Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамҷинсгароёни тоҷик мехоҳанд, дар хориҷа паноҳ ёбанд (ВИДЕО)


Рустам, ҳамҷинсгарои тоҷик
Рустам, ҳамҷинсгарои тоҷик

Чанде аз ҳамҷинсгароёни тоҷик бо назардошти вазъи сангини худ дар Тоҷикистон, мегӯянд, қасди дарёфти паноҳандагӣ дар кишварҳои Ғарбиро доранд.

Шаҳноза, як ҷавонзани 24-солаи ҳамҷинсгаро, ки аз гуфтани насабаш худдорӣ кард, 16-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як моҳ пеш барои паноҳҷӯӣ ба чанд созмони ҷаҳонии ҳомии ҳамҷинсгароён муроҷиат карда, аммо ҳанӯз посухи дақиқе нагирифтааст. Вай меафзояд, дар Тоҷикистон ҳамеша худро зери хатар ҳис мекунад ва зиндагияш тоқатфарсост. Барои "як зиндагии озодона" Шаҳноза ба созмонҳои ҳомии ҳамҷинсгароён дар Швейтсария, Тайланд ва Олмон муроҷиат карда, умедвор аст, ки яке аз онҳо барояш кӯмак хоҳад кард.

Рустам, як ҳамҷинсгарои 22-солаи дигар мегӯяд чанд рафиқаш дар Канада ва Олмон паноҳандагӣ гирифтаанд ва ӯ низ ин тасмимро дорад, аммо ҳанӯз интихоб накардааст, ки ба кадом кишвар равад. Зеро ба қавли ин ҷавони ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон муносибати атрофиён хеле сахт буда, агар ҳар касе огоҳ шавад, ки вай ҳамҷинсгарост, ҳатман таҳқираш мекунанд. Ба гуфтаи Рустам, одамон ҳатто ба тарзи пӯшидани либосу ороиши сару абрӯвонаш низ зиёд эрод мегиранд. Чанде пеш дар яке аз кӯчаҳои Душанбе гурӯҳи ҷавонон ӯро таҳқир кардаву кор ба латукӯб наздик омада буд ва агар мудохилаи раҳгузарон намебуд, он ҷавонон мехостанд, Рустамро лату кӯб кунанд.

Талоши фирор аз Тоҷикистон, ба гуфтаи ҳарду ҳамсӯҳбати мо, як амри маҷбурист ва аз беилоҷӣ пеш омадааст. Шаҳноза мегӯяд, дар ҳар корхонае, ки кор мекард, бо мушкил рӯбарӯ мешуд, зеро вақте ҳамкоронаш мефаҳмиданд, ки ҳамҷинсгарост, дафъатан муносибаташон дигар мешуд. Баъзеҳо ба ӯ бо кароҳат менигаристанд ва бархи дигар ошкоро таҳкираш мекарданд ва пасташ мезаданд. Ба ин сабаб вай дар ду соли охир панҷ бор ҷойи корашро иваз кард ва ниҳоят тамоман аз кор даст кашид. Шаҳноза ҳоло бо чанд созмони байнулмилалӣ, ки дар Тоҷикистон бо ҳамҷинсгароҳо кор мекунанд, ҳамкорӣ доранд. Вай дар чанд ҳамоише бахшида ба ҳимояи ҳуқуқи ин гурӯҳи одамон ширкат кардааст ва мегӯяд барои ширкат дар семинарҳо ба чанд кишвари хориҷӣ низ сафар намуда, пешниҳоди гирифтани паноҳҷӯӣ низ маҳз дар сафарҳо пайдо шудааст.

Шаҳноза мегӯяд: “Созмонҳои ҳомии ҳамҷинсгароён аввал моро ба дигар кишварҳо даъват карда, дақиқ мекунанд, ки мо воқеан ҳамин тавр ҳастем ё не. Меомӯзонанд, ки чӣ гуна худамонро аз бемориҳо эмин нигоҳ дорем. Баъдаш пешниҳод мекунанд, ки агар дар Ватани худат кор кардан хоҳӣ, онҳо кӯмаки молӣ мерасонанд. Ҷои кор низ пайдо мекунанд. Аммо агар нахоҳӣ, аз Ватанат даст мекашӣ ва баъдан туро чун паноҳҷӯ дар кишварҳои хориҷӣ ба қайд мегиранд.”

Модари Шаҳноза аз ҳамҷинсгаро будани духтараш огоҳ аст, аммо ба хотири беобрӯ нашудани хонаводаашон ин воқеиятро ба рози хонаводагӣ табдил додааст. Дар танҳоӣ сарзанишаш мекунад, вале дар байни аҳли хонавода касеро имкон намедиҳад, ки ба қавле касе “аз биннӣ боло” бо ӯ гап занад.

Ба нақли ин ҷавонзан, ӯ 6 сол пеш оиладор шуда, баъди чанд моҳи хонадорӣ шавҳараш дар садамаи нақлиётӣ даргузашт. Баъди марги шавҳар вай барои кор ба Душанбе омада, дар хонаи иҷора ҳамроҳ бо ду зани ҳамҷинсгаро зиндагӣ мекунад, ки ӯро низ ба ин роҳ мебаранд. Шаҳноза мегӯяд, чанде аз шиносҳои ҳамҷинсгарояш низ зимни сахтии вазъашон дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба як созмоне дар Лондон муроҷиат кардаанд, ки ба ҳамҷинсгароёни форсизабон дар Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон кӯмак мерасондааст.

Шикояти ҳамҷинсгаро аз душвориҳо дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:28 0:00

Рустам мегӯяд, вай қаблан дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебурд, ки баъди хатми мактаб барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳояш ба Тоҷикистон омад. Ҳоло волидонаш дар Маскав зиндагӣ доранд ва ӯ дар Душанбе танҳост.

Ба нақли Рустам, вай ҳанӯз аз замони мактабхонияш, ки 14 сол дошт, бо як ҳамсинфаш алоқаашро сар карда, дигар дубора ба зиндагии оддӣ баргашта натавонист. Рустам мегӯяд, мехоҳад, ба зиндагии оддӣ баргардад, ва мисли мардони дигар оила ва фарзан дошта бошад, аммо талошҳояш натиҷа надордаанд. Муҳаббати чанд марде дар дилаш ҷой шудааст, ки дур кардани он барояш ғайриимкон менамояд. Бо ин далел мегӯяд, Худо медонад ба зиндагии солим дубора баргашта метавонад ё не.

Рустам мегӯяд: “Дар Русия ҳеҷ мушкил надоштам. Хело озод будам. Дар Қазоқистон ҳам як муддат зиндагӣ кардам. Он ҷо низ таҳқир намешудам. Дубора мехоҳам ҳадди ақал ба Русия равам, аммо наметавонам, зеро он ҷо дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ мушкил зиёд аст. Бино бар ин мехоҳам, ҷое равам, ки касе кордорам нашавад. Озодона ҳам кор кунам ва ҳам зиндагӣ.”

Мавзӯи ҳамҷинсгароӣ дар Тоҷикистон як мавзӯи ҳассос ва баҳсбарангез аст, ки аксари аҳолии кишвар ин қишри ҷомеаро хуш надоранд. Бинобар ин ҳамҷинсгароён ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи ин гурӯҳи одамон аз эҳтиёт кор мегиранд. Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон муносибати ҷомеа ба ҳамҷинсгароён як шохиси сатҳи таҳаммулпазирии ин ҷомеаҳо шумурда мешавад.

Масъули яке аз созмонҳо, ки нахост, аз ӯ ном бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, бино бар як пажӯҳиш миёни чандсад ҳамҷинсгаро дақиқ кардаанд, ки 60 дарсади онҳо наврасону ҷавонони то синни 25-солаанд. Дар соли гузашта низ мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти бештар аз 300 ҳамҷинсгаро хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG