Пайвандҳои дастрасӣ

Диловар Сафаров дар деворҳои утоқи худ дар хобгоҳи Донишкадаи санъати Тоҷикистон акси парчами бузурги Тоҷикистонро наққошӣ кардааст. Ӯ донишҷӯи соли сеюми ин донишкада аст ва мегӯяд, ки қабл аз таъмири утоқаш тасмим гирифт ва ба ҷои рангубор, акси парчами миллиро наққошӣ кард. Аммо барои ин кор аз касе иҷозат напурсид.

Идеяи наққошии Парчами миллӣ дар деворҳои утоқи хобгоҳ пас аз он ба сари Диловар омад, ки таблиғи рамзҳои давлатӣ, хусусан Парчами миллӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа рӯ ба афзоиш аст. Тасвири Парчами миллӣ дар деворҳои утоқ барои теъдоде аз донишҷӯён низ мақбул афтод ва онҳо низ тасмим гирифтанд мавриди таъмири навбатӣ утоқи худро бо Парчами миллӣ мунаққаш кунанд.

Ин иқдоми Диловар дар ҳоле анҷом шуд, ки парлумони Тоҷикистон низ бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" овехтани парчам дар манзили сокинон ва дигар иншоотро қонунӣ кард.

Мавзуна Шарофиддинова, вакилили маҷлиси намояндагон зимни муаррифии тағйирот ба "Қонун дар бораи рамзҳои давлатии Торҷикистон" гуфт, қаблан насб кардани Парчами миллӣ дар манзили сокинон мамнӯъ набуд, аммо бо ин тағйирот, ин кор қонунӣ шуд. Ва ба қавли ӯ, қонунӣ кардани насби Парчами миллӣ дар манзили сокинон, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ аст ва тарғиби ватандӯстӣ дар байни мардум аст.

То кунун парчами миллии Тоҷикистон дар болоии иншооти корхонаву идораҳои давлатӣ ва дохили нақлиёт ба назар мерасид. Аммо дар манзили сокинон Парчами миллӣ овезон набуд ва маълум нест, ки дар оянда роиҷ мешавад, ё на.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG