Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвиз Собиров, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ғолиб шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016), ки дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷараён дорад, паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров медали тилло ба даст овард.

Вай дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило дар гурӯҳи М2 дар даври муқаддамотӣ бар Грегори Каусеро (Фаронса) ва Венер Мелло (Бразилия) пирӯз шуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар нифинал гуштигири тоҷик бар Дамиан Оҳара (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ғолиб омад ва ба финал баромад. Парвиз дар қувваозмоии ниҳоӣ Яник Лавиалеро аз Фаронса шикаст дод ва ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гашт.

Парвиз Собиров. ки 12 ноябри соли равон 36-сола шуд, дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Вай дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ борҳо шарафи Тоҷикистонро ҳимоя намуда ба ҷоизаҳои қаҳрамонии Осиё ноил шудааст. Парвиз инчунин дар Бозиҳои тобистонаи олимпии 2012 дар Лондон ширкат кардааст. Айни ҳол ӯ муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе мебошад.

Дар се рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон ҳамагӣ 999 варзишгар (877 мард ва 122 зан) аз 63 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа аз рӯи ҳафт вазн миёни варзишгарони синашон аз 30-сола боло дар гурӯҳҳои мухталиф сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ боз чаҳор варзишгар намояндагӣ кард: Алишер Аламов (M3 -73 кг), Ҷавҳаршо Ёқубов (M3-81 кг), Мирзо Абдуллоев (M4-100 кг), Бозоралӣ Маҳмудов (M5-100 кг). Аз байни танҳо Алишер Аламов ба натиҷаи нисбатан хубтар ноил шуд. Вай дар гурӯҳи худ дар вазни то 73 кило мақоми ҳафтумро ишғол намуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 42 медал – 17 тилло, 11 нуқра ва 14 биринҷӣ – дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 40 медал (12+7+21) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Бразилия бо касби 40 медал (9+13+18) дар ҷойи севум қарор гирифтаанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо як медали тилло ва як ҷойи ҳафтум мақоми 25-умро касб кардааст.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни собиқадорон сар аз соли 2012-ум ширкат карда, бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шудаанд. Масалан, чаҳор сол муқаддам дар чунин мусобиқа, ки дар Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуда буд, Хайрулло Назриев дар гурӯҳи варзишгарони синашон 50-54-сола дар вазни мутлақ медали тилло ба даст овардааст. Баъдан Саламшо Муҳаббатов соли 2013-ум дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб дар гурӯҳи паҳлавонони аз 50 то 54-сола дар вазни зери 90 кило бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG