Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба саломатӣ зиён дорад!" - ибораи ҳатмӣ дар рӯйи ҳар қуттии сигор


Дар Тоҷикистон қарори нави гардиш ва фурӯши маҳсулоти тамоку ё сигор ба тасвиб расид. Бар асоси ин қарор, ширкатҳои истеҳсолкунанда ва вордкунандаи сигор муваззаф шудаанд, ки дар рӯй ва пушти қуттии сигор дар мавриди зиёновар будани сигоркашӣ ба саломатӣ навиштаҷот ё акс насб кунанд.

Ин маълумот ва ё акс бояд дар масоҳати на камтар аз 50 дар сади рӯй ва пушти қуттии сигор бояд дарҷ шуда бошад. Маълумот дар бораи зиёни сигор ба саломатӣ дар рӯйи қуттӣ ба забони тоҷикӣ ва дар пушти он бояд ба забони русӣ навишта ва ё мунъакис шуда бошад.

Назорати насби чунин навиштаҷот бар дӯши Оҷонсии "Тоҷикстандарт" вогузор шудааст ва дар сурати дар дӯконҳо ёфт шудани қуттиҳои сигор бидуни чунин навиштаҷот, он мусодира шуда ва моликони ин гуна дӯкон ва ё фурушгоҳҳо ҷарима мешаванд.

XS
SM
MD
LG