Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ироқӣ барои вуруд ба ғарби Мавсил омода мешаванд


Нерӯҳои ироқӣ гуфтанд, ки шарқи Мавсил, дувумин шаҳри бузурги ин кишварро тақрибан аз ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" тоза кардаанд. Абдулваҳҳоб ас-Саъд, яке аз фармондеҳони Артиши Ироқ, ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, интизор меравад, ба зудӣ амалиёти вуруд ба минтақаи ғарбии Мавсил ҳам оғоз шавад. Аммо тахмин зада мешавад, ки замони бозпасгирии ин манотиқ ба далели вуҷуди хиёбону кӯчаҳои борикаш тӯлонитар хоҳад буд. Фармондеҳи дигари ироқӣ Самӣ ал-Аритӣ гуфтааст, барои бозпасгирии ин минтақа стратегияи хос надоранд ва афзудааст, ки нақшаашон дар ҳоли ҳозир фақат иҳота кардан ва мунтазир мондан аст. Фармондеҳи артиши Амрико Ҷозеф Мартин, ки ба нерӯҳои ироқӣ дар бозпасгирии Мавсил кумак мекунад, низ амалиёт дар ғарби Мавсилро мушкилтар хондааст. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, наздик ба 750 ҳазор нафар дар манотиқи ғарбии Мавсил ҳузур доранд. Амалиёти озод кардани шаҳри Мавсил аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" расман моҳи октябри соли гузашта оғоз шуд. Мавсил се сол пеш ба тасарруфи ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" даромада, ҳамчун маркази аслии афроди ин гурӯҳ дар Ироқ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG