Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаъоли узбакистонӣ: "Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад"


Пӯлод Охунов. Акс аз саҳифаи Фейсбукаш

Пӯлод Охунов. Акс аз саҳифаи Фейсбукаш

Собиқ вакили Шӯрои олии Шӯравӣ пешниҳод кардааст, ба забони тоҷикӣ дар Узбакистон мақоми давлатӣ дода шавад. Забоне, ки замоне дар ҳудуди Узбакистони кунунӣ “ҳокимият” дошту ҳоло ба ҳошия ронда шудааст.

Пӯлод Охунов, раҳбари Анҷумани Осиёи Марказӣ ва собиқ вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар як ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Лаҳистон пешниҳод кардааст, ки ба забони тоҷикӣ дар Узбакистон мақоми давлатӣ дода шавад. Паёми ӯро ба ин ҳамоиш яке аз раҳбарони ин анҷуман Қанот Одил дар як суханронӣ рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ дар Варшава расондааст ва дар он гуфта мешавад, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бумии Ӯзбакистон аст.

Ин фаъоли узбакистонӣ, ки ҳанӯз дар овони ҷавонияш намояндаи Шӯрои олии Шӯравии собиқ буд, мегӯяд, агар ҳукумати Узбакистон сиёсати одилонаи забониро пеш бигирад, ба оромии ҷомеа ва амнияти миллии ин кишвар мусоидат хоҳад кард. “Агар чунин кӯшишҳо ба харҷ дода нашавад, заминаҳои норозигиро мисли Украина ба вуҷуд хоҳад овард”,-афзудааст ӯ.

Қанот Одил дар идома гуфтааст, “дар Узбакистон, вақте ба сиёсати давлат дар мавриди забон назар мекунед, як манзараи даҳшатноки мероси боқимонда аз замони Сталинро мебинед. Хусусан, ба забони тоҷикӣ ҳеч мақоме дода нашуда, баръакс, вазъаш дар маориф, фарҳанг, матбуот ва гуфтугӯ танг карда шудааст.” Ӯ дар суханронии худ таъкид кардааст, “тоҷикҳо аз мардуми таҳҷоии қаламрави Узбакистони кунунӣ ба ҳисоб рафта, дар рушди тамаддуни ин кишвар саҳми муҳим доранд. Аҳолии тоҷикзабон дар Узбакистон баробар ба аҳолии Тоҷикистони имрӯза буда, бар иловаи ин узбакҳое ҳам ҳастанд, ки забони тоҷикиро забони аслии худ меҳисобанд.”

Анҷумани Осиёи Марказӣ бо дарназардошти арзишҳои таърихӣ ва фарҳангие, ки тоҷикон дар Узбакистони имрӯза доранд, аз минбари САҲА (ОБСЕ) ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод кард, ба забони тоҷикӣ баробар бо забони узбакӣ мақоми давлатӣ дода шавад: “Бо истифода аз минбари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва раҳбари Ассосиатисияи Осиёи Марказӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, ба раҳбарияти Узбакистон пешниҳод мекунам, ҳамаҷониба масъалаи додани мақоми расмии давлатӣ ба забони тоҷикиро баррасӣ кунанд. Ман ҳамчун шаҳрванди Узбакистон бо масъулияти том изҳор медорам, узбакҳо ва Узбакистон бидуни забон ва фарҳанги тоҷикӣ ба “як тани бе рӯҳ” монанданд ва муҳтавои аслии суханронии ман даъват ба дармони ин тане мебошад, ки ба оби ҳаёт ниёз дошта, руҳ ва асолати узбакҳоро зинда хоҳад кард.”

Ин барои нахустин бор аст, ки фаъолони узбак масъалаи ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ дар Узбакистонро матраҳ мекунанд. Ҳарчанд аз ин пешниҳоди фаъоли созмони байналмилалӣ се рӯз мегузарад, аммо ҳанӯз Тошканд дар ин замина ҳеч вокунише накардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG