Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Африқо


Саидҷалол Саидов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи кушодаи Ҷоми Африқо оид ба дзюдо дар Маврикий медали биринҷӣ ба даст овард.

Паҳлавони тоҷик Саидҷалол Саидов дар мусобиқаи кушодаи Ҷоми Африқо оид ба дзюдо дар шаҳри Порт-Луиси Маврикий барандаи медали биринҷӣ гардид. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Словения ва Сенегал ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале Саидҷалол аз Патрик Мосери суисӣ шикаст хӯрд. Баъдан паҳлавони тоҷик барои ҷойи севум Стефан Ҷурисичи сербиягиро мағлуб кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳммонов дар вазни беш аз 100 кило барои ҷойи севум аз намояндаи Озарбойҷон Ушанг Кокаури шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.

Вале ду паҳлавони тоҷик – Кароматулло Ҳакимов ва Муҳаммад Мирзоев (ҳарду дар вазни 73 кг) - дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Дар мусобиқаи кушодаи Ҷоми Африқо 214 гуштигир (140 мард ва 74 зан) аз 51 кишвар ширкат дошт. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби се медали тилло, се нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт. Мунтахаби Канада (2-0-3) дувум ва тими Бритониёи Кабир (1-2-2) севум шуданд. Дастаи Тоҷикистон мақоми 20-умро ишғол кард.

Ёдовар мешавем, Саидҷалол Саидов дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё, ки рӯзҳои 13-14 майи соли равон дар Кувайт баргузор шуда буд, дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Кай Ҳу (Чин), дар даври дувум аз Максим Раков (Қазоқистон) мағлуб гашт. Баъдан ӯ бар Ҷавод Маҳҷуб (Эрон) ғолиб омад ва барои ҷойи севум Рамзиддин Саидови узбакистониро шикаст дода, бо медали биринҷӣ сарфароз гаштааст.

XS
SM
MD
LG