Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон


​Аз 23 то 27 октябр дар Имороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо байни гуштирони синашон то 21-сола баргузор мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо байни навҷавонон (World Judo Chempionships Juniors Abu Dhabi 2015) аз 23 то 27 октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби - барпо мегардад. Дар ин мусобиқа 560 гуштигир (338 мард ва 222 зан), варзишгарони солҳои таваллудашон 1995-1997 аз 82 кишвар барои 16 маҷмӯи медалҳо ( 8 – мардон ва 8 – занон) дар сабқати инфиродӣ ва барои ду маҷмӯъ дар сабқати дастаӣ мубориза мебаранд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 10 гуштигир дохиланд, ки аз рӯи шаш дараҷаи вазнҳо рақобат мекунанд. Дар чаҳор вазн - 81, 90, 100 ва беш аз 100 кг дунафарӣ, дар ду вазн - 66 ва 73 кг – якнафарӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард. Шарафи Тоҷикистонро инҳо ҳимоя мекунанд: Эраҷ Абдуллоев (66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Акмал Муродов ва Комрон Карликов (81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов ва Фаррухи Салим (90 кг), Темур Раҳимов ва Санавбар Шанбиев (100 кг), Баротҷон Наимов ва Хуршед Маҷидов (беш аз 100 кг).

Сабқати инфиродӣ чаҳор рӯз – аз 23 то 26 октябр идома меёбад. Ҳаррӯз дар мусобиқа гуштигирон барои чаҳор маҷмӯи ҷоизаҳо талош мекунанд. Муборизаро варзишгарони вазнашон сабук – ҷавонмардон дар вазнҳои 55 ва 60 кг ва духтарон дар вазнҳои 44 ва 48 кг – рӯзи 23 октябр шурӯъ менамоянд.

Рӯзи шанбеи 24 октябр барои медалҳо писарон дар вазни 66 ва 73 кг, духтарон дар вазни 52 ва 57 кг, рӯзи якшанбеи 25 октябр – ҷавонмардон дар вазни 81 ва 90 кг, духтарон дар вазни 63 ва 70 кг, рӯзи душанбеи 26 октябр – ҷавонони вазнашон сангин - 100 ва беш аз 100 кг, инчунин духтарони вазнашон 78 ва беш аз 78 кг – вориди рақобат мешаванд.

Рӯзи сешанбеи 27 октябр сабқати дастаӣ миёни писарон ва духтарон баргузор мешавад. Мусобиқа ҳаррӯз соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз меёбад. Қувваозмоиҳои ниҳоӣ соати 17:00 шурӯъ мешаванд.

Ёдовар мешавем, паҳлавони тоҷик Фаррухи Салим дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо байни ҷавонон (Junior Asian Judo Championships 2015), ки рӯзҳои 11-12 октябр дар Бангкоки Тайланд, баргузор шуд, соҳиби медали тило гардид. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило баъди ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ бар Сунглим Чой (Кореяи Ҷанубӣ) ва Темирлан Колбай (Қазоқистон), ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр Фаррух бар Азамат Бектурсунов (Қирғизистон) пирӯз шуда, сипас дар қувваозмоии ниҳоӣ Ботир Хоҷамуҳаммадови туркманро шикаст дод ва барои ҷойи аввал бо медали тило сарфароз гашт.

Варзишгари дигари тоҷик Акмал Муродов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Кейсей Накано (Филиппин), сипас барИмон Некиқбол (Эрон) ғолиб шуд. Вале Акмал баъдан аз Мунхҷаргал Ерденехуу (Муғулистон) ва Сейго Масаки (Ҷопон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни ҷавонон дар Тайланд ҳамагӣ 168 варзишгар (98 писар ва 70 духтар) аз 23 кишвар иштирок дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 3 гуштигир дар сабқати ҷавонон намояндагӣ карданд. Вале намояндаи севуми Тоҷикистон – Темур Раҳимов - дар вазни то 100 кило дар аввалин қувваозмоияш аз Ёшинобу Ито (Ҷопон) шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гашт.

Инчунин дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо (Cadet Asian Judo Chempionships) байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 10-11 октябр дар Тайланд баргузор шуд, соҳиби ду медал – як тило ва як биринҷӣ - гардид.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Алӣ Парҳезгар (Эрон) ғолиб омад ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ бар Санҷар Ҷабборов(Қазоқистон) пирӯз шуда, дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҳёнҳо Чойро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод ва барои ҷойи аввал бо медали тило мукофотонида шуд.

Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов дар рақобатҳо дар вазни зери 55 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ӯ бар Рян Кристиан Бенавидез (Филиппин) ғолиб гашт. Вале баъдан аз Баяман Сагибой Уулӣ (Қирғизистон) шикаст хӯрд. Дар мубориза барои ҷойи севум паҳлавони тоҷик аввал бар Ифтихор Аҳмад (Покистон) ва сипас бар Ҷунву Банг (Кореяи Ҷанубӣ) дастболо шуд ва дар натиҷа бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дармусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё дар Тайланд байни наврасон (кадетҳо) ҳамагӣ 166 варзишгар (98 писар ва 68 духтар) аз 22 кишвар иштирок дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар дар сабқати писарон намояндагӣ карданд. Натиҷаҳои ба даст овардаи чаҳор гуштигири дигари тоҷик – Ҷаҳонгир Маҷидов (вазни то 73 кг, ҷойи панҷум), Ҷамолиддин Абдуллоев (то 60 кг, ҷойи ҳафтум), Шоҳмансур Ёқубов(то 66 кг, ҷойи ҳафтум) ва Носирхӯҷа Зайниддинов (то 81 кг, ҷойи ҳафтум) – низ қобили таваҷҷӯҳ аст.

XS
SM
MD
LG