Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон эътилофи нав ташкил мекунад


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба фраксияи Ҳизби сотсиал-демократии кишвараш иҷозат дод, ки дар порлумон на дертар аз 17 ноябр эътилофи нав ташкил кунад. Вай дар фармонаш ба ҳамаи фраксияҳои порлумонӣ муроҷиат карда, гуфтааст, дар назар дошта бошанд, ки "вазифаи асосии ҳамаи шохаҳои ҳокимият тақвияти ниҳодҳои давлатӣ ва демократӣ, таъмини ягонагии мардум ва устувории кишвар, рушди бахшҳои иқтисоду иҷтимоъ, фарҳанг ва санъат", аст. Эътилофи оянда ҳукумати нави Қирғизистонро таъсис хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG