Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поп аз сулҳ ва таҳаммулпазирии динҳо мегӯяд


Поп Франсис – раҳбари католикҳои ҷаҳон – дар варзишгоҳи Тифлис, пойтахти Гурҷистон, дар бораи сулҳу таҳаммулпазирии динҳо суҳбат хоҳад кард. Ин маросим дар варзишгоҳи Михаил Месхи баргузор мешавад, ки 27 ҳазор нафарро меғунҷонад. Поп Франсис рӯзи 30 сентябр вориди Тифлис шуд.

Бино ба арзёбии Ватикан, дар Гурҷистон аксар масеҳиёни православ ё ортодокс маскунанд, вале дар қатори онҳо дуним дарсад ақаллиятҳои католик низ ба сар мебаранд. Пас аз ворид шудан ба Тифлис Поп бо раиси ҷумҳури Гурҷистон Георгий Маргвелашвили вохӯрда, аз ӯ даъват кард, ки ба ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳаққи миллатҳо ба истиқлолият эҳтиром бигузорад. Ин нуктаи суҳбати Поп ба ҳайси танқиди пинҳони Русия матраҳ мешавад, ки нерӯҳои ҳарбии хешро дар минтақаҳои ҷудоиталаби Гурҷистон - Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ - нигоҳ медорад.

Қарор аст, рӯзи 2 октябр раҳбари католикҳо ба шаҳри Боку парвоз карда, дар ҳузури парйравонаш дар майдони калисои Марями Муқаддас ниёиш кунад. Баъдан ӯ аз оромгоҳи муборизони истиқлолият зиёрат карда, сафарашро бо мулоқот бо муфтии Озарбойҷон дар масҷиди ба номи Ҳайдар Алиев анҷом хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG