Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде ки мошинро бо дандонаш ба ҳаракат медарорад (ВИДЕО)


Иззатуллоҳ Мирзоев
Иззатуллоҳ Мирзоев

Иззатуллоҳ Мирзоеви 24-сола мегӯяд, ки ӯ метавонад бо нирӯи дастонаш то 16 мошинро ба ҳаракат дарорад ва то 100 кило борро бо мӯи сараш бардорад.

Иззатуллоҳ Мирзоев, ҷавони 24-сола аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо истеъдоди фавқулоддаи худ дар байни мардум ном баровардааст. Ӯ метавонад бо қувваи дандонҳояш якбора чанд автомобилро кашад. Мӯи сараш мадори бардоштани то 100 кило борро дорад ва ҳамин тавр, бо мӯи сараш як одамро озодона бардошта метавонад.

Тавре худи ӯ мегӯяд, то 16 автомобилро бо миёнаш аз як ҷониб ба ҷониби дигар кашонидааст. Ӯ мегӯяд, аз ҳунари худ боварӣ дорад, аммо набудани сарпараст боис гаштааст, ки наметавонад берун аз Тоҷикистон ҳам маҳораташро нишон диҳад.

Иззатуллоҳ дорбоз нест. Ӯ як муҳоҷири корист, ки феълан дар Тоҷикистон қарор дорад ва боз мехоҳад барои пулкоркунӣ ба Русия сафар кунад.

Иззатуллоҳ ҳамчунин дорои истеъдодҳои дигари наҷиб низ мебошад. Ӯ метавонад лампаи муқаррариро ба истилоҳ “нӯши ҷон” кунад. Мегӯяд, меъдааш тавони ҳал кардани санги 12 миллиметриро дорад.

Иззатуллоҳ Мирзоев аз хурдӣ ҳаваси актёр шуданро доштааст. Мехоҳад дар филмҳои Болливуд нақшофарӣ кунад. Ӯ дар чандин филмҳои тоҷикӣ нақшҳои хурдеро иҷро кардааст.

Навори видеоии ҳунарҳои Иззатуллоҳ дар саҳифаи Озодивидео дар Ютюб:

https://www.youtube.com/watch?v=PYCzWrGeJPs&feature=youtu.be

XS
SM
MD
LG