Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҷавонмарди тоҷик, ки барои наҷоти зани русаш аз ҷавобгарии ҷиноӣ ба афсари пулис ришва доданӣ буд, ду рӯз пеш аз сӯи додгоҳ ба якуним соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербурги Русия шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон Эмомалӣ Сатторовро барои қасди додани пора ба корманди пулис ба якуним соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ Эмомалиро бар асоси қисми сеюми моддаи 291-уми Кодекси ҷиноии Русия ба шахсан додани пора ба шахси мансабдор барои анҷоми амалҳои ғайриқонунӣ гунаҳкор шинохт. Қонунгузории Русия ҳамчунин ҷазо барои чунин амал ҷарима ба маблағи 30 ё 60 маротиба бештар аз ҳаҷми пораи пешниҳодшуда ваё то 8 соли зиндон бо ҷаримаи 30 маротиба бештар аз ҳаҷми пораи пешниҳодшударо пешбинӣ мекунад.

Намояндаи додгоҳи ноҳияи Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додрас аз кирдораш изҳори пушаймонӣ кардану ба хотири наҷоти ҳамсараш даст ба чунин амали ғайриқонунӣ задани Эмомалӣ Сатторовро ба назар гирифта, ба ӯ ҳукми, ба гуфтаи намояндаи додгоҳ, “чунин сабук” дод.

Додгоҳ мегӯяд, ки Эмомалӣ Сатторов рӯзи 3 феврали соли 2016 дар дафтари кори нозири минтақавӣ аз шӯъбаи 51-уми пулиси Петербург ба ин афсари пулис 25 000 рублро ҳамчун ришва пешниҳод кардааст, то ки ӯ ба навбати худ аз кушодани парванда алайҳи дӯстдухтари Эмомалӣ – Наталя Григорчак – даст бикашад.

Наталя Григорчак он замон бар асоси қисми сеюми моддаи 327-уми Кодекси ҷиноии Русия бо иттиҳоми истифодаи санади яқинан сохта таҳти тафтиш қарор дошт.

Аммо баъди додани пора Эмомалӣ Сатторов аз сӯи кормандони пулис дар ҷои ҳодис адастгир шуд.

Намояндаи додгоҳ мегӯяд, ки Эмомалӣ Сатторов дар ҷараёни мурофиа иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо пазируфт ва гуноҳи худро пурра ба гардан гирифт ва изҳори пушаймонӣ кард. Дар ниҳоят, ӯро ба якуним соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардаанд.

Як нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ он аст, ки Наталя Григорчак – дӯстдухтари Эмомалӣ Сатторов, ки ин шаҳрванди тоҷик барои наҷоти вай аз ҷавобгарии ҷиноӣ чунин таваккал карда буд, дар ниҳоят ба пардохти ҷарима ба маблағи ҳамагӣ 5 000 рубл маҳкум шуд. Парвандаи ӯро ҳатто на додгоҳи маъмулӣ, балки додгоҳи ҳакамӣ(мировой суд)-и рағамаи 123-и Петербург баррасӣ кардааст.

Ҳукми Эмомалӣ Сатторов нахустин мавриди бо ҷурми қасди додани пора ба шахсони мансабдор дастгир ва маҳкум шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия нест. Соли гузашта як муҳоҷири тоҷик дар вилояти Твер барои инки дар ҳолати сархушӣ ба нозири минтақавиаш 500 рубл, муодили тақрибан 8 доллар, “пора” додааст, ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

Вақте ин гузориш омода мешуд, Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки як шӯъбааш дар вилояти Калуга алайҳи як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон бо айни иттиҳом - додани пора ба шахси мансабдор барои анҷоми амалҳои ғайриқонунӣ - бар асоси қисми сеюми моддаи 291-уми Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ин ҷавони тоҷик ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 19 июн барои аз ҷавобгарӣ озод кардани духтари шиносаш ба навбатдори шӯъбаи пулиси ноҳияи Медино 5 000 рубл пора додааст. Вале афсари пулис аз гирифтани пора даст кашида, ҷавони тоҷикро ба Кумитаи тафтишот супурдааст.

Духтари шиноси ин ҷавон, ки номаш оварда нашудаасти, ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мушаххасан ба вайрон кардани тартиби будубош дар Русия айбдор мешуд.

Кумитаи тафтишоти вилояти Калуга мегӯяд, ки ҷавони муттаҳам ба қасди додани ришваро бо ҳукми додгоҳ барои ду моҳ ба ҳабс гирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG