Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донистани забони тоҷикӣ то ҳол як меъёри муҳим барои пайдо кардани ҷои кори муносиб дар Тоҷикистон нашудааст.

Донишгоҳҳои Тоҷикистон бартарӣ медиҳанд, ки дастпарварони онҳо забонҳои русӣ ва англисиро хуб аз худ кунанд, аммо айни чунин таваҷҷӯҳ ба таълими забони тоҷикӣ дода намешавад.

Бархе бар инанд, ки таваҷҷӯҳи муассисаҳои маълумоти олӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки чунин хатмкунандагон ба осонӣ метавонанд ҷои кор пайдо кунанд. Дар ин раванд, яъне дар пайдо кардани ҷои кор, забони тоҷикӣ, зоҳиран, нақши ҳалкунанда надорад.

Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, ки аз бузургтарин донишгоҳҳои русӣ дар Тоҷикистон аст, танҳо ба донишҷӯёни соли аввал ва он ҳам ҳафтае як соат забони тоҷикиро меомӯзонад. Ба ин далел, хатмкардагони ин муассиса аксаран мегӯянд, тоҷикиро хуб намедонанд ва ба русӣ бартарӣ медиҳанд.

Хайрулло Табаров, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи славянӣ мегӯяд, бо ҳамагӣ як соат дарс дар як ҳафта ҳеҷ гоҳ донишҷӯён забонро намеомӯзанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, бархе аз донишҷӯёни ин донишгоҳ комилан забони тоҷикиро намедонанд ва чандон талоши ҷиддие барои омӯхтани ин забон низ нишон намедиҳанд.

Табаров меафзояд, омӯзиши забони тоҷикӣ дар ин таълимгоҳ бояд ҳадди ақал як ҳафтае ду соат ва то соли сеюми таҳсил идома кунад. Дар ин сурат шояд донишҷӯёнаш забони тоҷикиро хубтар аз бар кунанд: “Дар донишгоҳҳои дигар агар забони тоҷикиро камтар ҳам хонанд, дигар дарсҳояшон ба забони тоҷикист, ки донишҷӯён дар баробари таълим онро меомӯзанд. Дар инҷо, дар як ҳафта як бор тоҷикӣ мехонанд ва он барои аз худ кардани забон кифоят намекунад.”

Ҳарчанд, қонуни забони давлатӣ қабули шаҳрвандон ба корҳои давлатиро бидуни донистани забони тоҷикӣ манъ кардааст, дар асл дар Тоҷикистон чандон ба ин аҳамият намедиҳанд ва ҳангоми коргирӣ ҳамчунон ба онҳое бартарӣ дода мешавад, ки русиро хуб медонанд. Ва тавре мушоҳида мешавад, донишҷӯёни донишгоҳи славянӣ бештар ба мансабҳои давлатӣ ҷалб мешаванд.

Зафар Мирзоиён, донишманди тоҷик мегӯяд, бахше аз ҷавонон барои он ба русӣ сӯҳбат мекунанд, ки гӯё мехоҳанд худро донишманд ва ҳамқадами замон нишон диҳанд. Ин ҳам дида мешавад, ки сухан кардан ба русӣ ба атрофиён таъсири дигар дорад ва, баръакс, афроде, ки бо забони ноби тоҷикӣ ҳарф мезананд, аз ҷониби атрофиён “афғон” ё “эронӣ” шумурда мешаванд. Зафари Мирзоиён мегӯяд: “Ба он мартабае, ки лозим аст, натавонистем забони форсии тоҷикиро бирасонем. То ҳанӯз забони тоҷикӣ забони муди гуфтугӯи миёни сокинон нашудааст. Мо мақоми забонро натавонистем баланд бардорем. Замоне ҷиддан талаб мешавад, ки бе донистани забони форсии тоҷикӣ ба кор қабул намешавад, дигар нафаре, ки дар мактаб ин забонро наомӯхтааст, рафта аз сари нав меомӯзад.”

Оё донистани забони тоҷикӣ муҳим аст? Бо ин суол хабарнигорони Озодӣ ба чанд раҳгузар дар кӯчаҳои Душанбе муроҷиат карданд. Посухҳои мардумро ба ин суол метавонед аз ин видео тамошо кунед:

Аммо масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, забондонии сокинони оддӣ ва мансабдорон дар қиёс ба солҳои пеш хубтар шудааст. Бибираъно Ҷӯраева, корманди ин кумита мегӯяд, ҳарчанд, ҳоло ҳам сокинон ҳангоми гуфтугӯ вожаҳои зиёди русиро истифода мекунанд, мушоҳида нишон медиҳад, ки сатҳи забондонӣ дар қиёс ба даҳ сол пеш беҳтар гаштааст. Ӯ меафзояд: “Кумита аслан ҳақ надорад, забони гуфтугӯи сокинонро назорат кунад ва ба онҳо бигӯяд, ки бо кадом забон сӯҳбат кунанд. Мо бештар ба забони кории идораву муассисаҳо таваҷҷӯҳ мекунем. Аммо бо барномаҳои хос дар телевизиону радио омӯхтани забони тоҷикиро тарғиб мекунем. Мушоҳида нишон медиҳад, ки ҳам дар корхонаву идораҳо ва ҳам дар миёни сокинони оддӣ аз забони тозаи тоҷикӣ бештар истифода мекунанд.”

Вале, зоҳиран, мушкилоти имрӯзаи забони тоҷикӣ ба андозае бузург аст, ки бо ин чораҳо наметавон вазъро тағйир дод. Аксари таҳлилгарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, пеш аз ҳама бояд таълими забон дар боғчаву мактаб ҷиддан бознигарӣ ва назорат шавад. Он гоҳ ба суханронии мансабдорони давлатӣ дар расонаҳои ахбори ом, махсусан телевизион бояд таваҷҷӯҳ шавад. Ба ақидаи бисёриҳо, ҷавонон ба забони модарии худ меҳри бузург доранд ва онро хуб омӯхтану нек ба кор бурдан мехоҳанд, аммо ба шогирдони мактабе шабоҳат доранд, ки ё устод надорад ва ё омӯзгорон ва муҳити атроф ба онҳо дарси хуб намедиҳанд.

Фарҳод, як ҷавони тоҷик, ки шогирди ҳамин “мактаб”-и бузург аст, мегӯяд: “Ну, якумаш, ки мо тоҷикмардум ҳастем, бояд донем. Бояд русиву англисиро чем тоҷикӣ хубтар донем, ки ба давлатҳои дигар сафар кардем, гап зада тавонем. Даний время мардуми мо як шаҳри дигар мераванд, аз шармандагӣ намедонанд, чӣ кор кунанд.”

Бо нигоҳ ба атрофиёни худ, Фарҳод бар ин аст, ки надонистани тоҷикӣ ё сӯҳбат бо чунин баён ҷои шармсорӣ надорад.

Аз қабули қонуни забони давлатии Тоҷикистон 25 сол гузашт, аммо забоншинсон мегӯянд, то ҳанӯз бандҳои аслии ин қонун дар рӯи қоғаз мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG