маблағ надоранд ва гоҳҳо барои харидани собуни хушбӯй мушкил мекашанд.”

Беаҳамияти иддае аз мардони муҳоҷир ба ҳамсарони худ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бархе аз ин мардон дар Русия бо бонувони рус издивоҷ мекунанд ва хушбӯиву ороиши занони рус мояи хушҳолӣ ва роҳати онҳост.

Ин аст, ки онҳо ҳангоми бозгашти мавсимӣ бо занони рустоии худ, ки ҳамеша кори хонаву саҳро мекунанду, ба истилоҳ, ба худ расида наметавонанд, майли камтаре доранд. Тибқи иттилои расмӣ дар қаламрави вилояти Хатлон 80 дар сади заминҳо пахтазор аст ва ҷамъоварии маҳсули пунба бар дӯши занону духтарон мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG