Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳунарманди тоҷик Султон Нурмуҳаммадов бо намунаҳои корду шамшерҳои дастисохташ дар ҷашнвораи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Масқати кишвари Уммон баҳои баланд гирифтааст.

Хонаводаи Султон Нурмуҳаммадов аз кордсозони авлодиест, ки ба ҳисоби худашон, аз 500 сол пеш то рӯзҳои мо ин ҳунари қадимиро идома медиҳад.

Султон-амак дар сӯҳбат бо Озодӣ дар бораи он ки чӣ корду ханҷарҳои дастисохташро ба ҷашнвораи Уммон бурдааст, чунин гуфт: “Асосан кордҳои миллии тоҷикӣ, армуғонӣ ва намунаҳои корду ханҷарҳои тӯли 20 сол сохтаамро ба маърази намоиш гузоштам. Мо, тоҷикон, ба кордҳои дастисохт дилбастагие дорем. Аммо мардуми шаҳри Масқат – пойтахти Уммон аз мо ҳам бештар ба кордҳои дастисохт меҳр доштаанд. Дар муддати 17 – 18 рӯзе, ки дар ҷашнвора иштирок доштем, ягон рӯзе набуд, ки то 1 – 1500 нафар ва на фақат мардон, балки занон ҳам, ба тамошои кордҳои дастисохти мо наоянд. Онҳо тамошо мекарданд, корд мехариданд, ҳамроҳамон акс мегирифтанд. Ин нишонаи дилбастагии хоси онҳо ба ҳунари кордсозии дастӣ аст, ки дар он ҷо ҳам равнақ доштааст.”



Дар дӯкони хурди Султон-амак дар назди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд намунаи корду ханҷарҳои дастисохти ӯву шогирдонаш ба маърази намоиш ва фурӯш гузошта шудааст. Даҳҳо кордҳои сафеду сияҳпӯлод бо даставу ғилофҳои аз шохҳои гову барраву оҳуву ғурму гавазн ва аз устухони фил дар деворҳои дӯкон овехта ва дар рафҳо чида шудаанд. Усто Султон мегӯяд, барои сохтани як корд то 3 рӯз вақт сарф мекунад ва он то 50 сол хӯрда нашуда, хидмат мекунад. Нархи онҳо аз 50 то 300 сомонӣ аст.

Дӯкони усто Султон

Дӯкони усто Султон

“Авлоди мо аз қадим кордсозанд. Ба ривояти гузаштагонамон, дар асри 15 ҳунари кордгарӣ эътибори зиёд пайдо карда, дар Хуҷанду Истаравшан дар баробари маҳаллаҳои мисгарон, дегрезон, кулолгарон, читгарон гузари кордгарон ҳам пайдо шудааст. Ман дар Гузари Кордгарони Истаравшан, дар наздикии маҳаллаи Гунбади Кабуд ба дунё омадаам. Падари ман дар хонаамон як дӯкони кордгарӣ доштанд ва ман аз кӯдакӣ ба он даромада, кори падарро тамошо мекардам. Ва аллакай дар синни 10-11-солагӣ кордсозиро қариб пурра аз худ карда будам,” – қисса кард усто Султон.

Ҳоло корду ханҷарҳои дастисохти усто Султон, ба гуфтаи худаш, дар чандин кишварҳои дунё, Австралияву Канада, Зеландияи наву Олмон ва давлатҳои арабӣ мухлисону харидорон дорад. Сифати баланди пӯлод, нагаштани дами корд, ороишоти хоси миллӣ ва гоҳе омезиш бо тарзи кордсозии ғарбӣ корду ханҷарҳои Султон-амакро байни офаридаҳои кордсозони дигар имтиёз медиҳад.

Ба гуфтаи вай, дар ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои халқӣ дар шаҳри Масқат, ки ахиран барзгузор гашт, боз 5 ҳунарманди сангтарошу сӯзаниву зардӯзи тоҷик, аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд иштирок доштанд ва намунаҳои ҳунарҳои онҳо низ аз ҷониби уммониён гарм пазируфта шудааст.

Султон-амаки 71 сола дар шаҳри Хуҷанд як коргоҳи кордсозиву як дӯконаке барои фурӯши ин кордҳо дорад. Вай мегӯяд, 15 шогирд тарбият кардааст, ки касбашро давом медиҳанд ва се нафари онҳо писарони худи ӯянд. Онҳо пӯлодро дар оташу об дастӣ обутоб медиҳанд.

Рӯзи 19 - уми феврал дар дӯкони Султон-амак писари калониаш - Содиқ - ва набераи 7 солааш - Саидаъзам - ҳам ҳозир буданд.

Саидаъзами 7-сола ба Озодӣ гуфт, кори бобояш ба вай маъқул аст ва орзу дорад, ки низ кордсоз шавад. Султон-амак мегӯяд, панҷаи дастони ин наберааш мисли нусхаи хурди панҷаи дастони худи ӯянд, зеро ангушти калони ҳарду ба ақиб тоб мехӯрад. Вай ҳам 60 сол пеш мисли Саидаъзам ҳамин тавр ба кордсозии падараш зеҳн мемонд ва орзу мекард, ки рӯзе мустақилона корду ханҷар бисозад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG