Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд идома мекунад


Вилояти Бодканди Қирғизистон

Вилояти Бодканди Қирғизистон

Даври нави музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мушаххас кардану аломатгузории қитъаҳои баҳсталаби марзашон нимаи дувуми моҳи май дар вилояти Бодканд идома хоҳад кард.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, даври нави музокироти Бишкеку Душанбе барои мушаххас кардан ва аломатгузории марзи ин ду кишвари ҳамсоя, ки борҳо боиси кашмакаш ва якдигарнофаҳмӣ шудааст, нимаи дувуми моҳи май дар Бодканд идома хоҳад кард. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Қурбонбой Искандаров, намояндаи расмии ҳукумати Қирғизистон дар масъалаи марз, хабар дод.

Интизор меравад, ҷонибҳо панҷ километр қитъаи баҳсии миёни Исфараю Бодкандро ба харита ворид кунанд, ки ба қавли Қурбонбой Искандаров пешрафте дар музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, ин ду кишвари ҳамсоя солҳои охир натавонистаанд ҳадди ақалл барои як метри қитъаҳои баҳсияшон ба мувофиқа бирасанд.

То ҳоло аз 976 километри марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 519 километраш муайян шуда, тарафҳо қарор аст, 457 километри боқимондаро мушаххас намоянд. Қирғизистон тарафдори суръат бахшидан ба ҳалли масъала аст, аммо тарафи Тоҷикистон мегӯяд, ки масъалаи марзи давлатӣ бояд бо ҷиддияти тамом ва қадам ба қадам ҳал шавад.

Ҳарду тараф эълон медоранд, набояд дар ин масъала сиёсатбозӣ ё манфиатҷӯӣ кард, аммо эътироф мекунанд, ки ҳарду ҷониб омода нестанд, аз манфиатҳои миллии худ қатъи назар намоянд.

Бори охир мушкили марзӣ дар маҳаллаи "Баҳор"-и Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни гаштугузори марзбонҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар ин қаламрав рӯй дода буд. Соли гузашта дар беш аз 30 таниши марзӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, асосан дар марзи навоҳии Исфараву Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо вилояти Бодканд се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нерӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Бишкек тарҳи "Ҳамкориҳои марзӣ ба хотири таҳкими сулҳ ва рушд"-ро муаррифӣ кард, ки ҳадафи он беҳбуди вазъ дар манотиқи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.

Ҳазинаи ин барнома 3,84 миллион доллар буда, 17 рустои вилояти Бодканди Қирғизистон ва 7 рустои вилояти Суғди Тоҷикистонро фаро мегирад. Қабл аз оғози ин барнома коршиносони СММ муддатҳои тӯлонӣ вазъро дар марз омӯхтаанд ва бо сохторҳои давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ҳамкорӣ доштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG