Пайвандҳои дастрасӣ

Ду медали наврасони тоҷик дар Ҷоми Аврупо


Шукрона Қарчиева (аз чап якум)

Шукрона Қарчиева (аз чап якум)

Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Умедҳои Твер” оид ба дзюдо, ки Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад, ду медали нуқра ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи байналмилалии “Умедҳои Твер” оид ба дзюдо байни наврасон, ки 6 сол инҷониб Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад, гуштигирони навраси тоҷик ду медали нуқра ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа 295 варзишгар (176 писар ва 119 духтари солҳои таваллудашон 1998-2000-ум) аз 19 кишвар рӯзҳои 4-5 апрел дар шаҳри Твери Русия рақобат карданд. Мусобиқа таҳти сарпарастии Иттиҳоди дзюдои Аврупо ва дастгирии Вазорати варзиш ва Федератсияи дзюдои Русия, ҳукумати вилояти Твер баргузор шуд.

Дар сабқати дурӯза варзишгарон барои 16 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 47 медал (16 тилло, 9 нуқра ва 22 биринҷӣ) ғолиб омад. Дастаи Қазоқистон бо касби 7 медал (3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дувум шуд. Мунтахаби Беларус бо касби 2 медали 2 нуқра дар мақоми севум қарор гирифт.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, мунтахаби ҷумҳурӣ, ки дар ин мусобиқа бо шумули 8 писару як духтар ширкат дошт, дар ҳисоби умумидастаӣ бо 2 медали нуқра ва як ҷойи 7-ум чорум шуд.

Дар сабқати духтарон Шукрона Қарчиева аз бошгоҳи варзишии "Вастан" дар вазни то 48 кило мақоми дувумро касб карда, соҳиби медали нуқра гардид. Вай баъди се ғалаба бар Муҳаббат Бӯриева (Русия), Кумушой Соскеева (Қирғизистон) ва Даря Харлапанова (Русия) ба финал баромад. Шукрона дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Фаина Кулиш (Русия) мағлуб гашт.

Духтарон

- 48 кг
1. КУЛИШ Фаина (Русия)
2. ҚАРЧИЕВА Шукрона (Тоҷикистон)
3. ВУКОВИЧ Мария (Сербия)
3. ХАРЛАПАНОВА Даря (Русия)

Дар сабқати писарон Хуршед Маҷидов аз ҷамъияти варзишии "Динамо" дар вазни беш аз 90 кило бар се рақибаш – Данила Папсулин (Русия), Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) ва Владимир Костин (Сербия) – дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Кемал Каитови русиягӣ шикаст хӯрд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Писарон

+90 кг
1. КАИТОВ Кемал (Русия)
2. МАҶИДОВ Хуршед (Тоҷикистон)
3. КАМОЛОВ Артур (Русия)
3. ТАСОЕВ Инал (Русия)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG