Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти варзишгарони тоҷик аз Узбакистон бо 7 медал


Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон ҳафт медал ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо байни наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 8-9-уми ноябр дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон баргузор шуд, варзишгарони ҷавони тоҷик ҳафт медал (2 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) гирифтанд.

Дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз шаш кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон – ширкат варзида, дар 8 вазн ҳам байни писарон ва ҳам миёни духтарон қувваозмоӣ карданд. Ширкаткунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ, инчунин, имсол барои имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасони соли 2018 мубориза бурданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбакистон бо касби 14 медали тилло ғолиб шуд.

Ба иттилои Федератсиюни дзюдои Тоҷикистон ба ҳайати мунтахаби кишвар 23 варзишгар дохил буд. Эраҷ Абдуллоев дар вазни то 66 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 90 кило бар ҳамаи рақибонашон дастболо шуда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Чаҳор намояндаи дигари Тоҷикистон - Фирдавс Назаров (56 кг), Салмон Раҳмихудоев (66 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кг) ва Ардашер Мирзоев (+90 кг) – барои ҷойҳои дувум бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Инчунин Илҳомҷон Ҳофиззода дар вазни то 66 кило медали биринҷӣ гирифт.

Ин мусобиқа барои варзишгарони навраси тоҷик як давраи омодагӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё буд, ки он моҳи декабр дар Ҳонконг баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG