Пайвандҳои дастрасӣ

Абубакри Халилзод, сокини 26-солаи шаҳри Ваҳдат, дар наздикии фурудгоҳи Домодедовои Маскав мавриди ҳамлаи як ҷавони рус қарор гирифта, аз тири таппончаи пневматикӣ чашми чапашро аз даст додааст. Наздикони Абубакр мегӯянд, ин ҳамла шаби 31 июл сурат гирифта, ҷарроҳии чашмаш субҳи 2 август анҷом гирифтааст.

Иброҳим Халилзод, бародари Абубакр, рӯзи 2 август дар суҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, додараш дар наздикии шаҳраки Бордоский, 15 километр дуртар аз фурудгоҳи Домодедово, вақте мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ки ба рӯи як ҷавони хашмгини рус оинаи мошинаашро боз кардааст.

"Додарам нақл кард, ки ҷавони рус омада, мошини ӯро лагадкӯб кардааст ва ӯ барои фаҳмидани асли қазия тирезаро кушодааст. Вақте ба чашмаш тир задааст, ба ман занг зад ва рафта, ӯро ба беморхона бурдам. Ҳоло ҷарроҳӣ карда, чашмашро гирифтанд. То ҳоло касе ба суроғи мо наомадааст, то бароямон кумаке кунанд," - гуфт ӯ.

Иброҳим мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд нафаре, ки ба бародараш ҳамла кардааст, миллатгарост. Зеро, ба қавли ӯ, аз тири таппончаи пневматикии ҳамлавар ҷавони дигари тоҷик аз шикамаш ҷароҳат бардоштааст, вале бинобар дуруст набудани ҳуҷҷатҳо аз муроҷиат ба пизишкон худдорӣ намудааст. Ин ҷавони тоҷик дар Русия ба таксиронӣ машғул будааст.

Ҳимматшо Қадамов, сардори Шуъбаи кор бо муҳоҷирони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки ҳамзамон аз сафорати кишвар намояндагӣ мекунад, ҳоло ба дидорбинии ин ҷавони маҷрӯҳ рафтааст. Ӯ гуфт, бо пизишконе, ки ин ҷавони тоҷикро табобат мекунанд, ҳамсӯҳбат шуд ва барои кумак ба ин муҳоҷири маҷрӯҳ омодаанд.

Қадамов афзуд, дар ҷустуҷӯи муҳоҷири дуввуми маҷруҳ ҳастанд: "Ҳоло рақамҳои ҷавони дуюми маҷрӯҳшударо пайдо кардем ва мехоҳем бо ӯ дар тамос шавем. Аз ҳоли Абубакр хабардор шудем ва барои кӯмак ба ӯ омодаем. Мо дар паҳлӯи бародари ӯ қарор дорем. Ҷавони дуюми маъюбро ҷустуҷӯ дорем, ки дар кадом ҳолат қарор дорад ва чаро ба беморхона муроҷиат накардааст."

Ин масъули Хадамоти муҳоҷират гуфт, қабл аз ин бо намояндагони пулис сӯҳбат доштанд. Ба гуфтаи ӯ, пулис изҳор доштааст, ки ҷавони ҳамлагар боздошт шудааст. Шахсияти ӯ ва ангезаи ҳамлаашро мақомоти пулис бо намояндагони Хадамоти муҳоҷират шарҳ надодаанд.

Сулаймон Саидов

Сулаймон Саидов

Аз ин пеш, моҳи апрели соли ҷорӣ, муҳоҷири тоҷик Сулаймон Саидов дар метрои Маскав ҳадафи ҳамлаи як марди 59-солаи мусаллаҳ бо туфангчаи травматикӣ қарор гирифта ва аз як чашмаш мащрум шуда буд. Олег Тсарёв дар пайи муноқиша бо Сулаймон ва додарзодааш туфангчаи худро берун кашида, бо ин нидо ки “Ин ҷо ҷои ту нест!” ба сари муҳоҷири тоҷик чанд тир холӣ кард.

Тсарёв феълан дар боздошт қарор дорад ва алайҳи ӯ бар асоси қисми аввали моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (қасди куштор) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG