Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 6-8 октябр дар пойтахти Узбакистон – Тошканд баргузор шуд, бе медал монданд.

Дар ин мусобиқа, ки байни мардону занон дар ҳафт вазн сурат гирифт, 135 варзишгар (81 мард ва 54 зан) аз 15 кишвари ҷаҳон барои медалҳо мубориза бурданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд: Баҳодур Ҳалимов, Асадулло Тоҳиров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Шамоили Ҷаҳонгир, Хаёмиддин Ҷабборов ( ҳарду дар вазни то 73 кг), Комроншоҳи Устопириён, Муртазо Аминов (ҳарду дар вазни то 90 кг), Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов ( ҳарду дар вазни то 100 кг).

Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов ҷойҳои 5-умро соҳиб шуданд. Ин баландтарин мақоми паҳлавонҳои тоҷик дар пойтахти Узбакистон буд ва онҳо дар ин мусобиқот комилан бе медал монданд.

Комроншоҳ баъди пирӯзӣ дар даври муқаддамотӣ бар Зиё Намозов (Озарбойҷон) ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Давронбек Сатторов (Узбакистон) шикаст хӯрд. Комроншоҳ баъдан барои медали биринҷӣ аз Магомед Магомедов (Русия) мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми 5-умро соҳиб шуд.

Саидҷалол бошад, пас аз ғалаба дар даври аввал бар Бекмурод Олтибоев (Узбакистон), дар даври ниманиҳоӣ аз Ҷалил Шукуров (Озарбойҷон) шикаст хӯрд. Ӯ баъдан қувваозмоиро барои медали биринҷӣ ба Виктор Демяненко (Қазоқистон) бохт ва дар натиҷа мақоми 5-умро азони худ кард.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ дар байни 15 кишвар бо ду ҷойи 5-ум дар мақоми 13-ум қарор гирифт.

Мунтахаби Узбакистон бо касби 6 медали тилло, 3 нуқра ва 11 биринҷӣ соҳиби ҷойи аввал шуд. Қазоқистон (3-2-5) ҷойи дувум ва Русия (3-2-4) ҷойи севумро ишғол карданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот

Мардон
60 кг
1. ТИЛОЛОВ Мӯҳриддин (Узбакистон)
2. ТРБОВИЧ Матиаз (Словения)
3. ЛУТФИЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбакистон)
3. ЖАУЙНТАЕВ Баюржан (Қазоқистон)

66 кг

1. ТАКАИЧИ Кенго (Ҷопон)

2. МУКАНОВ Азамат (Қазоқистон)

3. ДОВДОН Алтансух (Муғулистон)

3. ЙЕРЕБ Андраз (Словения)

73 кг
1. ФАРМОНОВ Мирҷаҳид (Узбакистон)
2. БОБОЕВ Ғиёсҷон (Узбакистон)
3. КУРЖЕВ Уалӣ (Русия)

3. СОБИРОВ Мӯсо (Узбакистон)

81 кг
1. БОБОНОВ Давлат (Узбакистон)
2. ВАТАНАБЕ Хаято (Ҷопон)
3. ИСМАИЛОВ Руфат (Озарбойҷон)
3. МРВАЛҶЕВИЧ Срҷан (Черногория)

90 кг
1. ИМОНОВ Яҳё (Узбакистон)
2. САТТОРОВ Давронбек (Узбакистон)
3. ХУРРАМОВ Муҳаммадкарим (Узбакистон)
3. МАГОМЕДОВ Магомед (Русия)

100 кг

1. ҚУРБОНОВ Сойиб (Узбакистон)
2. ШУКУРОВ Ҷалил (Озарбойҷон)
3. ДЕМЯНЕНКО Виктор (Қазоқистон)
3. ДОНИЁРОВ Еркин (Узбакистон)

+100 кг
1. ШИНКЕЙЕВ Йерҷан (Қазоқистон)
2. ВОЛКОВ Андрей (Руусия)
3. БОЛТАЕВ Болтабой (Узбакистон)
3. ВАХАВЯК Александр (Беларус)

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо дар Тошканд мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 9 гуштигир иштирок карда, як медал ба даст оварда буд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило барандаи медали нуқра гардида буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG