Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи амалиёти махсус алайҳи аъзои ҲИУ дар Суғд


Шариф Назаров, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд
Шариф Назаров, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд

Сардори Раёсати умури дохилии Суғд гуфт, амалиёт барои боздошти афроди мусаллаҳ дар Мастчоҳу Конибодом идома дорад.

Шариф Назаров, сардори Раёсати умури дохилии Суғд, ки рӯзи 16-уми январ дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, амалиёти махсус барои боздошти афроди мусаллаҳ, аз ҷумла аъзо ва ҷонибдорони Ҷунбиши исломии Узбакистон дар ин вилоят идома дорад.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ахиран дар ноҳияи Мастчоҳ шаш нафар ба гумони узвият ва ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шуда, ҳамла ва куштори афсари пулис дар Конибодом (14-уми январ) низ кори дасти аъзои эҳтимолии ин ҷунбиш аст.

Ҷаноби Назаров гуфт, аз шаш нафаре, ки дар ноҳияи Мастчоҳ боздошт шудаанд, се нафарашон узви Ҷунбиши исломии Узбакистон буда, се нафари дигар ба онҳо кӯмак мекардаанд. Амалиёт барои боздошти ин афрод рӯзи 9 ба 10-уми январ дар Мастчоҳ оғоз ёфта буд. Мақомот гуфтанд, ки дар пайи боздошти ин афрод як корманди пулис ҷароҳат бардоштааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Шариф Назаров аз ифшои ному насаби афроди боздоштшуда дар Мастчоҳ худдорӣ кард. Зеро ба гуфтаи ӯ, амалиёт идома дорад ва метавонад ба кори онҳо халал ворид кунад. Сардори Раёсати умури дохилии Суғд дар мавриди ҳодисаи куштори як афсари пулис дар Конибодом низ изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, шахсияти ҳамлагарон ба нозирони роҳ муайян шуда, дар пайи амалиёти боздошт як тани онҳо нобуд ва дигарӣ фирор намудааст. Ҳамон тавре генерал Назаров афзуд, аз ин афрод ду туфангча ва баъзе муҳимоти ҷангӣ, инчунин адабиёти тарғиботии динӣ, дарёфт шудааст. Аз ин пеш, Шариф Қурбонов, додситони Суғд, гуфта буд, ки ҳамла ва куштори афсари тоҷик дар шаҳри Конибодом кори дасти аъзои эҳтимолии Ҳаракати исломии Узбакистон аст.

Ба қавли ӯ, "рӯзи 14 -уми январ ба нозирони роҳ дар шаҳри Конибодом афроде ҳамла овардаанд, ки қаблан бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии Ҳаракати исломии Узбакистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд." Дар тавзеҳи ҳодиса навбатдори Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Конибодом гуфт, нозирони милиса нисфирӯзии 14 -уми январ як мошини тамғаи "Опел Астра"- ро барои тафтиши аснод нигаҳ доштаанд ва чун ронанда асноди лозимаро надоштааст, хостаанд, бо таҳияи ёддошт дар бораи қонуншиканӣ мошини онҳоро ба майдони ҷаримавӣ бубаранд. Аммо ронандаи мошин ва ҳамроҳаш ба нозирони милиса муқовимати мусаллаҳона нишон дода ва ба сӯи онҳо тир андохтаанд. Як афсари милиса дар ҷойи ҳодиса ҷон дода ва дигариро бо захми тир ба бемористон бурдаанд. Ба қавли навбатдори милиса, яке аз нозирон аз сараш ва дувумӣ аз шонааш тир хӯрдааст.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи генерал Шариф Назаров, дар соли гузаштаи 2012 нисбат ба 72 сокини Суғд 11 парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми мансубият ба Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҳизби Таҳрир боз шуда, аз сӯи додгоҳҳо ба зиндон фиристода шудаанд.
Вай афзуд, амалиёти мақомоти интизомӣ дар Суғд барои боздошти гурӯҳи мансуб ба афроди мусаллаҳ, ки дар Мастчоҳу Конибодом бо пулис муқовимати мусаллаҳона карданд, идома дорад.
XS
SM
MD
LG