Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти амниятии Бадахшони Афғонистон мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» боздошт кардаанд.

Мавлавӣ Абдулмаъруфи Росих, сухангӯи волии Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шахс дар шаҳри Файзобод, маркази маъмурии вилоят аз сӯи кормандони амният ва пулиси Афғонистон боздошт шуда, ҳангоми бозрасӣ иқрор шудааст, ки дастур дошт як раҳбари вилоятро террор кунад.

Ба қавли ӯ, нафари боздоштшуда гуфтааст, ки барои ҷанг бо неруҳои байналмилалӣ ва афғон вориди хоки Афғонистон шуда, дар вилояти Пактиё дар чанд амалиёт ширкат ҳам кардааст. Вай афзуд, ин нафар мехостааст тавассути Бадахшон ба Тоҷикистон рафта, фаъолияти худро дар онҷо идома диҳад.

Сухангӯи волии Бадахшон исми боздоштшуда ва ҳамчунин нафареро, ки гуфта мешавад, ҳадафи сӯиқасд интихоб шуда буд, нагуфт. Аммо як манбаъи наздик ба мақомоти ин вилоят ба Радиои Озодӣ гуфт, ин нафар Миралӣ Охунов ном дошта, зодаи шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон аст ва тақрибан 25 сол дорад. Ба қавли ӯ, Миралӣ Охунов се соли қабл аз Тоҷикистон аввал ба Русия, сипас ба шаҳри Зоҳидони Эрон ва аз он ҷо ба Покистон меравад ва дар Вазиристони шимолӣ тамрини ҳарбӣ мегирад.


Файзобод - маркази Бадахшони Афғонистон

Файзобод - маркази Бадахшони Афғонистон

Бино ба иттилои ин манбаъ, ин узви «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» дар канори ҷодае дар шаҳри Файзободи Афғонистон як минаи ҳидоятшавандаро ҷосозӣ карда, мехост мошини волии вилоят Шоҳвалиюллоҳи Адиб ва ё сарвари Раёсати амнияти Бадахшон Имомуддини Мутмаинро битарконад.

Сухангӯи волии Бадахшон ҳам таъйид кард, ки аз канори ҷодае дар шаҳри Файзобод мақомоти амниятӣ минаеро кашф ва хунсо карда, ҳамчунин як мил рокет ва як туфангчаро ҳам пайдо кардаанд.

Ин бори аввал аст, ки аз боздошти як узви «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» дар Афғонистон иттилоъ пахш шуд. Ин созмон, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон онро аз коршарикони «Ал – Қоида», Толибон ва Ҳаракати исломии Узбакистон мешиносанд, бори аввал аз худ соли 2010 дарак дод. 3 сентябри соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд бинои идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вилояти Суғд аз сӯи маргталабе тарконда шуд ва ба дунболи ин таркиш сомонаи «Кавказ-сентр»-и наздик ба чирикиҳои ҷудоиталаби чечен эълом дошт, ки масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» ба уҳда гирифтааст.


Мулло Абдулло

Мулло Абдулло

19 сентябри соли 2010 дар пайи ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон дар дараи Камароби Рашт 25 сарбозу афсар кушта шуданд ва амалиёти густардае дар ин водӣ аз сӯи неруҳои ҳукуматӣ оғоз ёфт, ки танҳо баъди 8 моҳ, дар моҳи апрели соли 2011 бо кушта шудани Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов), аз фармондеҳони собиқи нирӯҳои мухолифин дар минтақаи Рашт, ба анҷом расид. Он замон расонаҳои давлатии Тоҷикистон низ расман аз мавҷудияти «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» ва кашфи як парчами он дар пинҳонгоҳи Мулло Абдулло ва ёрони ӯ хабар доданд ва Мулло Абдулло фармондеҳи низомии ин созмон ном бурда шуд.

Соли равон вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ эълон кард, ки раҳбари гурӯҳи «Ансоруллоҳ» - Амриддин Табаров, мулаққаб ба Домулло Амриддинро тавассути Интерпол - Пулиси байналмилалӣ - таҳти ҷустуюӯ қарор додаанд. Домулло Амриддин зодаи ноҳияи Нуробод буда, аз онҳоест, ки шароити сулҳи соли 1997 байни давлат ва мухолифини тоҷикро напазируфтанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Домулло Амриддин ҳоло дар Покистон ба сар мебарад. Тибқи иттилоъи расмӣ, то ба ҳол ҳудуди 40 узви «Ҷамоаи Аонсоруллоҳ» дар Тоҷикистон зиндонӣ ҳастанд. Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон расман аз моҳи майи соли 2012 манъ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG