Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сангкашиву боркашӣ ва кор дар шахта барои кӯдакони тоҷик манъ хоҳад шуд


Вазорати шуғли аҳолӣ хостори муҷозоти шадидтари волидон ва корфармоёне шуд, ки аз нирӯи кӯдак дар корҳои вазнини истифода мебаранд.

Ин вазорат ба хотири пешгирӣ аз истисмори кӯдакон феҳрасти корҳоеро омода кардааст, ки набояд барои иҷрояшон аз нерӯи кӯдакон истифода шавад.

Наврӯз Самадов, раҳбари идораи давлатии назорат дар бахши кор ва ҳифзи иҷтимоии ин вазорат мегӯяд, дар ин феҳраст беш аз 200 навъ корҳо ном бурда хоҳад шуд. Вай дар нишасти хабарӣ бархе аз ин корҳоро намуна овард: «Масалан, корҳои шахтавӣ барои кӯдакон умуман мумкин нест. Сангкашӣ, боркашӣ ва кор бо маводҳои кимиёвӣ, ки барои рушду нумӯъи кӯдакону ҷавонон таъсир мерасонад, манъ хоҳад шуд. Ҳамчунин, бо дастури президенти кишвар, ба таҳияи тарҳи нави қонуни кор шурӯъ кардем ва дар ин санад корҳои мамнӯъ барои кӯдакон дақиқ мешавад».

Ҷаноби Самадов ҳамчунин гуфт, номгӯйи нав иҷозат медиҳад, то ҷавонони аз 14 то 18-сола дар сурати халал нарасидан ба таҳсилашон дар ҷамъоварии пахта ширкат кунанд. Ин дар ҳолест, ки истифода аз кори кӯдак дар Тоҷикистон манъ аст, вале қисми зиёди кӯдакон маҷбуранд, ки барои пайдо намудани рӯзии худ ба аробакашӣ, селофанфурӯшӣ, боркашонӣ, поксозии пойафзоли одамон ва талбандагӣ машғул шаванд.





Муовини аввали вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Эмин Сангинов рӯзи 18 июл дар нишасти хабарии ин вазорат гуфта буд, ки вазорати кор ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, то ба қавонини марбут ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ин замина ислоҳот ворид карда шавад. Эмин Сангинов гуфт, "мо пешниҳод кардем, ки ҳар нафар кӯдаке, ки ба кори вазнин даст мезанад, бояд падару модар ва кордиҳандаи вай муҷозот шавад."

Аммо ин пешниҳод дар ҷомиа ба вокунишҳои зиддунақизе рӯбарӯ шудааст. Бисёриҳо мегӯянд, истифода аз нирӯи кӯдак бештар аз маҷбурист ва асосан хоси хонаводаҳои фақир. Ба ақидаи онҳо, бояд аввал фақрро аз байн бурд ва танҳо баъд аз волидон талаб кард, ки дар корҳои вазнин аз нирӯи фарзандони худ истифода набаранд.

Сайлӣ Каримова, ки шавҳараш 8 сол пеш фавтидааст, мегӯяд, вазъи иҷтимоиву иқтисодии хонаводааш боис шуд, писари 15-солааш аробакаш шавад. Вай гуфт, як писараш дар бозор ва писари дигараш иҷборан барои хидматгорӣ ба хонаи дигарон меравад, то аз ин роҳ зиндагии худро пеш баранд:«Гушна буданд, ташна буданд. Бо ки маслиҳат кунам. Бепадар фарзандонамро худам калон кардам. Маҷбур мешаванд, раванду ба ҳар куҷо ки рост омад, кор кунанд.»

Бино бар иттилоъи расмӣ дар Тоҷикистон, феълан 38 дарсади аҳолии дар ҳоли фақр ба сар мебаранд. Ва ба таъкиди таҳлилгарон ин боис мегардад, ки хонаводаҳо аз нирӯи кӯдакони худ истифода кунанд. Коршинос Ардашери Солеҳ мегӯяд, бо таҳияи чунин феҳраст ё барнома наметавон аз кори кӯдакон пешгирӣ кард: «Вақте дар кишвар шароити кор кардан нест ва бештари падарҳо дар муҳочират ҳастанд, бори гарони зиндагии онҳо ба китфи кӯдакон меафтад, ноилоҷ дигар ноболиғон ҳам метавонанд ба ҳама кор даст зананд. Пас чигуна ин равандро бо роҳандозии қонун пешгирӣ мекунанд?»

Созмони ҷаҳонии кор ду сол пеш гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор кӯдак маҷбуранд ба хотири таъмини худ ва ё хонаводаашон кор кунанд. Сандуқи кӯдаки СММ - ЮНИСЕФ - низ шумори коргарони кӯдак дар Тоҷикистонро тақрибан ҳамин қадар ҳисоб мекунад. Аммо ба бовари ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак, ҳатто ин омори "мудҳиш" вусъат ва доманаи воқеъии истифода аз нирӯи кори кӯдак дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад.

Ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак кор дар саҳрову ҳам дар хона ва ҳамин тавр, дар бозорҳоро аз навъҳои бадтарини кори кӯдакон дар Тоҷикистон меноманд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонунҳои худи Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналмилалӣи, кори кӯдак дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Рӯзи 12 июни соли 2013, дар Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи кори кӯдакон, ки имсол таҳти шиори "Решакан кардани истифода аз нирӯи кӯдакон дар кори хона" мегузарад, “Барномаи миллии амалӣ барои маҳви бадтарин шакли кори кӯдакон барои солҳои 2014-2020” муаррифӣ шуд.

Ҷилавгирӣ аз ҷалби кӯдакон ба корҳои вазнине, ки ба саломати онҳо хатар дошта метавонад, ба таҳсил баргардондани кӯдакони синну соли мактабӣ ва маҳви комили истифода аз нирӯи кӯдак то соли 2020 аз аҳдофи аслии ин барномаи миллӣ, ки вазорати кор ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалӣ таҳия кардааст, ном бурда мешавад.

Мақомоти вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳамин тавр, дар нишасти хабарии рӯзи 18 июл эълом карданд, ки 50 дарсади бекорони расмиро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Эмин Сангинов, муовини аввали вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, ки "дар қаламрави Тоҷикистон 56 ҳазор нафар расман ба унвони бекор сабт шудаанд, ки 50 дарсадаш ҷавононанд." Аммо оқои Сангинов афзуд, "бо ин ҳама вазъи бекорӣ дар муқоиса ба солҳои қабл мӯътадил аст."

Ба иттилои ҷаноби Сангинов, "ҳоло ҷамъияти фаъол дар иқтисоди Тоҷикистонро 2 миллиону 251 ҳазор нафар ташкил медиҳад, ки аз он 2 миллион 194 ҳазораш машғули меҳнатанд."

Ин дар ҳолест, ки бино ба оморҳои дигар, ҳамасола аз 1 то 1,5 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва умдатан ба Русия меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG