Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд баъди даргузашти Ислом Каримов


Истамбул, апрели соли 2016. Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар нишасти СҲИ дар Туркия ҳузур дорад

Истамбул, апрели соли 2016. Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар нишасти СҲИ дар Туркия ҳузур дорад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 17 октябр вориди Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон шуд. Рӯзи сешанбе, 18 октябр дар пойтахти Ӯзбакистон қарор аст ҷаласаи дурӯзаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ баргузор шавад. Манобеи радиои Озодӣ мегӯянд, ки дар ҳошияи нишасти дурӯза мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо вазири хориҷаи Ӯзбакистон Абдулазиз Комилов ва ҳамчунин раҳбарони сиёсатҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ баргузор мешавад.

Мазори Ислом Каримов дар Самарқанд

Мазори Ислом Каримов дар Самарқанд

Ин нахустин ҳамоиши баландпояи байналмилалӣ баъди даргузашти президент Ислом Каримов аст, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Дар меҳвари нишасти созмон – баррасии масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои кишварҳои узв, амнияти минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯоти байналмилалӣ қарор доранд, мегӯяд вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Тафсилоти дидору гуфтугӯҳои вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Тошканд дар идомаи рӯз нашр мешавад.

Мулоқоти Комилов бо дабири кулли СҲИ

Рӯзи 17 октябр дар шаҳри Тошканд вазири хориҷаи Ӯзбакистон Абдулазиз Комилов бо дабири кулли Созмони ҳамкориҳои исломӣ Иёд Амин Маданӣ дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ҳамоиши навбатии вазирони хориҷаи кишварҳои узви СҲИ дар ҳоле баргузор мешавад, ки Ӯзбакистон раҳбарии давраии ин созмонро ба ӯҳда дорад. Дар мулоқот таъкид шуд, ки барои ширкат дар конфронси исломӣ дар Тошканд, вазирони хориҷаи 26 кишвари узви СҲИ, аз ҷумла Афғонистон, Озарбойҷон, Баҳрайн, Яман, Индонезия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркия, Покистон, Арабистони Саъудӣ, Малайзия ва дигарҳо изҳори омодагӣ кардаанд.

Ба эҳтимоли зиёд, дар ҷараёни боздид аз Тошканд мулоқоти Комилов ва Аслов барпо шавад

Ба эҳтимоли зиёд, дар ҷараёни боздид аз Тошканд мулоқоти Комилов ва Аслов барпо шавад

Ғайрат Фозилов, муовини вазири хориҷаи Ӯзбакистон дар нишасти матбуотии рӯзи ҷумъа, 14 октябр дар шаҳри Тошканд гуфт, ки дар маросими кушоиши ин конфронс иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев суханронӣ хоҳад кард.

Дар ҷараёни конфронс тахминан 100 қатънома дар масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву маърифатӣ тасдиқ шуда, худи нишаст бо як эъломияи умумӣ ба анҷом мерасад.

Коршинос: СҲИ натавонист ба созмони таъсиргузори ҷаҳонӣ табдил шавад

Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки дар гузашта исми Созмони конфронси исломиро доштааст, соли 1967 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ таъсис шуд. Ин созмон дар назди СММ мақоми ташкилоти нозирро дорад. Ба узвияти он ҳоло 57 кишвари мусалмоннишин шомил шудааст. Тоҷикистон соли 1992 баъди касби истиқлолият узви ин созмон шуд. Ҳадафҳои он – таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узв, мусоидат дар таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон ва дар кишварҳои исломӣ, амнияти байналмилалӣ ва кӯмаки фарҳангиву маърифатӣ ба кишварҳои узв дар рушду пешрафт аст. 28-29 октябри соли 2014 дар Душанбе нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) баргузор гардид. ​

Коршиноси умури маҳзабӣ Саъдӣ Юсуфӣ мегӯяд, бо ин ки Созмони ҳамкориҳои исломӣ як ташаккули умда ва муҳим дар ҷаҳони Ислом ба шумор меравад, то ҳол натавонист ба як ниҳоди сиёсии муҳиму калидие табдил шавад, ки тавонад дар пешорӯи чолишҳои ҷиддии амниятиву сиёсии ҷаҳон посухгӯ бошад.

“Натавонист, ки ба унвони як созмони қавӣ ва таъсиргузор худро матраҳ кунад. То ҳол дар марҳилаи ибтидоӣ ё муқаддамотии худ қарор дорад. Тавонистааст, ки кишварҳои мусалмоннишинро гирди ҳам орад, вале бо додани изҳори назарҳои муштарак ва эъломияҳо иктифо кардааст. Мазмуни аксари онҳо ҳам маҳкум кардани падидаҳои даҳшатафканиву терроризм аст. Вале то ба ҳол натавонистааст мисли СММ ва дигар созмонҳои фаъоли дигар бошад”.

Саъдии Юсуфӣ мегӯяд, бо ин ки ин созмон ҳаргуна падидаҳои манфиву хатарнок ва ё фаъолияти созмонҳои террористии мисли “Давлати исломӣ”-ро маҳкум мекунад, ҳарфаш дар бисёр ҳолатҳо “бетаъсир аст”. Сабаби ин, ба қавли коршинос, вуҷуди ихтилофҳои сиёсӣ ва ҳам набуди ваҳдати назар дар масоили зиёди байналмилалӣ дар дохили ин созмон - дар миёни аъзои он мебошад.

Дар миёни бонуфузтарин ё таъсиргузортарин аъзоёнаш, ба қавли Саъдии Юсуфӣ, кишварҳое мебошанд, ки аз лиҳози мавқеашон дар сиёсати хориҷии байналмилалӣ бо ҳам ихтилофҳои зиёд доранд, аз ҷумла Арабистони Саъудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия ва Малайзия. “Ин кишварҳо дар созмон мавқеи калидиро ишғол мекунанд, вале ҷои таассуф аст, ки дар чандин масъалаҳои сиёсӣ дучори мушкилоту ихтилофи байниҳамӣ ҳастанд ва ҳамин ихтилофҳо ҳам худи созмонро заъифтар мекунад”.

Коршинос гуфт, вуҷуди СҲИ ба унвони як минбар ё садои кишварҳои исломӣ муҳим аст ва бояд ин созмон дар паи рафъи ин ихтилофҳо бошад, то тавонад дар ҳалли низоъҳои ҷиддии мисли Ховари Миёна саҳмгузор шавад.

XS
SM
MD
LG