Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳангоми таваллуди кӯдакаш ба як зани рус доягӣ кардани муҳоҷири тоҷик Юсуф Каримов мавҷи ситоиши корбарони рус дар Интернет аз муҳоҷирони тоҷикро ба бор овард.

Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,

Дусад гуфтор ними як кирдор нест.

(Фирдавсӣ)

Як амали солеҳи муҳоҷири тоҷик Юсуф Каримов боис шуд, ки корбарони рус дар Интернет ва ҳамин тавр, матбуоти Русия лаб ба ситоиши фазилатҳои хуби мардуми тоҷик бикушоянд. Худи Юсуф Каримов низ рӯзи 5 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамин тағйири назари мардуми Русия нисбат ба муҳоҷирони тоҷикро муҳимтарин натиҷаи ин амали худ мешуморад.

Юсуф Каримов дар ширкати масолеҳи сохтмонии “Петрович”-и шаҳри Санкт-Петербург ба ҳайси ронанда ва экспедитор кор мекунад. Рӯзи 27 март, тақрибан соати чори баъд аз зӯҳр, вақте ӯ бо мошини боркашаш баъди супурдани фармоиши навбатӣ ба шаҳр бармегашт, дар шоҳроҳи даврӣ (Кольцевое шоссе)-и Петербург мардеро дид, ки бо талвоса мошинҳои раҳгузарро манъ мекунад, вале мошинҳо наистода, гузашта мераванд.

Юсуф Каримов мошинашро манъ кард. Он мард, ки Алексей ном доштааст, бошитоб пешаш давид, ки занаш ҳомила асту дардаш гирифтааст, вале балони мошини ӯ дар роҳ кафидааст. Юсуф мегӯяд: “Гуфтам, ки ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занем ё балонҳоятро иваз кунем? Гуфт, “Ёрии таъҷилӣ” баъди 20 дақиқа мерасад, вале барои иваз кардани балонҳо дигар фурсат нест. Маҷбур аз мошин бинту дигар лавозимоти тиббиро гирифтаму рафтам ва ҳамроҳ бо он мард доягӣ кардем.”

Юсуф Каримов мегӯяд, модараш дар зодгоҳи онҳо – шаҳри Хуҷанд – то бознишаста шуданаш табиби ҷарроҳ буд ва ӯ кам-кам тарзи расондани хидматҳои тиббиро медонист: “Ман дар умрам бори аввал ин корро кардам. Вақти таваллуди фарзандони худам ҷуръати даромадан ба зоишгоҳро надоштам. Албатта, ман ҳам дақиқ намедонистам, ки чӣ кор бояд кард? Вале партофта равам, намешуд охир. Он мард тамоман худашро гум карда буд. Баъд якҷоя дастбакор шудем, кашида баровардем кӯдакро. Табибони “Ёрии таъҷилӣ” фақат нофашро буриданд. Онҳо гуфтанд, ки ман ҳама кори доягиро дуруст анҷом додаам.”

Ин навзод, ки волидонаш ба ӯ Юра ном додаанд, бо вазни 3 килову 200 грамм ба дунё омадааст. Падари Юра – Алексей, ки дар талвосаи зоёндани ҳамсараш ҳатто фаромӯш кардааст, ки исми Юсуфро бипурсад, баъдан ба ширкати “Петрович” нома навишта, аз ронандаи онҳо изҳори ситоиш мекунад ва мегӯяд, танҳо шумораи мошинашро медонад. Дар “Петрович” бар асоси шумораи мошин дақиқ мекунанд, ки ин амали хайрро Юсуф Каримов анҷом додааст. Юсуф мегӯяд: “Аз ҷои кор баъд ба мна занг зада, ташаккур гуфтанд, ки бо ин корат ширкатро рекламаи хуб кардӣ.”

Сарнавишти Юсуф Каримови феълан 31-сола шабеҳи садҳо ҳазор муҳоҷири дигар аз Тоҷикистон аст. Ӯ ҳанӯз синфи 9 мехонд, ки барои кӯмак ба таъмини рӯзгори хонаводаашон ба Русия ба мардикорӣ омад. Баъди мусофират дар чанд шаҳри мухталиф соли 2005 дар Петербург муқим шуд ва инак 9 сол боз дар ширкати “Петрович” бо мошинаш ба кашондани масолеҳи сохтмоние, ки муштариёни ин ширкат фармоиш медиҳанд, машғул аст.

Падари равоншоди Юсуф тамоми умр дар комбинати абрешими Хуҷанд кор кардааст. Модараш, ки зодаи Қирғизистон аст, то бознишастагӣ корманди тиб буд.

Зану ду фарзанди Юсуф ҳоло ҳамроҳи ӯ дар Петербург зиндагӣ мекунанд. Писараш Фаридун 7 сол дошта, синфи якум меравад. Духтараш Сабрина 3 сол дорад.

Юсуф мегӯяд, бештар аз ҳама аз вокуниши мардуми рус хушаш омадааст: “Шаб дар “Одноклассники” дидам, ки шарҳҳои зиёд навиштаанд. Навиштаанд, ки “офарин” Бояд аз ин тоҷик ибрат бигиранд ҳама”. Ё инки “миллат аҳамияте надорад, мо ҳама халқи Шӯравием.” Якеи дигарро хондам, ки менависад, “тоҷикҳо мардуми хуштарбия будани худро исбот карданд. Ҳамёнро баргардонданд, чӣ қадар пулро баргардонданд ва ҳоло барои як зани рус доягӣ ҳам карданд.” Фикр мекунам, мо танҳо бо амалҳои хуб метавонем фикри мардуми маҳаллиро нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ба тарафи мусбат тағйир диҳем.”

Дар матбуоти Русия зодагони Тоҷикистон бештар дар робита ба мавридҳои ошкоршудаи қочоқи маводи мухаддир зикр мешаванд. Вале дар чанд моҳи охир дар расонаҳои Русия чанд амали хайри анҷомшуда аз сӯи муҳоҷирони тоҷик низ бозтоби густурда пайдо кард.

Шерзод Насруллоев

Шерзод Насруллоев

Аз ҷумла рӯзи 29 феврал Шерзод Насруллоев, як муҳоҷири 27-сола аз деҳаи Варзи кандаи Панҷакенти Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав дар фурӯшгоҳи “Реал гипермаркет” кор мекунад, ҳангоми ҷамъ овардани аробаҳо дар таваққуфгоҳи мошинҳои ин фурӯшгоҳ сумкаеро бо 520 000 рубли русӣ, муодили беш аз 7 000 доллар пайдо карда, ба соҳибаш баргардонд. Маълум шуд, ки ин пулро яке аз муштариёни фурӯшгоҳ фаромӯш кардааст. Шерзод Насруллоев мегӯяд, баъди ин ки пулро баргардонд, соҳиби пул муддати тӯлоние ба вай изҳори миннатдорӣ кардааст: “Онҳо пурсиданд, ки миллати ман чист? Ман бо ифтихор гуфтам, ки тоҷик.”

Дар моҳи сентябри соли 2015 қиссаи Равшан Файзалов ном ронандаи тоҷик аз шаҳри Екатеринбург расонаӣ шуд. Ин ронанда, ки матбуоти Русия "ронандаи поквиҷдон" номаш кард, дар микроавтобусаш қариб 900 000 рубли фаромӯшкардаи як зану шавҳари кӯҳансолро пайдо карда, ба соҳибонаш баргардонд. Маълум шудааст, ки ин зану шавҳар маълул буда ва ин пули мотосикли ягона фарзанди дар садамаи нақлиётӣ ҳалокшудаашон будааст.

"Ронандаи поквиҷон":

Дар поёни соли 2015 “Сбербанк” – бузургтарин бонки Русия – дар рекламааш аз қиссаи чигуна ҳамён ёфтану бо истифода аз хидматҳои бонкӣ ба соҳибаш расондани муҳоҷири тоҷик Забеҳуллоҳ Шафеъзода истифода кард. Ин сокини 25-солаи Панҷрӯди Панҷакент, ки дар Маскав такси мезанад, рӯзи 28 октябр дар роҳ ба сӯи мағоза ҳамёни пур аз корти бонкӣ ва пулро пайдо карда, талош кард, ки ба соҳибаш баргардонад. Соҳиби ҳамён ибтидо ӯро ягон қаллоб гумошта, бовараш намекард. Аммо Забеҳуллоҳ пайваста ба ҳисоби соҳиби ҳамён пул гузошта, ӯро мутақоид мекунад, ки ягон тамаъ надорад ва танҳо мехоҳад ҳамёну кортҳои бонкиашро пас бидиҳад.

Забеҳуллоҳ Шафеъзода

Забеҳуллоҳ Шафеъзода

Алёна Куратова – соҳиби ҳамён баъди пас гирифтани чизҳояш ба Забеҳуллоҳ 8 000 рубл тӯҳфа кард, вале ҷавони олиҳиммати тоҷик аз ин пул ҳам даст кашида, онро ба ҳисоби Насриддин -- як кӯдаки 2-солаи тоҷик, ки модараш аз вай даст кашида ва дар яке аз ятимхонаҳои Русия тарбия мегирад, фиристодааст.

Алёна Куратова аз тариқи Фейсбук рафтори Забеҳуллоҳ Шафеъзодаро ҳамчун як намунаи баланди поквиҷдонӣ таблиғ кард ва ӯро ба қаҳрамони матбуоти Русия табдил дод. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, намунаҳое, чун ин мавридҳои поквиҷдонии Шерзоду Равшан ва Забеҳуллоҳ ва кори хайри Юсуф Каримов метавонанд дар сохтани имиҷи мусбат аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия хидмат кунанд ва фикри мардуми маҳаллиро нисбат ба муҳоҷирон хеле дигар кунанд.

Қиссаи Забеҳуллоҳ дар рекламаи "Сбербанк":

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG