Пайвандҳои дастрасӣ

Аъзои комиссиюни ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки тахминан то соатҳои 20:00 рӯзи панҷшанбе ҷаласа карданд, қарор карданд рӯзи ҷумъа ҳам баррасиҳоро идома диҳанд.

Музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки то соатҳои 8 шоми панҷшанбе, 6 август идома дошт, ба натиҷае нарасид ва қарор шуд, ки баррасиҳо рӯзи ҷумъа ҳам идома ёбад. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Қурбонбой Искандаров, намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар масоили марзӣ аз рустои Кӯктош хабар дод. Дар ин деҳаи марзӣ имрӯз рӯзи дуюми музокироти байни ҳайатҳои хадамоти марзбонӣ ва ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён гирифт. Искандаров гуфт, ки қарор шуд, ки фардо баъди соати 10 субҳ ҳайатҳо дубора дар Кӯктош ҷамъ оянду «бо каллаи тоза» музокиротро идома диҳанд.

Вай гуфт: «Баҳс бар сари замин аст. Баъзе масъалаҳо ҳанӯз ҳалношуда мондаанд. Мо ҳатман роҳи ҳалли ин масъалаҳоро пайдо мекунем, то наёбем, намеравем. Мешавад гуфт, ки 70 фоизи масъалаҳо ҳал шуд. Ин ҷо як бахши масъалаҳо марбут ба кор мардум аст», гуфт ӯ. Ба саволи радиои Озодӣ оид ба ин ки то куҷо ин масъала марбут ба табдили қиъаҳои замин меравад, ки қаблан дар борааш як намояндаи ҳайати Тоҷикистон гуфта буд, Искандаров гуфт: «На, ҳеҷ қитъаи замин пешниҳод нашудааст. Ин ҷо сухан дар бораи табдили замин намеравад. Ин ҷо баҳс ба сари обу девор аст. Тамом. Он ҷо як ҷӯе мегузарад.

Масъала ин аст, ки оби ин ҷӯй бояд чигуна истифода шавад. Мо аллакай баъзе фикрҳоро омода кардем, вале қарорро фардо қабул мекунем. Фардо, тахминан баъди соатҳои 10 субҳ, ҳаминки ҳайати Тоҷикистон аз Исфара расида омад, музокиротро идома медиҳем», гуфт Қурбонбой Искандаров.

Дар ҳамин ҳол дар раёсати марзбонии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки мавқеи онҳо дар ин замина рӯзи 7 август маълум мешавад. Раҳбарияти хадамоти марзбонӣ ва дигар намояндагони сохторҳои ҳифзи қонуни Тоҷикистну Қирғизистон дар паи задухӯрдҳои рӯзҳои 3 ва 4 августи соли ҷорӣ дар қитъаи марзии байни рустоҳои Сомониён (Тоҷикистон) ва Кӯктош (Қирғизистон) вориди гуфтугӯ шуданд.

Гунаҳкорони низоъ дар марз муҷозот хоҳанд шуд

Муовини нахуствазири Қирғизистон ваъда дод, ки ҳама иғвогарони моҷарои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Абдураҳмон Маматалиев гуфт, баъди анҷоми кори комиссиюни муштараки ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар марз, “ҳама иғвогарони таҳрикдиҳандагони моҷароҳои марзӣ боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”. Вай афзуд, ки ҳамчунин корро аъзои комиссиюни ҳукуматии Тоҷикистон ҳам ба роҳ мондаанд. Ҳоло вазъият дар марз ором ва зери назорат аст, гуфт ӯ. Ин соатҳо дар кори гурӯҳҳои музокиротии Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз рӯзи 5 август вориди гуфтугӯ шудаанд, танаффус эълон шудааст.

Изҳороти муовини сарвазири Қирғизистон баъд аз ду даври гуфтушунид дар ҷойи воқеа ва изҳороти Хадамоти марзбонии Тоҷикистон садо медиҳад, ки бархе аз раҳбарони маҳаллии қирғизро дар ангехтани низоъ айбдор намуд. Дар ин изҳороти худ Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Роза Усарова -- вакили мардумӣ аз ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистонро ҳамчун "таҳрикдиҳандаи муноқишаи ахир" ном бурдааст.

Бар тибқи иттилои як узви гурӯҳи музокиракунанда, дар кори ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон то шоми 6 август танаффус эълон шудааст. Феълан аъзои комиссиюн - намояндагони мақомоти ҳифзи қонун ва марзбонӣ бо сокинони рустоҳои вориди ихтилоф дар ҳарду тарафи марз ба гуфтугӯ пардохта, онҳоро ба хатми низоъҳову хушунатҳо даъват мекунанд. Мавзӯи баҳси раҳбарияти хадамоти марзбонӣ ва дигар намояндагони сохторҳои ҳифиз ҳуқуқи Тоҷикистну Қирғизистон – задухӯрдҳои рӯзҳои 3 ва 4 августи соли ҷорӣ дар қитъаи марзии байни рустоҳои Сомониён (Тоҷикистон) ва Кӯктош (Қирғизистон) аст.

Дар ин ҳодиса, бино бар охирин маълумот, аз ҳарду тараф 13 нафар ҷароҳат бардоштанд. Баҳс бар сари бунёди қубури обгузаре ба самти майдонҳои кишти рустоҳои тоҷикӣ сар зада, ки нахуст бо сангандозӣ шурӯъ шуд ва баъдан ба тирандозӣ кашид. Ҷониби Тоҷикистон кишвари ҳамсояро дар истифодаи силоҳи шикорӣ айбдор кард, ки 6 сокини Сомониёнро маҷрӯҳ кардааст. Раҳбари хадамоти марзбонии Қирғизистон ин иттиҳомро рад карда гуфтааст, ки аз ҷониби ин кишвар силоҳ истифода нашудааст. Кори комиссиюн рӯзи 5 август аз ошноӣ бо маҳалли низоъ ва ҳам сӯҳбатҳо бо сокинони маҳаллӣ шурӯъ шуд.

Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ, ки аъзои комиссиюнро ҳамроҳӣ мекунад, дар сӯҳбати мухтасари телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло аъзои ҳайати тоҷикистонӣ бо мардуми маҳаллӣ гуфтугӯ мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон аз шарҳи бештари ин мавзӯъ худдорӣ мекунад. Айни замон, намояндаи расмии ҳукумати Қирғизистон дар масоили марзӣ Қурбонбой Искандаров, ки яке аз раҳбарони гурӯҳи музокиротии кишвари худ дар ин гуфтугӯҳо мебошад, аз рустои Кӯктош бо радиои Озодӣ гуфт, ҳарду ҳайат бо ҳамватанони худ музокира мебаранд ва мардуми ба шӯромадаро ба оромиву хатми хушунатҳо даъват мекунад.

Қарор аст баъди ин гуфтугӯҳо ҳайатҳо дубора сари мизи гуфтушунид нишинанд ва музокиротро идома диҳанд. Вай гуфт, тамоми талош барои он рафта истодааст, ки пеши роҳи ҳама гуна хушунату зӯроварӣ гирифта шавад. Ҳоло, ба гуфтаи Искандаров, мавзӯи баҳсу баррасиҳои ҷонибҳо бар сари як деворе меравад, ки дар байни ду қабристон бунёд шудааст: “Ихтилоф бар сари як қитъаи замин аст, ки 30 сотих буда, онро як шаҳрванди Тоҷикистон дар байни ду қабристони кӯҳнаву нави қирғизӣ дар рустои Кӯктош бунёд кардааст. Ин қаламрав мушаххасан дар марзи ҳарду кишвар ҷойгир аст ва ҳанӯз аз замони шӯравӣ ин ҷо хати марз мегузашт. Мо, инчунин, бояд, ки роҳро ба самти қабристон боз кунем. Ин қабристонро қирғизҳо истифода мекунанд. Қабристони нав пур шудааст, он ҷо дигар ҷои барои хоксупории мардум намондааст.

Қабристони кӯҳнаро ба хок яксон карда қарор аст онро минбаъд ҳамчун маҳалли хоксупории мардум истифода кунанд. Ҳама мо мусулмонем ва ин масъалаҳо бояд бо назардошти паҳлӯҳои ахлоқии масъала ҳал шаванд. Бовар дорам, ки дар ҷараёни музокироти имрӯза ин баҳс ҳалли худро пайдо мекунад”, гуфт Курбонбой Искандаров. Дар сӯҳбати қаблии худ бо Озодӣ Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ дар ин робита гуфта буд, ки қирғизҳо пешниҳод доранд, ки бар ивази қитъаи замини баҳсие, ки дар байни ду қабристони қирғизӣ ҷойгир аст, аз ҷои дигар ба тоҷикҳо замин дода шавад. Ба ин тартиб, шоми имрӯз аъзои комиссиюни байниҳукуматӣ, ки барои ҳалли низои рустоҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон музокира мебаранд, бояд ба як созише биёянд.

Баҳси таъйин ва аломатгузории марз байни Тоҷикистону Қирғизистон аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 идома дорад. То имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъин ва аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳ ва замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода, дар ин танишҳои марзӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нерӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG