Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон, ки бояд аз Русия берун карда мешуд, рӯзи 18 ноябр аз додгоҳе дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия фирор кардааст.

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷустуҷӯи як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон, ки рӯзи 18 ноябр аз бинои додгоҳ фирор кардааст, идома дорад. Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 19 ноябр хабар доданд, ки додгоҳи ноҳияи Неваи Петербург Қиёмиддин Назаровро 5 000 рубл, муодили тақрибан 110 доллар, ҷарима баста, ҳукми иҷборан берун кардан(принудительное выдворение)-и ӯро ҳам содир карда буд.

Сомонаи “Фонтанка” аз ҷумла хабар дод, ки Қиёмиддин Назаров бояд баъди судури ҳукми додгоҳ ба боздоштгоҳи муваққати шаҳрвандони хориҷӣ, воқеъ дар Красное Село, бурда мешуд. Вале ӯ аз тирезаи додгоҳ худро берун андохта, фирор кардааст.

Тавассути матбуот нишонаҳои Қиёмиддин Назаров эълон шуда, аз мардум хостаанд, то дар боздошти вай кумак кунанд. Гуфта мешавад, ӯ 170 сантиметр қад дошта, тануманд аст, мӯи сару чашмони сиёҳ дорад ва ришаш дар рӯзи фирор нотарошида будааст. Ӯ он рӯз футболкаи рангаш осмонӣ, шими маллаи паст, курткаи сиёҳи капюшондори тамғаи “Адидас” доштааст.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки Қиёмиддин Назаров қаблан барои дуздӣ ва ғоратгарӣ дар Маскав маҳкум ба зиндон шудааст. Аммо ин навбат ӯ танҳо ба поймол кардани қонунҳои муҳоҷират ва қоидаҳои иқомат дар Русия айбдор мешуд, ки қонуншикании маъмурист, на ҷиноӣ.

Ин мавриди нахустини фирори муҳоҷирон аз додгоҳҳои Петербург нест. Моҳи майи соли 2013 як муҳоҷири 52-сола аз Узбакистон, ки низ ба ихроҷи иҷборӣ аз қаламрави Русия маҳкум шуда буд, зудро аз тирезаи додгоҳи ноҳияи Маскави Петербург худро ба берун андохт ва ҳалок шуд. Мақомот гуфтанд, ки гӯё ин муҳоҷир худкушӣ кардааст.

Ҳамин тавр, 10 рӯз пеш 3 муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбакистон аз боздоштгоҳи махсуси Хадамоти федеролии муҳоҷират дар вилояти Челябински Русия фирор карданд. Ҳарсеи онҳо бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои иқомат дар Русия дастгир шуда, мунтазири ҳукми додгоҳи будаанд. Аммо ба навиштаи расонаҳои чопи Челябинск, азбаски додгоҳ ба эҳтимоли ғолиб ҳукми ихроҷи онҳоро содир мекард, ин 3 муҳоҷир фирорро бар интизории тӯлонии оғози мурофаи парвандаашон бартарӣ дода, бовар меравад, ки мустақилона роҳи Ватани худро пеш гирифтаанд.

Бино ба ҳисобҳо, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели поймол кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия аз он кишвар ихроҷ ё иҷборан берун карда шудаанд, аз 200 000 нафар мегузарад. Ба далели саҳми муҳиме, ки муҳоҷирон дар таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон мегузоранд, ихроҷи ҳар муҳоҷир дар ин кишвар ба маънои аз як манбаи муҳими таъминоташ маҳрум шудани як хонавода арзёбӣ мешавад. Соли гузашта аз Русия ва асосан аз сӯи муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар пул интиқол дода шудааст, ки баробари нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин фақиртарин кишвари пасошӯравист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG