Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи забони тоҷикӣ дар мактабҳои узбакии ноҳияи Носири Хисрав


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар мактабҳои узбакии ноҳияи Носири Хисрав рӯзҳои сешанберо рӯзи забони давлатӣ эълон кардаанд. Дар ин рӯз ҳама дар мактаб бояд ба тоҷикӣ сӯҳбат кунад.

Ҳукумати ноҳияи Носири Хисрав, дар ҷануби Тоҷикистон аз моҳи сентябр дар муассисаҳои таълимии ин ноҳия ҳар рӯзи сешанберо рӯзи забони давлатӣ эълон кардааст. Дар ин рӯз аз фаррошу посбон то хонандагону омӯзгорони мактабҳои ноҳияи Носири Хисрав ҳамагӣ бояд бо забони тоҷикӣ муошират кунанд.

Мудирони мактабҳо муваззаф шудаанд, ки муоширати хонандагону омӯзгорон ва дигар кормандони мактабҳоро дар рӯзҳои сешанбе назорат бубаранд, то ки мардум ба тоҷикӣ суҳбат кунад. Гуфта мешавад, дар сурати ба забони узбакӣ суҳбат кардан дар ин рӯз онҳоро маъмурияти мактаб метавонад сарзаниш кунад.

Бозоргул Саидова
Бозоргул Саидова

Бозоргул Саидова, муовини раиси ноҳияи Носири Хисрав 8 август дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз ин тадбир омӯзиши забони тоҷикӣ дар миёни омӯзгорону хонандагони узбактабори ин ноҳия аст. Бозоргул Саидова мегӯяд, ин барнома бо хоҳиши худи сокинони узбактабори ноҳия сурат гирифтааст: "Ҷои пӯшида нест, ки бештари мардуми ин ноҳия узбакҳо ҳастанд, ки бояд тоҷикӣ омӯзанд. Дар мактабҳо рӯзҳои сешанберо рӯзи забони давлатӣ эълон кардаем, ки ҳама тоҷикӣ муошират кунанд ва тоҷикиро омӯзанд. Худи мардум низ инро мехоҳад ва ба мо дархост мекунад."

Бозоргул Саидова гуфт, ки дар се моҳи таътили тобистонаи мактабҳо 50 омӯзгор ва мудирони узбактабори мактабҳо забони тоҷикӣ омӯхтаанд, то битавонанд хонандагони узбакро тоҷикӣ таълим диҳанд.

Дар ноҳияи Носири Хисрав дар соли хониши 2015-2016 хонандагони синфҳои аввал, ки 90 дарсадашон узбакҳоянд, пурра ба синфҳои тоҷикӣ гузаронда шуданд. Ҳоло барои таъмин кардани онҳо ба омӯзгорони тоҷикзабон ба омӯзгорони узбак дарси забони тоҷикӣ медиҳанд.

Дар 25 мактаби ин ноҳия ба омӯзгороне, ки курсҳои кӯтоҳмудати омӯзиши тоҷикиро пушти сар кардаанд, пешниҳод шудааст, ки ҳар рӯзи сешанбеи ҳафта аз истифодаи забони модарияшон танҳо як рӯз комилан худдорӣ кунанд, то хонандагон ба омӯзиши забони тоҷикӣ бештар ташвиқ шаванд.

Иқбол Эшбӯриева, омӯзгори 50-солаи узбактабор вамудири мактаби рақами 2-и ҷамоати "Фирӯза" мегӯяд, тоҷикиро омӯхта истодааст, аммо ҳанӯз ҳарфи "ҳ"-ро "х" талаффуз мекунад.

Иқбол Эшбӯриева мегӯяд, ӯ ба забони модарияш эҳтиром мегузорад ва дар хона узбакӣ суҳбат мекунад, аммо чун зарурати омӯзиши забони тоҷикӣ ба миён омадааст, маҷбур аст, ки тоҷикӣ омӯзад: "Тоҷикиро омӯхта истодаам, журналу маҷаллаҳоро мутолиа мекунам, телевизион тамошо мекунам. Кӯшиш карда истодаам, ки омӯзам. Имсол 31 нафарро дар синфи тоҷикӣ бо хоҳиши падару модарашон қабул кардем, чунки дар Маркази миллии тестӣ имтиҳонҳо ба забони тоҷикист. Аз ин рӯ, тоҷикӣ омӯхтани мо хуб аст, то ки дар оянда азоб накашем."

Уктам Ойназаров, сокини 41-солаи деҳаи Муротеппаи ноҳияи Носири Хусрав, ки бо бародаронаш дар замони Шӯравӣ ба забони узбакӣ таҳсил кардаанд, мегӯяд, писараш Дилшодро имсол ба синфи тоҷикӣ додааст: "Ҳозир мактабҳо тоҷикӣ шуда истодаанд, тоҷикиро донистан хуб аст, то ки дар оянда дар ягон донишгоҳ дохил шуданаш осон мешава. Забонро меомӯзад, ин хуб аст. Ватани мо Тоҷикистон аст ва донистани забони тоҷикӣ хуб аст. Мо дар хона узбакӣ суҳбат мекунем, писарам тоҷикӣ мехонад, худам дар замони Шӯравӣ узбакӣ ва русӣ хондаам."

Носири Хусрав, дар 220-километрии ҷануби Душанбе ҷойгир шуда, зери 35 000 аҳолӣ дорад. 65 дарсади онҳо узбактаборҳоянд, ки ба далели надоштани имкони таҳсил дар мактабҳои олии Узбакистон ҳоло мехоҳанд фарзандони онҳоро ба тоҷикӣ таълим диҳанд.

XS
SM
MD
LG