Пайвандҳои дастрасӣ

Қазияи симоб ва гаравгонгирии қирғизҳо таҳқиқ мешавад


Марзи Исфара (Тоҷикистон) ва Боткан (Қирғизистон)

Марзи Исфара (Тоҷикистон) ва Боткан (Қирғизистон)

Ҳанӯз шахсияти боздоштшудаҳо ва миқдори симоби мусодирашуда маълум нест.

Мақомоти интизомии Суғд мегӯянд, дар Исфара ба таҳқиқи ҳодисаи боздошти 3 шаҳрванди қирғиз вақти интиқоли симоб ва гаравгонгирии гурӯҳи тоҷикон аз ҷониби қирғизҳои Бодканд машғуланд.

Мирзонаим Муртазоев, сардори ситоди идораи корҳои дохилии Суғд дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле ки қазия мавриди бозомӯзӣ ва маводи мусодира дар ташхис қарор дорад, дар бораи шахсияти боздоштшудаҳо ва миқдори симоби мусодирашуда чизе гуфта наметавонад.

Аммо вай таъкид кард, ки ҳодисаҳои боздошти се сокини Бодканд зимни интиқоли симоб ва гаравгонгирии гурӯҳи сокинони Исфара ба думболи боздошти онҳо аз ҷониби пайвандони қирғизҳои боздоштшуда дар бозори наздимарзии деҳаи Қарабоғ, ҳаммарз бо деҳаи Лаққон ба ҳам рабте надоранд.

Вале ба гуфтаи мақомоти вилояти Бодканд, 3 шаҳрванди Қирғизистон аз ин минтақаро кормандони интизомии тоҷик шоми 20-уми июн бо 30 кило симоби сурх дастгир карданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабарҳои расида аз Исфара, мақомоти корҳои дохилии Исфара баъди нимрӯзи 22-юми июн ҳама нафарони дар «асорат»-и қирғизҳо раҳошударо ҷиҳати бозпурсӣ даъват кардааст.

Як милисаи Исфара бе зикри номаш гуфт, гаравгонҳо аз он пурсида хоҳанд шуд, ки ҳодиса чӣ тавр сурат гирифта, гаравгонгирифтаҳо бо онҳо чӣ тавр муомала кардаанд.

Зиёда Маллаева, як сокини деҳаи Лаққони Исфара ба Озодӣ гуфт, шавҳараш Акбаралӣ соатҳои 11–и шаби гузаштаи 21 июн аз Бодканд баргашта буд ва акнун ӯро барои бозпурсӣ ва таҳқиқи ҳодиса ба идораи корҳои дохилии рақами 1 – и Исфара бурдаанд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки тақрибан 200 сокини шаҳри Боткан ба нишони эътироз аз боздошт шудани шаҳрвандони Қирғизистон эътироз карданд. Онҳо талаби озод ва ба Қирғизистон баргардонида шудани ҳамватанони худро пеш гузоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG