Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулиси Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ғолибан барои пайвастан ба созмони тундрави «Давлати исломӣ» ба Сурия рафтааст, таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.

Пулиси ноҳияи Москваи шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро, ки гумон меравад, ба Сурия рафтаву ба созмони тундрави «Давлати исломӣ» пайвастааст, таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Дар бораи гум шудани ин ҷавони тоҷик, ки дар Санкт-Петербург раҳрӯб будааст, ба шӯъбаи 51-уми пулис шоми 18 июл як бародарзодаи ӯ хабар додааст.

Дар шӯъбаи 51-уми пулис рӯзи 21 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бо дархости ҷустуҷӯи бародарзодааш муроҷиат кардани як шаҳрванди Тоҷикистонро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ҷузъиёти ин парвандаро аз тариқи телефон шарҳ намедиҳанд.

Назар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба Озодӣ гуфт, ки ин қазияро ҳатман пайгирӣ хоҳад кард: «Ҳанӯз пулис ба мо иттилои расмие дар бораи ин қазия надодааст, вале мо аз паяш хоҳем шуд. Ба сурати умум, гароиши тоҷикони Петербург ба равияҳои тундрави мазҳабӣ зиёд мушоҳида намешавад. Мо то имрӯз танҳо як

Назар Мирзода

Назар Мирзода

мавриди ҷалби бачаҳои тоҷики инҷо ба «Давлати исломӣ»-ро медонем, ки моҳи марти соли равон як зодаи ноҳияи Ваҳдатро дар Туркия дар роҳи сафари Сурия дастгир карданд. Ин ҷавонро, ки аз Санкт-Петербург рафта буд, баъдан аз Туркия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.»

Расонаҳои маҳаллии Санкт-Петербург, аз ҷумла «Фонтанка», менависанд, шоми 18 июл ба шӯъбаи 51-уми пулиси ноҳияи Москва як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон муроҷиат карда, барои ҷустуҷӯи бародарзодаи 23-солааш кумак хостааст. Ба гуфтаи ӯ, бародараш дар Санкт-Петербург бо роҳрӯбӣ қути лоятмуте ба даст меовард, вале вақтҳои охир таҳти таъсири кадом гурӯҳе афтода, бо ҳадафи пайвастан ба «Давлати исломӣ» ва ҷангидан аз тарафи ин созмони тундрав ба Сурия рафтааст. Манобеи «Фонтанка» дар шӯъбаи 51-уми пулис гуфтаанд, ки ин роҳрӯби тоҷик аз фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав ба парвози Маскав – Истамбул нишастааст ва дигар маълум нест, ки ӯ куҷо шудааст.

Нашрияи «Комсомолская правда» бо нашри айни хабар бо такя бо манобеи худ дар пулиси Петербург навиштааст, «ба ҷои ҷорӯб – автомати АК-47 ва ба ҷои камзӯлчаи норинҷӣ – либоси низомии рангаш хаки. Як зодаи Тоҷикистон, ки аз пойтахти шимолии Русия рост ба домани созмони дар Русия мамнӯи «Давлати исломӣ» рафт, маҳз ҳамин роҳро барои худ интихоб кардааст.»

Манобеи ин нашрия гуфтаанд, ин ҷавони тоҷик низ ғолибан аз масири маъмулии ҷангиёни оянда, яъне парвоз ба Истамбул ва аз онҷо ба минтақаи Килис дар марзи Туркия бо Сурия истифода бурдааст. Ин манобеъ имкони пайдо кардани ӯ бо имконоти пулиси Русияро хеле ночиз мехонанд.

Назар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар ин шаҳр ва вилояти Ленинградро то 80 000 нафар баровард мекунад ва мегӯяд, беш аз нисфи онҳо дар сохтмонҳо, қисме таксиронӣ ва қисме дигар дар се амбори бузурги меваву сабзавот – амбори Софийская, амбори Калининская ва дар бандари Санкт-Петербург кор мекунанд.

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон аст.

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то имрӯз дар Сурияву Ироқ 100 шаҳрванди тоҷик кушта шуда ва алайҳи 500 шаҳрванди дигари ин кишвар бо иттиҳоми ширкат дар ҷангҳои он ду кишвари Ховари Миёна парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Дар Душанбе бар ин боваранд, ки аксари ин ҷангиёни тоҷик дар Русия ба сафи гурӯҳҳои тундгарое, чун «Давлати исломӣ» ҷалб шудаанд.

Аммо Назар Мирзода мегӯяд: «Чунин мавридҳои ҷалби ҷавонони тоҷик ба «Давлати исломӣ» бештар аз масҷидҳои Маскав ба гӯш мерасанд ва гуфта мешавад, ки дар як масҷид онҳо ҳатто як маркази тарғиб ҳам доранд. Вале дар Петербург чунин нест. Муфтии Петербург Равил Панчаев ҳамсабақи ман аст. Ӯ дар бахши забони арабии Донишгоҳи Петербург таҳсил кардаасту ман – дар бахши забони форсиаш. Муфтӣ ба тоҷикон алоқаи хосе дорад ва ҳатто тармими масҷиди ҷомеи шаҳрро ба коргарони тоҷик супурда буд. Равил Панчаев ҳамеша дар маъвизаҳояш бачаҳои тоҷикро даъват мекунад, ки ба равияҳои бегонаву тундрав дода нашаванд.»

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии «Ал-Қоида» ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон, ки бо қатли омм ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани мухолифонаш ва пайравони динҳои дигару шохаҳои дигари дини Ислом ном баровардааст, иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи «хилофати воҳиди исломӣ»-ст. Бисёре аз кишварҳои дунё ин гурӯҳро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ мешуморанд ва алайҳи «Давлати исломӣ» таҳти раҳбарии Амрико як эътилофи низомӣ таъсис ёфтааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG