Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллионҳо рубл зиёни тоҷикҳо аз сӯхтор дар 2 бозори Қазон


Яке аз бозорҳои шаҳри Қазон.
Яке аз бозорҳои шаҳри Қазон.

Рӯзи 13 октябр дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии мухтори Тотористон дар бозори "Витраус", ё “Ветнамбозор” сӯхтори бузург ба амал омад. Як рӯз аз он пеш бозори Дулкин” дар пойтахти Тотористон низ ба коми оташ рафта буд.

Додситони ҷумҳурии Тотористони Русия Илдус Нафиқов дар пайи сӯхтор дар ду бозори бузурги пойтахтин ин ҷумҳурии мухтор, шаҳри Қазон ҷиҳати тафтиши ғайринақшавии чораҳои амнияти зиддисӯхтор дар бозорҳои шаҳр амр додааст.

Сӯхтори рӯзи 12 октябр дар бозори “Дулкин”, воқеъ дар ноҳияи Авиастроителнийи шаҳри Қазон 2400 метри мураббаъ ва сӯхтори фардояш, 13 октябр дар бозори “Витарус”, маъруф ба “бозори ветнамиҳо”, дар кӯчаи Журналистон дар ноҳияи Совети пойтахти Тотористон 4 800 метри мураббаъ масоҳати бозор бо дӯконҳо ва молҳои соҳибкоронаш ба коми оташ рафтааст. Дар ин бозорҳо асосан молҳои саноатӣ фурӯхта мешуд ва дар ҳарду даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон низ кор мекарданд.

Сӯхтор дар "Ветнамбозор"-и Қазон масоҳати тақрибан 4 ҳазору 600 метри мураббаъро фаро гирифт. Мошинҳои сӯхторнишон беш аз 5-у ним соат сӯхторро хомӯш карданд. То ҳол зарари ворида маълум нашудааст, вале дар ин бозор шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд.

Дар мусоҳибае бо Ҳикматулло Гадоев - раиси ҷамъияти фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Қазон пурсидам, оё шумораи тоҷиконе, ки дар бозори “Ветнамбозор” кор мекарданд ва бо тиҷорат машғул буданд, маълум аст?

Гадоев: Дар бозори "Ветнамский" зиёда аз 200 нафар мардуми тоҷик кор мекарданд. Нуқтаҳои фурӯш ва тиҷорати хеле хуб доштанд. Ҳамин 200 нафар тоҷирони тоҷик зарари моддӣ диданд.

Озодӣ: Оё ононе низ ҳастанд, ки молу колои худро бо дӯкони худ комилан аз даст дода бошанд?

Гадоев: Бале, сад дарсад ҳамаи тоҷикон молу колои худро аз даст доданд. Касе моли худро бароварда натавонист ва ҳамаашон моли худро бохтанд. Худи ман ҳам дар он ҷо нуқтаҳои савдо доштам. Мағозаҳои ман тақрибан 100 метри мураббаъро ташкил мекард. Аз он ҷо мо чизе нагирифтем. Ҳамааш сӯхт.

Озодӣ: Шумо тақрибан гуфта метавонед, ки аз ин сӯхтор ба чӣ маблағе зарар дидед?

Гадоев: Агар бо пулҳои русӣ ҳисоб кунем, ман танҳо худам то 5 миллион рубл зарар дидам, аз моли шахсии худам.

Озодӣ: Зарари 200 нафари дигаре ки дар бозор кор мекунанд, тақрибан чӣ қадар хоҳад буд?

Гадоев: Мумкин аст 500 то 600 миллион рубли русиро ташкил диҳад.

Озодӣ: Оё сабабҳои сӯхторро ошкор кардаанд, ки чӣ тарз ба амал омадааст?

Гадоев: То ҳол тафтишот идома дорад ва дақиқ сабабҳояшро нагуфтаанд. Лекин конкурентҳо, рақибон зиёданд, бозорҳои дигар кушодаанд. Метавон гуфт, ки ҳамонҳо ташкил кардаанд, чунки ин бори аввал нест. Дар ҳамин бозор бори дуввум сӯхтор ба амал меояд.

Озодӣ: Шумо гурӯҳҳои харобкорро дар назар доред ва онҳо чунин корҳоро анҷом медиҳанд?

Гадоев: Бале, бале. Ин гуна гурӯҳҳо ҳастанд. Дар бозор камераҳои назоратӣ гузошта шудаанд. Наворҳоро ҳам тафтиш мекунанд. То қадри имкон ин наворҳо шояд сабаби сӯхторро ошкор кунанд.

Озодӣ: Оё умедвор шудан мумкин аст, ки агар сабаби сӯхтор ба идораву муассисаҳо дахл дошта бошад, онҳо зарари пешомадаро то андозае ҷуброн мекунанд?

Гадоев: Ду сол пеш дар бозор сӯхтор ба амал омад, дӯкондорон ба мақомоти болоии давлативу ҳукуматӣ шикоят карданд, даву тоз карданд, вале касе ёрдам накард. Ин ҳам ҳамин тавр аст. Ҳеҷ кас аз мақомоти давлатӣ ё раҳбарияти бозор ба мо ёрдам намекунад. На танҳо ба мардуми тоҷик, балки ба мардуми маҳаллие, ки дар ин ҷо кор мекунанд.

Озодӣ: Вале тоҷирон метавонанд дӯконҳо ё мағозаҳои худро барқарор кунанд ва дубора ба фаъолияти тиҷоратии худ идома диҳанд?

Гадоев: Ҳоло мо бо раҳбарияти бозор сӯҳбат кардем ва пурсидем, ки мардуми зарардида ҷои кор надоранд Онҳо чӣ кор мекунанд? Раҳбарони бозор гуфтанд, ки дар гирду атрофи бозор ҷойҳои холӣ ҳаст. Фақат иҷозаи шаҳрдорӣ зарур аст. Агар онҳо иҷоза диҳанд, муваққатан дар он ҷойҳо контенер монда тиҷораташонро идома дода метавонанд. Вале то ҳол иҷоза нест. Дари бозор ҳам баста аст.

Озодӣ: Дар Қазон 12 октябр ҳам як бозор бо номи “Караваево” сӯхтааст. Оё дар он ҷо ҳам тоҷирони тоҷик буданд?

Гадоев: Не, дар он ҷо тоҷирони тоҷик набуданд ва нуқтаҳои савдо ҳам надоранд.

XS
SM
MD
LG