Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои "ноозод"


Мақомоти Тоҷикистон арзёбии "Freedom House"-ро, ки ин кишварро «ноозод» номидааст, ғайривоқеӣ меҳисобанд.

Ахиран ин созмон натиҷаи пажӯҳиш ва санҷишҳои худро дар робита ба вазъи озодиҳо дар саросари ҷаҳон мунташир карда ва Тоҷикистонро ҳамроҳ бо Ӯзбакистон ва Туркманистон кишвари «ғайриозод» шуморидааст. Тоҷикистон бо он, ки ба гурӯҳи кишварҳои “бадтарини бадтаринҳо” шомил шудааст, аз лиҳози озодиҳои сиёсӣ як ва аз лиҳози озодиҳои маданӣ ду радда аз ин кишварҳо болотар баҳогузорӣ шудааст.

"АРЗЁБИИ СОЗМОНИ "ХОНАИ ОЗОДӢ" ДУРУСТ АСТ"

Бино бар арзёбии тозаи созмони "Хонаи озодӣ", Тоҷикистон ҳамоно кишвари “ноозод” боқӣ монда ва дар он ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодиҳои сиёсиву маданӣ таъмин намешавад. «Хонаи Озодӣ», ки пажӯҳиши худро дар фасли сиёсиву маданӣ қисмат мекунад, усули баргузории интихобот,
Саймиддин Дӯстов-масъули созмони иҷтимоии «Индем»

шароити гуногунандешӣ, ширкати ҷомеа дар равандҳои сиёсӣ ва вазъи озодии матбуот дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор додааст.

Аммо назар ва мавқеи масъулин ва намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба ин арзёбӣ аз ҳам фарқ дорад, балки ин назарҳо ба ҳам комилан зид ҳастанд. Барои мисол Саймиддин Дӯстов-масъули созмони иҷтимоии «Индем» бар ин назар аст, ки арзёбии созмони «Хонаи озодӣ» дуруст аст ва ӯ мегӯяд, ки ҳатто дар бархе аз маворид дар ин гузориш воқеиятҳои Тоҷикистон инъикос нашудааст: «Дар Тоҷикистон шароите вуҷуд надорад, ки мардум тавонанд зиндагии худ ва зиндагии ҷомеаро ба таври куллӣ ва вобаста ба иродаи худ дар такя ба қонунгузории ҷорӣ иваз кунанд. Ва низоми идории мавҷуда дар ҳама сатҳҳо кӯшиш мекунад, ки ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандонро поймол кунад. Ин баҳогузорӣ ҳоло ҳам воқеиятҳои дар Тоҷикистон бударо инъикос намекунад.»

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00
Линки мустақим


БАҲОГУЗОРИИ САТҲӢ ВА ҒАЙРИВОҚЕӢ?

Аммо Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд ин гуна баҳогузории созмонҳои ғарбӣ дар бештари маворид сатҳӣ ва ғайривоқеӣ аст. Оқои Шарифов
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон

гуфт, ки ин созмон Тоҷикистонро дар нисбати кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ муқоиса мекунад, ки иштибоҳ аст. Чун Тоҷикистон тоза ба истиқлол даст ёфтааст ва табъан, ки дар як фосилаи кӯтоҳ наметавонад бо онҳо баробар буда бошад: «Он меъёр ва он методикае, ки ин гуна сохторҳои ғарбӣ истифода мебаранд, ба танҳо давлатҳои тараққикардаи ғарб метавонад мутобиқ бошанд. Яъне, ки онҳо Тоҷикистонро бо Шветсия, Финландия ва ё Нидерландия баробар мекунанд. Дар ҳоле, ки ин ду ҷаҳони тамоман дигар аст. Тоҷикистон метавонад яке аз давлатҳои хело ҳам мустаҳкаме, ки рӯ ба рушди демократӣ мондааст, ҳисоб карда шавад.»

МАТБУОТИ "ЭҲТИЁТКОР"-И ТОҶИК

Вале Раҷаби Мирзо аз таҳлилгарони дигар мегӯяд, он чӣ, ки ин созмон дар мавриди мушкилоти озодии баён дар Тоҷикистон гуфтааст беғаразона ва холисона аст. Ба бовари ин таҳлилгари тоҷик, дар ҳоле, ки кишвар худро демократӣ эълон мекунад, риояти арзиш ва аслу меъёри ин низом барои ҳама аз ҷумла ҳукумат низ ҳатмӣ аст. Вале истифода аз фишангҳои мухталифи фишор водор кардааст, ки матбуот «эҳтиёткор»
Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик

бишавад. Ва аз инъикоси басо масоили доғ махсусан масоили сиёсӣ ва фаъолияти ҳукумат парҳез кунад: «Аксарияти он чизҳое, ки дар ин гузориш омадааст, албатта воқеият доранд. Имрӯз агар матбуоти Тоҷикистонро нашавад гуфт, ки то андозае маҳдудият дорад, аммо мешавад гуфт, ки хеле матбуоти «боэҳтиёт» аст. Яъне рисолати аксарияти матбуот ба он равона шудааст, ки худро то рӯзҳои аз ин беҳтар ҳифз кунад.»

Бо ин ҳол ин барои бори аввал ва соли нахуст ҳам нест, ки созмони «Хонаи Озодӣ» Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои ноозоди дунё шомил кардааст. Аммо дар ин гузориш, ин навбат Тоҷикистон бо онки ба гурӯҳи кишварҳои “бадтарини бадтаринҳо” шомил мешавад аз лиҳози озодиҳои сиёсӣ як ва аз лиҳози озодиҳои маданӣ ду радда аз Ӯзбакистон ва Туркманистон болотар баҳогузорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG