Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медали тиллои Хуршед Маҷидов дар Иркутск (ВИДЕО)


Хуршед Маҷидов, паҳлавони тоҷик дар мусобиқа дзюдо барои Ҷоми мири шаҳри Иркутск дар миёни ҷавонони соли таваллудашон 1997-1999 дар вазни +100 кило бар ҳамаи ҳарифони худ пирӯз шуд ва соҳиби медали тилло гашт.

Паҳлавони тоҷик дар ин мусобиқа ҳарифони худ аз Русия, Муғулистон, Ҷопон ва дар финал ҳарифаш аз Қазоқистонро дар 10 сония мағлуб кард.

Дар ин мусобиқа, ки бори дуввум баргузор мешавад, 321 варзишгар аз 27 кишвари дунё ширкат варзиданд. Ба иловаи Хуршед, дар ин муосибиқа бародараш Ҷаҳонгир Маҷидов миёни наврасони соли таваллудашон 2000 дар вазни 81 кило дар даври аввал ҳарифаш аз Қазоқистонро шикаст дод ва дар даври дуввум аз паҳлавони ҷопонӣ мағлуб шуд.

Дар ин вазн паҳлавони дигари тоҷик Ёқубҷон Назиров, ки аз номи Русия баромад мекард, мақоми 3-юмро ба даст овард. Ҳамчунон дар ин мусобиқа Ёсин Неъматов дар вазни 81 кило ширкат дошт, аммо дар даври нахустин аз паҳлавони ҷопонӣ шикаст хӯрд.

Воқеан, ин дуввумин медали Хуршед Маҷидов дар соли ҷорӣ аст. Ӯ дар моҳи май дар Ҷоми Осиё дар шаҳри Тошканд соҳиби медали нуқра ва мақоми дуввум шуда буд.

Зимнан 30 июл дар мусобиқоти Ҷоми дзюдои Осиё байни варзишгарони то 16-сола дар Макао Ҷаҳонгир Маҷидов соҳиби медали тилло ва Ёсин Неъматов сазовори нишони биринҷӣ шудаанд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар ин мусобиқот дар вазни 81 кило бар тамоми ҳарифонаш ғолиб омада, сазовори медали тило ва Ҷоми Осиё шуд.

Барои Ҷаҳонгир Маҷидов, яке аз умедҳои навраси гуштии тоҷик, нишони тилои Ҷоми Осиё алакай сеюмин медал дар як моҳи охир аст. Ҷаҳонгир дар мусобиқоти Ҳонгконг низ медали тило ва рӯзи 5 июл дар Бозиҳои кӯдакони Осиё медали нуқра ба даст оварда буд.

Ҷаҳонгир Маҷидов феълан дар раддабандии беҳтарин гуштигирони наврас дар навъи гуштии дзюдо дар ҷаҳон бо 102 имтиёз дар мақоми 19-ум қарор дорад. Пирӯзӣ дар Макао имкон медиҳад, ки ӯ мавқеашро дар ин раддабандӣ беҳтар кунад.

XS
SM
MD
LG