Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанҷоли нав дар Ворух. Ин дафъа барои ҷуворӣ


Моҳи июл низ дар муноқишаи дигар як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд ва 7 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Моҳи июл низ дар муноқишаи дигар як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд ва 7 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Баъд аз ҷанҷоли кӯтоҳи дирӯза байни сокинони ду рустои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, роҳ ба сӯи рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара боз шудааст.

Насрулло, як сокини ҳамин русто рӯзи 3-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло авзоъ дар рустои Хоҷаи Аъло ва рустои Оқсойи Қирғизистон ором аст ва зиндагӣ ба маҷрои пешинаи худ идома дорад. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳам бо такя ба баёнияи Кумитаи марзбонии Қирғизистон хабар додааст, ки сокинони рустои Оқсой роҳи ҷазирақаламрави Ворухро боз кардаанд ва авзоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таҳти контроли мақомоти интизомӣ ва марзбонон аст.

Мақомоти вилояти Ботканди ҳаммарз бо Тоҷикистон иддао доранд, ки ҷанҷол субҳи рӯзи 2 –уми август ва баъд аз он шурӯъ шуд, ки гурӯҳе аз сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара ба киштзорҳои ҷуворӣ ва полезҳои дигари мардуми рустои Оқсой ворид шуда ва ба ҷамъвории «ҳосили онҳо» шурӯъ кардаанд. Аммо мусоҳиби Радиои Озодӣ ин иддаоро беасос хонда гуфт, ки гурӯҳе аз бачаҳои 10-12-сола дар наздикии марз гов мечаронидаанд ва саргарми бозии онҳо молашон тасодуфан ба киштзорҳои ҷуворимаккаи сокинони рустои Оқсой ворид шудааст. Баъд аз ин ба гуфтаи Насрулло, марзбонони қирғиз ҳамроҳи чанд сокини русто, наврасони тоҷикро задаанд ва молашонро бо худ бурдаанд. Сокинони рустои Хоҷаи Аъло ҳам баъди ин ба суроғи бачаҳову молҳояшон рафтаанд ва дар натиҷа байни ду тараф муноқиша сар задааст.

Кумитаи марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ки дар ин муноқиша сокинони Тоҷикистон оинаҳои мошини ду шаҳрванди он кишварро шикастанд. Насрулло сокини рустои Хоҷаи Аъло низ ин гуфт, дар воқеъ чунин ҳодиса сурат гирифт. Баъди ин мақомоти ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканди Қирғизистон ба ҷанҷол дахолат карда ва ба мувофиқа расидаанд, ки «тарафи Тоҷикистон ба кишоварзони қирғиз 10 ҳазор сом ҷуброн пардохта ва пули таъмири мошинҳоро ҳам медиҳад». Таъйиди ин хабар аз мақомоти Тоҷикистон дар рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, вале онгуна ки Насрулло, сокини рустои Хоҷаи Аъло ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гуна ҷанҷолу масъалаҳои байни сокинони рустоҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон бе дахолати мансабдорон ҳал намешавад. Ба гуфтаи Насрулло «ҳама кор хушӣ ба хушӣ ҳал шуд, ҳозир ҳамаҳо боз аст, ҳама ба кору бори худаш овора ва қирғизҳо ҳам дар қишлоқи мо бемалол гаштаанд ва ҳеҷ кас ҳам ба онҳо кор надорад.»

Дар ин гӯшаи аломатгузориношудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамин сол чандин бор ҷангу муноқиша сар зад. Моҳи гузашта ва дар рӯзи 10-уми июл ҳангоми даъво бар сари қаламрав байни марзбонони қирғизу тоҷик низоъ бархост ва дар натиҷаи тирандозии марзбонони қирғиз 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардошт ва як нафари дигар кушта шуд. Як марзбони тоҷик низ дар ин муноқиша захмӣ шуд. Муноқишаи аз ин ҳам бадтар ва боз ҳам бар сари қаламравҳои баҳсбарангез рӯзи 11 январ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 2 марзбони тоҷик ва 6 марзбону як маъмури милисаи Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд.

Солҳост, ки ин гуӯшаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин рӯ байни сокинони рустоҳои марзии вилояти Суғд ва Ботканд гоҳ-гоҳе барои обу замину чарогоҳ ҷанҷолу муноқиша мехезад. Дар замони шӯравӣ ҳам ингуна ҳодисаҳо низ будааст, аммо бисёр кам. Марзи Исфараву Бодканд доғтарин нуқтаи марзи 971-километрии Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад. То ҳол аз 971 километр марзи ду кишвар танҳо 504 километраш таъин ва аломатгузорӣ шудааст ва аксари нуқтаҳои баҳсбарангези марз дар Исфараву Бодканд мебошад.

Кумиссиёни байниҳукуматии ду кишвар солҳост, ки натавонистааст, ба далели ихтилофоти амиқи назар дар робита ба қаламравҳои печида ва қонуну қарорҳои «ҷудоиандози» замони шӯравӣ марзи байни ду кишварро таъйину аломатгузорӣ кунанд. Ба гуфтаи Насрулло, «чиҳилу ҳашт сол аст, ки аҳвол ҳамин, онҳо мезананд, мо мезанем, онҳо мезананду мо мезанем» ва то замоне ки масъалаи сарҳад ҳал нашавад, аҳвол чунин хоҳад буд ва ҳатто ба гуфтаи коршиносон метавонад, ба муноқишаи бузургтаре байни ду кишвар бипечад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG