Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Соҳил": Озори ҷинсии кӯдакон мушкили "бесару садо" нест


Дар Покистон соли гузашта ҳодисаҳои хушунати ҷинсӣ алайҳи кӯдакон 20 дар сад афзоиш ёфтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, аммо ин маънои амиқтар шудани мушкилро надорад - 3861 ҳодисаи озори ҷинсии кӯдакон, ки соли 2012 сабт шудааст, аз нигоҳи онҳо, баёнгари огаҳии бештари ҷомеъа ва омодагии мардум барои дар бораи ин ҳодисаҳо хабар додан аст.

“Соҳил”, як созмони ғайриҳукуматӣ, ки аз соли 1996 ба ин сӯ бо нақзи ҳуқуқҳои атфол дар Покистон мубориза мебарад, ахиран гузориши солонаашро оид ба озори ҷинсии кӯдакон нашр кард. Манизо Бано, як масъули ин созмон, дар сӯҳбат бо Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки омори ахир аз боло рафтани иттилоърасонӣ дар бораи ин ҷиноят дарак медиҳад. “Солҳои пеш ин як мушкили “бесару садо” буд, аммо ҳоло дар одамон ҷасорати дар ин бора хабар додан пайдо шудааст”, мегӯяд ӯ.

Хонум Бано меафзояд, ки дар Покистон ҳамарӯза то 10 кӯдак мавриди озори ҷинсӣ қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, маъракаҳои иттилоотӣ, таваҷҷуҳи расонаҳои хабарӣ ва мурофиаҳои додгоҳӣ ҳокиянд, ки ин маъзӯъ дар Покистон дигар мамнӯъ нест. Моҳи сентябри соли равон як ҳодисаи таҷовуз ба номуси писараки чаҳорсола
додгоҳи вилояти Панҷобро маҷбур сохт, ки аз полис пайгирии ҳодисаро тақозо намояд. Парвандаи ҷиноӣ баъд аз он ифтитоҳ шуд, ки падари писарак ба расонаҳо аз таҷовуз шудани писараш аз сӯи мудир ва дарбони як мактаби хусусӣ дар Лоҳур хабар дод. Ӯ ба нашрияҳои маҳаллӣ гуфт, ки писарашро баъд аз таҷовузи эҳтимолӣ дар як утоқи баста беҳуш пайдо карданд. Рӯзи 8 ноябр додраси Додгоҳи Олӣ Умар Ата Бандиёл амр кард, ки додгоҳи маҳаллӣ аз сӯи полис тафтиш шудани ин ҳодисаро пайгирӣ кунад ва аз натиҷааш гузориши муфассал диҳад.

Хонум Бано, масъули созмони “Соҳил” мегӯяд, ҳоло додрасҳо барои афроди муҷрим дар озори ҷинсии кӯдакон ҳабси абад ва ҳатто ҳукми эъдомро талаб мекунанд, ки ин як падидаи мусбат дар тафтиши чунин парвандаҳо маҳсуб мешавад.

Самар Миналлоҳ, ҳомии ҳуқуқи башар ва таҳиягари филмҳои мустанад ҳам изҳор намуд, ки солҳои ахир афкори умум дар мавриди хушунати ҷинсӣ алайҳи кӯдакон тағйир ёфтааст. Ӯ мегӯяд, “ҳоло мардум ҳарчӣ бештар дарк мекунанд, ки озор ҷинсии кӯдакон ин мушкили хусусӣ нест, ин ҷиноят аст ва мо метавонем аз дигарон кӯмак хоҳем”.

Бар пояи гузориши солонаи созмони “Соҳил”, аз шумораи умумии кӯдакони соли гузашта мавриди хушунат қароргирифта 71 дар сад духтаракон ва 29 дар сад писарҳо будаанд. 52 дар сади ҷиноятҳо дар деҳот ва 48 дар сад дар шаҳрҳо содир шудаанд. Аз ҳама бештар – тақрибан 68 дар сади далелҳои хушунати ҷинсӣ алайҳи кӯдаконро дар вилояти Панҷоб ба қайд гирифтаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар кормандони ҳифзи тартиботро дар он айбдор мекунанд, ки ҳимояти кӯдаконро таъмин накардаанд ва ба хонаводаҳои қурбониёни хушунати ҷинсӣ ёрӣ намерасонанд. Шӯрои идеологии исломӣ, як ниҳоди давлатӣ, ки то куҷо шариат мутобиқ будани қавонини Покистонро назорат мекунанд, барои он мавриди танқид қарор гирифт, ки барои таҳқиқи мавзӯи хушунати ҷинсӣ алайҳи кӯдакон овардани чаҳор шоҳиди ҳодисаро тақозо дорад. Ҳаниф Панизай, раиси бахши Ҷамъияти дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон дар вилояти Балуҷистон мегӯяд, қавонин барои боздошти муҷримон дар хушунати ҷинсӣ сахт нестанд. Ба гуфтаи ӯ, “занону кӯдакон – осебпазиртарин қишри ҷомеъаанд ва ба осонӣ мавриди озору хушунат қарор мегиранд. Ниҳодҳои ҳифзи қонун тартибот муваззафанд, ки аз онҳо дифоъ кунанд. Мо аз ҳукумат мехоҳем, чаҳорчӯбаи ҳуқуқиеро дар ин замина муқаррар намояд, зеро ҳоло ягон қонуни ҳамаҷонибае нест, ки ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткоронро таъмин кунад”.
XS
SM
MD
LG