Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

О.Бобоназарова: "Ҳазорҳо зан дар ҷанги дохилӣ озори ҷинсӣ дидаанд"


Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик гуфт, ҳазорон зани тоҷик дар замони ҷанги шаҳрвандӣ мавриди таҷовузи чинсӣ қарор гирифтаанд, аммо онҳо намехоҳанд то ин қазияро ошкор кунанд.

«Ҳазорон зани тоҷик замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон озори ҷинсӣ дидаанд, вале ҳеҷ зане қазияи ба сараш омадаро ошкор кардан намехоҳад».

Бо зикри ин нукта Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик рӯзи чоршанбе, 11-уми июн дар ҳамоише зери унвони "Ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ дар даврони ҷанг" гуфт, ҳарчанд, дар мавриди озори ҷинсӣ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон пажӯҳише анҷом нашудааст, вале худи вай шоҳиди даҳҳо ҳолати озори ҷинсии занони тоҷик будааст.

Ин ҳуқуқдони тоҷик ҳатто аз як ҳодисае ёд овад, ки дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон як духтарро афроди марбут ба фармондеҳ С. мехостанд, таҷовуз кунанд, вале ин духтар худашро аз қабати 12-уми бино ба зер андохт.

Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, хушбахтона, ин духтар зинда монда ва ҳоло ҳамчун пизишк кор мекунад. Аммо ҳарчанд он замон таҷовуз нашудааст, вале то ҳол аз пайомади ин ҳодиса натавонистааст, шавҳар кунад. Чун ба гуфтаи ҳуқуқдони тоҷик, ҳар касе ба гузаштаи ин зан таваҷҷӯҳ мекунад, зери бори шубҳа мемонад, ки мабодо зан он замон таҷовуз шуда бошад.

Доғе, ки ба рӯйи номи қурбониёни озори ҷинсӣ ҷовидона меафтад, сабаби он шудааст, ки чунин занон намехоҳанд, воқеаҳои гузаштаро фош кунанд ва хостори ҷазои гунаҳкорон шаванд. Ин аст, ки шумораи чунин занон ва вазъи имрӯзаи онҳо маълум нест. Дар бисёр кишварҳое, ки дастхуши ҷангу нооромӣ шудаанд, қурбониёни озори ҷинсӣ зери ҳимояти давлат қарор доранд.

Ойниҳол Бобоназарова, аз ҷумла Боснияро мисол овард, ки низ мисли Тоҷикистон таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро дорад. Дар Босния қонуни вижае қабул шуда, давлат ба қурбониёни озори ҷинсии замони ҷанг кӯмак мекунад. Аммо дар Тоҷикистон ба чунин занон ҳеҷ гуна имдоди молӣ ва маънавӣ расонда намешавад.

Ширкаткунандаи дигари ин ҳамоиш, Гулрухсор Сафиева, шоираи тоҷик гуфт, ӯ ҳам бо даҳҳо зане ҳамсӯҳбат шудааст, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ озори ҷинсӣ дидаанд. Шоири маъруфи тоҷик саргузашти чанде аз он занонро дар китоби «Зан ва ҷанг» нашр кардааст. Вай афзуд, дар ин китоб ҳолате ҳаст, ки ҳатто зани ҳомиларо таҷовуз мекунанд ва кӯдак дар батни модараш мефавтад.

«Номардон ба рӯяшон ниқоб кашида, барои таҷовузи зани рақибашон омаданд. Тифл дар батни модар дасту по мезанад, мисле, ки мехоҳад, модарашро наҷот диҳад. Аммо дар ниҳоят аз дасту по задан мемонад ва дар батни модар мемирад. Ин дар бораи як духтари рӯҳониест, ки баъдан фоҳиша мешавад.»


Ин шоира гуфт, агар таҷовуз шудани зане, ки барои наздикони ӯ ошкор мешуд, ӯ радди маърака мегашт. Ба гуфтаи ӯ, духтаронро волидайн ва занҳоро шавҳарон бо ибораи ин ки «ҳаром шудааст ва шаъни онҳо паст шудааст» дигар намепазируфтанд. Ин вазъ озори дуҷониба ба занҳои тоҷик замони ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Дар ҳамин ҳол, Ричард Вуд, муовини сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон, ки масъули баргузории ин чорабинӣ буд, гуфт, қарор аст, дар Лондон дар робита ба мавзӯъи «Озори ҷинсии занҳо дар замони ҷанг» конфронси байналмилалӣ баргузор шавад ва аҳволи занҳои озордидаи ҷанги Тоҷикистон низ дар он баррасӣ гардад.

«Тамоми сафирони Британия аз тамоми дунё дар ин конфронс ҷамъ мешаванд ва ин мавзӯро баррасӣ мекунанд. Ин мавзӯъ дар маҷмӯъ баррасӣ мешавад, ки чи гуна озори ҷинсии занҳо ва шиканҷа коҳиш дода шавад. Ҳоло қонуне, ки дар Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз озори ҷинсии занҳои тоҷик қабул шудааст, фикр мекунам, қонуни хуб аст. Фикр мекунам, ин қонун агар хуб амал кунад, минбаъд озори ҷинсии занон коҳиш меёбад.»

Маърифат Шокирова, масъули Кумитаи кор бо занон гуфт, онҳо ҳеҷ оморе надоранд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ чӣ шуморе аз занони тоҷик озори ҷинсӣ дидаанд. Аммо ӯ гуфт, дар марказҳои «Дастгирии ҳуқуқӣ»-и онҳо гоҳо чунин занҳо хеле эҳтиёткорона муроҷиат мекунанд, вале намехоҳанд, дар бораи мушкили гузаштаи худ сӯҳбат кунанд.

«Мо омори дақиқ надорем, вале шумораи чунин занҳо зиёд аст. Онҳо ҳодисаҳои омада ба сари худро фаромӯш накарда бошанд ҳам, аммо намехоҳанд, дигар дар он бора сӯҳбат кунанд. Фақат баъзан онҳое муроҷиат мекунанд, ки ба тозагӣ озор дидаанд.»

Ҳамоиши "Ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ дар даврони ҷанг" ба ибтикори сафорати Британия дар шаҳри Душанбе ва дар дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузор шуда, созмондиҳандагони он гуфтаанд, ҳадафи онҳо аз матраҳ кардани мавзӯи озори ҷинсии занон дар даврони муноқишаҳо дарёфти роҳҳои имдод ба онҳост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG