Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистону Қирғизистон ба музокироти марзӣ бармегарданд


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфт, дар музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили таъйину аломатгузории марзи муштарак пешрафтҳои чашмгире ба даст омадаанд.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазир ва раҳбари ҳайати Тоҷикистон дар музокирот, рӯзи 19 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷонибҳои тавонистанд, бо гуфтушунид мушкилоти мубрами марзиро саривақт ҳал карда ва аз вуқӯъи мухолифатҳою ҳамдигарнофаҳмӣ дар марзи муштарак пешгирӣ кунанд.

“Ҳоло мо дар ҷараёни музокирот ҳастем. Баъзе масъалаҳо бояд дақиқ шавад. Дар мавриди бисёре аз масъалаҳои ҷиддӣ ба тавофуқ расидем, ки пас аз имзои санад хабари он пахш хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, музокирот бо Қирғизистонро дар ҳалли масъалаҳои марзӣ умедворкунанда медонем”. – гуфт муовини нахуствазири Тоҷикистон.

Азим Иброҳим борҳо бо мақомоти Қирғизистон дар бораи марз гуфтӯгу кардааст.

Азим Иброҳим борҳо бо мақомоти Қирғизистон дар бораи марз гуфтӯгу кардааст.

Азим Иброҳим аз шарҳи ҷузъиёти тавофуқ миёни Тоҷикистону Қирғизистон худдорӣ кард, аммо бар асоси гузоришҳои ғайрирасмӣ ҷонибҳо дар заминаи бунёди роҳҳои автомобилӣ ва пулҳои иртиботӣ дар минтақаҳои баҳсбарангези ду кишвар ба мувофиқат расидаанд. Сохтмони роҳи Куктош-Оқсой-Тамдиқ-Кишмиш ва ду пули иртиботӣ дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва истифода аз роҳи Оқсой-Ворух, ки шаҳрвандони тоҷик бидуни ворид шудан ба ҳудуди Қирғизистон ба деҳаи Ворухи Исфара мераванд, аз ҷумлаи онҳост.

Ҳамчунин, дар ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон ҷонибҳои 12 гектарӣ қитъаҳои заминро табодул кардаанд, то ки мушкили убур аз минтақаҳои ҳамдигар аз миён равад. Аммо минтақаҳои баҳсноке чун Олтинмазору Қарамиқ дар ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон боқӣ мондааст, ки Қирғизистон ба онҳо даъво дорад.

Азим Иброҳим рӯзи 16 сентябр дар ҳошияи ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек бо Жениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон дар бораи марзи ду кишвар сӯҳбат кард. Дар ин мулоқот Қирғизистон пешниҳод кардааст, дар вақтҳои наздик барои ҳалли масъалаҳои мушаххас кардани хатти марз ва аломатгузорӣ ҷаласаи ҳайатҳои ин ду кишвар баргузор шавад.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси мустақил, мегӯяд, дар муқоиса ба кишвари ҳамсояи Узбакистон дастёбии Тоҷикистон дар ҳалдли масоили марзӣ бо Қирғизистон осонтар аст.

“Тоҷикистон бо Қирғизистон мушкилоти дигаре надорад, ки рӯи музокироти марзӣ соя афканад. Дар ҳоле чунин мушкилот бо Узбакистон зиёд аст. Баҳси бунёди неругоҳи Роғун, сарнавишти обанбори Фарҳод ва манотиқи зиёди баҳсӣ аз ҷумлаи онҳост. Аз сӯи дигар, Бишкек нисбат ба Тоҷикистон нигоҳи ҳусни ниятро дорад ва Тоҷикистон низ ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Қирғизистон чунин ҳусни ният дорад” – гуфт, коршиноси тоҷик.

Ҷанҷол барои обу замин дар марз гоҳо ба хунрезӣ кашидааст.

Ҷанҷол барои обу замин дар марз гоҳо ба хунрезӣ кашидааст.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштараки байни ин ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъйин ва аломатгузорӣ кардаанд. Мушкили аслӣ дар мушаххас кардани хати марз такяи ду кишвар ба харитаҳои мухталифи марзбандӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб меёбад.

Ҷониби Тоҷикистон исрор мекунад, ки таъйини хати марз бо Қирғизистон бояд аз рӯи харитаи соли 1924 сурат гирад. Дар ҳоле, ки пойфишории ҷониби Қирғизистон ба харитаи соли 1989 аст. Ин ихтилофи назарҳо боис гардид, ки ду кишвар аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди аломатгузории марз дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Мушаххас набудани хати марз ва аломатгузорӣ нашудани он боиси моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шуда ва мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Дар минтақаҳои баҳсии ин марз, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф ҳар сари чанд вақт муноқишаҳои ҳатто мусаллаҳона рух медиҳанд. Аз ҷумла, дар як даргирии моҳи январ дар марзи Исфараву Бодканд ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз кушта шуданд.

Ин моҷаро боиси сахттарин таниш дар равобити Душанбеву Бишкек шуд ва ҷониби Қирғизистон сафирашро аз Тоҷикистон фаро хонда, марзҳояш бо ин ҳамсояи худро барои 3 моҳ баст.

Марзи байни ду кишвар аксаран ором аст

Марзи байни ду кишвар аксаран ором аст

Дар моҳи августи ҳамон сол дар канори деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни марзбонҳои ду кишвар муноқиша сар зад, ки дар натиҷа 2 нафар - як сарбози нерӯҳои марзбонӣ ва як сокини осоишта - кушта шуда, 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистон захмӣ гаштанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли як ёддошт "эътирози қатъии худро" ба Қирғизистон изҳор карда, гуфтааст, дар сурати такрори чунин ҳаводис "ҳаққи худро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва дифоъ аз шаҳрвандон ва қаламрави худ раво медонад."

Тоҷикистону Қирғизистон, дар бисёре аз масоили доғи минтақа, аз ҷумла шеваҳои тақсими об ва сохтани нирӯгоҳҳо, назари ҳамсон доранд, аммо масоили марзӣ гоҳ-гоҳ робитаҳои ду кишварро печида мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG