Пайвандҳои дастрасӣ

Фарҳод Қирғизбоев, муҳоҷири тоҷик субҳи 5 июл дар дақиқаҳои аввали намози Иди Фитр дар саҳни масҷиди ноҳияи Ногински Маскав ҷон додааст. Ба қавли шоҳидони айнӣ, ин шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон, бо шунидани азон барои он ки ба намоз дер накунад, аз саросемагӣ пешпо хӯрда афтодааст ва дигар аз ҷой барнахостааст.

Бо дархости Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав муоинаи тиббӣ-додгоҳӣ гузаронда шуда, сабабҳои марги Фарҳод дар давоми як моҳ эълон мешавад. Вале ҳайати тиббӣ-додгоҳӣ ваъда додааст, ки дар ҳамин рӯзҳо натиҷаҳои муоинаро хоҳад гуфт.

Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи фиристодани ҷасади ин муҳоҷири корӣ якҷоя бо ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Маскав тадбирҳоро рӯи даст гирифтаанд.

Каримҷон Ёров, раиси ҷамъияти “ЭтМос” дар Маскав, дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, Фарҳод Қирғизбоев ба наздикӣ дар ҷустуҷӯи кор

аз Тоҷикистон ба Маскав омада ва 4 июл соҳиби патент ё иҷозатномаи корӣ шудааст. "Вале бо ин патент натавонист ақаллан корро оғоз кунад", - мегӯяд ӯ.

Ҳоло ҷасади Қирғизбоев ба сардхонаи ноҳияи Ногинск интиқол ёфтааст ва пайвандонаш талош доранд, ки ҳарчи зудтар вайро ба Тоҷикистон ба зодгоҳаш ноҳияи Восеи вилояти Хатлон баранд. Барои ин кор бояд ҳайати тиббӣ-додгоҳӣ ҳарчи зудтар муоинаро анҷом дода ва барои интиқоли ҷасад иҷоза диҳад.

Пайвандонаш пешгӯӣ мекунанд, ки шояд сабаби марги Фарҳод зарбаи шадиди мағзи сар бошад, зеро вай баъд аз афтодан аз ҳуш рафта ва дигар ба худ наомадааст.

Каримҷон Ёров ҳам мегӯяд, "Фарҳод наметавонист ба бемории дигари марговар мубтало бошад. Вай як рӯз пеш патент гирифта буд ва он гувоҳӣ медиҳад, ки Фарҳод аз ҳамаи муоинаҳои тиббӣ гузаштааст. Агар вай гирифтори ягон бемории хатарноки марговар мебуд, ба вай гувоҳномаи тиббӣ ва патенти корӣ намедоданд."

Даргузашти як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараёни намози Иди Рамазон дар Русия бори аввал сурат гирифтааст. Ҷамъиятҳои тоҷикон мегӯянд, ки ба маросимҳои баъд аз дафни Фарҳод Қирғизбоев ба хонаводаи вай кумак мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG