Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Бувайсар Сайтиев - ба паҳлавони навраси тоҷик


Абдумуслим Раҷабов, варзишгари навраси тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои ҷавоизи қаҳрамони секаратаи олимпӣ Бувайсар Сайтиев дар Русия медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои ҷавоизи қаҳрамони секаратаи олимпӣ Бувайсар Сайтиев, ки рӯзҳои 25-26-уми октябр дар шаҳри Красноярски Русия баргузор шуд, Абдумуслим Раҷабов, варзишгари навраси тоҷик, дар рақобатҳо дар вазни то 69 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқаи ҷашнӣ, ки барои бори даҳум баргузор шуд, 335 гуштигири навраси синнашон 15-16-сола аз 14 минтақаи Русия, инчунин, меҳмонон аз Белгия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Олмон, Тоҷикистон, Узбакистон, Фаронса, Ҷопон ва Эрон ширкат доштанд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа беш аз як миллион рублро ташкил медод. Барои ҷойҳои аввал ғолибон 50 ҳазор рублӣ, барои ҷойҳои дувум 30 ҳазор ва барои ҷойҳои севум 20 ҳазор рублӣ гирифтанд.

Паҳлавонони навраси Русия дар даҳ вазн пирӯз шуданд. Танҳо дар як вазн - то 76 кило - варзишгари хориҷӣ - Яжури Ямасаки аз Ҷопон - ғолиб омад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа
42 кг
1. Антон Якименко (Русия)
2. Муслим Меҳтихонов (Русия)
3. Михаил Дикобоев (Русия)
3. Муҳаммадалӣ Обидҷонов (Узбакистон)
46 кг
1. Муҳамммадхон Муҳиддинзода (Русия)
2. Амир Парастеҳ (Эрон)
3. Рустам Ҷӯраев (Узбакистон)
3. Шерзод Шамсуддинов (Узбакистон)
50 кг
1. Алексей Копилов (Русия)
2. Разамбек Ҷамолов (Русия)
3. Такума Танияма (Ҷопон)
3. Виктор Хан (Русия)
54 кг
1. Усмон Шаҳгириев (Русия)
2. Аббосҳоҷӣ Магомедов (Русия)
3. Муҳаммад Курскиев (Русия)
3. Зоригто Булдаев (Русия)
58 кг
1. Буян-Даш Сат (Русия)
2. Куаниш Дусенқул (Қазоқистон)
3. Эрик Аветян (Русия)
3. Ай-Хаан Серээ (Русия)
63 кг
1. Байир Ондар (Русия)
2. Очир Дорҷиев (Русия)
3. Соел Содномдашиев (Русия)
3. Ҳасан Шокирибриё (Эрон)
69 кг
1. Дмитрий Зайниддинов (Русия)
2. Абдуқодир Абдуғаффор (Қазоқистон)
3. Нурхоҷа Кайпанов (Қазоқистон)
3. Абдумуслим Раҷабов (Тоҷикистон)
76 кг
1. Яжури Ямасаки (Ҷопон)
2. Эртине Мортуй-Оол (Русия)
3. Андрей Тефанов (Русия)
3. Артём Кримов (Русия)
85 кг
1. Мансур Идрисов (Русия)
2. Михаил Самсонов (Русия)
3. Ҷонтос Дарибой (Қазоқистон)
3. Саидболфазл Ҳасимидҷоварӣ (Эрон)
100 кг
1. Юрий Власко (Русия)
2. Серик Бакитҷонов (Узбакистон)
3. Ҳасанбой Раҳимов (Узбакистон)
3. Насим Ҳасанзода (Эрон)
120 кг
1. Семён Коломийцев (Русия)
2. Ҳасан Раҳимов (Узбакистон)
3. Егор Зубков (Русия)
3. Олег Балаев (Русия)

XS
SM
MD
LG