Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Хадамоти муҳоҷират аз ному насабҳои сохта


Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон бо нигаронӣ гуфтааст, ки бархе аз шаҳрвандони ихроҷшуда аз Русия бо ному насабҳои сохта дубора вориди ин кишвар мешаванд.

Як масъули дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 8-уми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз қаламрави Русия бо ҷурми қонуншикании маъмурӣ депорт ё ихроҷ шудаанд, барои бозгашти дубора ба ин кишвар ному насабашонро иваз карда, бо шиносномаҳои қалбакӣ кӯшиши дубора ворид шудан ба қаламрави ин кишварро мекунанд.

Масъулин мегӯянд, ки ҳукми додгоҳ оид ба ихроҷ ё депортатсия вуруди шаҳрвандро ба Русия ба мӯҳлати панҷ сол мамнӯъ мекунад. Тибқи пешниҳоди нави нахуствазир Дмитрий Медведев, эҳтимолан ба қонунҳои Русия тағйирот ворид шуда, дар сурати содир шудани ҳукми дуюмбораи депортатсия, шаҳрванди кишвари хориҷӣ то 10 сол ҳаққи ворид шудан ба ин кишварро аз даст медиҳад.

Бекориву эҳтиёҷ ба даромади пулӣ, бисёр шаҳрвандонеро, ки бо ҳукми додгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд, маҷбур мекунад, ки исми худро дар паспорти тоҷикӣ нав карда, дубора кӯшиши ворид шудан ба Русияро кунанд.

Хадамоти муҳоҷират аз шаҳрвандони Тоҷкистон даъват кардааст, ки “ҳеҷ гоҳ ба ин амал даст назананд”. Масъулин мегӯянд, ки чунин амал ғайриқонунӣ ба ҳисоб рафта, мутобиқи қонунгузориҳои нави Русия, аз моҳи январи соли ҷорӣ афроди қонунро вайронкарда бо чораҳои шадидтар муҷозот мешаванд.

Бо зикри ин масъала, аммо Хадамоти муҳоҷират гуфт, омори афроди бо паспортҳои ҷаълӣ боздоштшударо дар ихтиёр надорад. Бар пояи як гузориши маркази таҳлилии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, беш аз 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон қавонини муҳоҷирати Русияро нақз кардаанд. Ахиран Хадамоти муҳоҷират аз мақомоти Русия дархост кард, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия гуноҳи ночиз кардаанд, гузашт карда, иҷозати вуруди дубораро ба ин қаламрав бидиҳанд.

Мақомоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯянд, ки шумори муҳоҷирони хориҷӣ, ки вориди ин кишвар мешаванд, то рафт афзоиш меёбад. Аз рӯи иттилои онҳо, айни замон дар ин кишвар 10,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ бо кор машғуланд. Аз миёни онҳо, 2,5 миллион шаҳрванди Узбакистон, 1,1 миллион - Тоҷикистон, беш аз 500 ҳазор нафар - шаҳрванди Қирғизистон, 1,3 миллион – аз Украина ва беш аз 500 ҳазор нафар аз Молдова мебошанд.
XS
SM
MD
LG