Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парчами Қирғизистон аз боми хонаҳои тоҷикон барканда шуд


Ҷамоати Овчӣ-Қалъача

Ҷамоати Овчӣ-Қалъача

Намояндагони Қирғизистон субҳи ҷумъа парчами кишварашонро, ки як ҳафта пештар бар боми хонаи ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача насб шуда буд, баркандаанд.

Намояндагони Қирғизистон субҳи ҷумъа парчами кишварашонро аз боми хонаи ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баркандаанд. Муҳаммадалӣ Абдулвалиев, сокини Овчӣ-Қалъача, дар тамос бо Озодӣ гуфт, ки ин кор субҳи 12 феврал бо раҳбарии Сафаралӣ Одинаев, раиси маҳаллаи Мақсати Қирғизистон, сурат гирифтааст.

Масъулони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ хабари барканда шудани парчами Қирғизистон аз боми хонаҳои ду шаҳрванди кишварро тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ки баъд аз музокироти ҳайатҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон тасмим гирифта шудааст, то анҷоми пурраи ташхиси хатти сарҳад дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача ҳеч парчам ё нишону аломат гузошта нашавад.

"ХОНАҲОРО ХОЛӢ КУНЕД"

Тақрибан 30-40 марзбони қирғиз рӯзи 6 феврал вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар болои манзили зисти Муҳаммадалӣ Абдулвалиев ва Абдуғаффор Ҷалолов - сокинони ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - парчами кишварашонро насб карданд. ​Муҳаммадалӣ

Муҳаммадалӣ Абдулвалиев

Муҳаммадалӣ Абдулвалиев

Абдулвалиев мегӯяд, ки насби парчамҳо низ ба раҳбарии Сафар Жонбеков, амини деҳаи Мақсати Қирғизистон анҷом гирифта буд. Ӯ гуфт, "Сафар ва ҳамроҳони ӯ маҷбурӣ парчами Қирғизистонро ба болои хонаи ман насб карда ва гуфтанд, ки касе дар иҷрои ин кор барояшон халал нарасонад, вагарна дар пушти хонаҳо нерӯҳои қирғиз истодаанд.”

Ин сокини Овчӣ-Қалъача мегӯяд, баъди ин ҳодиса дарҳол дари хонаашро баста, ҳамсару фарзандонашро ба хонаи бародараш бурдааст. Ӯ мегӯяд, намояндагони Қирғизистон ба ӯ таҳдид кардаанд, ки агар касе парчами кишварашонро аз боми хонаи Абдулвалиев барканад, ӯву оилаашро гирифта мебаранд. “Ҳатто бачаҳо барои ба мактаб рафтан ҳарос доранд. Мактаб 500 метр дуртар аз манзили мо ҷойгир аст, вале роҳе, ки то мактаб меравад, ба иддаои қирғизҳо аз они онҳост,” - нақл кард ӯ.

ВАҚТЕ КОР АЗ КОР ГУЗАШТ...

Абдуғаффор Ҷалолов

Абдуғаффор Ҷалолов

Абдуғаффор Ҷалолов - сокини дигари Овчӣ-Қалъача, ки хонааш дар назди обанбор воқеъ асту ҳамроҳи ҳамсараш дар як манзили кӯҳна ба сар мебарад, ба ин монанд таҳдид шунидааст. Ҷалолов мегӯяд, ӯ як дарахтзори бузург низ бунёд кардааст ва ҷониби Қирғизистон таҳдид намудааст, ки ҳамаи дарахтҳояшро бибурад ва ҷиҳозашро гирифта, хонаашро тарк кунад.

“Даъвои қирғизҳо ин аст, ки ҷойи зисти мо ҳудуди кишварашон ҳисоб мешавад. Вале ҳоло ҳудудҳоро касе мушаххас накардааст. Ман чандин сол боз дар ҳамин ҷо ҳастам ва даъвои қирғизҳо асос надорад,” – гуфт ӯ. Абдуғаффор Ҷалолов дар суҳбати видеоӣ бо Озодӣ аз рӯзи насби парчам ба болои хонааш низ ёдоварӣ кард ва гуфт, “дидам, ки дар болои симчӯб касе ҳаст. Фикр кардам, сими интиқоли нерӯи барқро мебуранд. Вақте наздик шуда ва гуфтам, ки чаро чунин мекунед? Сафар – амини деҳаи Мақсат – гуфт, ки ин ҳудуди мост.”

Ба нақли Ҷалолов, амини деҳаи Мақсати Қирғизистон ба ӯ гуфтааст, ки хонаашро ба хубӣ холӣ кунад, вагарна вақте кор аз кор гузашт, аз

дасташ чизе намеояд. “Сафар гуфт, ки ин корро аз пеши худашон намекунанд. Гӯё калонҳояшон онҳоро шиштан намемонанд. Аз ҳад гузарондаанд. Магар мусулмонӣ ба ин дараҷа аст, агар ҳамаи мо як одам бошем? Ман борҳо ба мақомоти маҳаллии худамон муроҷиат кардаам. Вале онҳо мегӯянд, ки сабр кунед ва ба онҳо сахт нарасед. Ман як кишоварз ҳастам ва агар маро гирифтан баранд, кӣ меёбад?”

НОТАИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 9 феврали соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ аз насби парчами Қирғизистон бар боми хонаи шаҳрвандони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигаронӣ карда, ба мақомоти Қирғизистон нота ё ёддошти эътирозӣ фиристод. Дар ин ёддошт аз вуруди ғайриқонунии раҳбари яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон ва сарҳадбонҳои он кишвар ба ҳудуди рустои ба номи Ҳалим Бобоеви ҷамоати Овчӣ-Қалъача нигаронӣ шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон талаб кардааст, ки Қирғизистон вобаста ба ин қазия тафтишоти мунсифона барад ва омилонашро ба ҷавобгарӣ бикашад ва такрори чунин худсариҳо ҷилавгирӣ намояд.

Аммо дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар як иттилоияи расмӣ гуфтааст, марзбонони қирғиз парчами ин кишварро дар боми манзиле насб кардаанд, ки ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад ва соҳибаш ин манзилро муваққатан ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷора додааст. Ба гуфтаи марзбонони қирғиз, ин манзил дар ҳудуди рустои Мақсати ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ҷойгир шудааст, на дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон. Ба иддаои ин ниҳод, бар асоси харитаи солҳои 1958-1959, ин манзил қаламрави Қирғизистон аст.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 970 километр тӯли умумиаш то имрӯз танҳо ҳудуди 519 километараш аломатгузорӣ шудааст, сари ҳар чанд вақт моҷароҳое барои дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо бармехезад. Дар солҳои гузашта дар чандин чунин ихтилофҳо чандин нафар кушта шуд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷрӯҳ гардиданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG