Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони тоҷик, барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо гардид.

Сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки рӯзи 5 октябр дар Душанбе багузор шуд, бо пирӯзии Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони тоҷик, ба поён расид. Мусобиқа бо ширкати 40 гуштигир (23 нафар аз Тоҷикистон ва 17 нафар аз кишварҳои хориҷӣ) аз 13 кишвар дар майдони тенниси Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сурат гирифт.

Дар маросими кушоиши мусобиқа варзишгаронро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Адҳам Маъмурзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои кишвар, табрик карданд.

Маҳмуди Абдулло, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Дар ин мусобиқа, ки барои севумин бор дар рӯзи мавлуди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, варзишгарони ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон), инчунин варзишгарони Афғонистон, Беларус, Италия, Куба, Миср, Русия, Эрон ва Юнон ширкат варзиданд. Мусобиқа танҳо дар вазни мутлақ, яъне аз 81 кило боло сурат гирифт”.

Ба иттилои Маҳмуди Абдулло, паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири Беларус Александр Ваховяк ғолиб шуд. Муҳаммадмурод ба ҷуз Ҷоми президенти Тоҷикистон бо ҷоизапулӣ ба маблағи 7 ҳазор доллари ИМА сарфароз гардид. Ба Ваховяк, ки ҷойи дувумро гирифт, 4 ҳазор доллар супурда шуд. Алварис (Куба) ва Фирдавс Насимов (Тоҷикистон), ки ҷойҳои севумро соҳиб гаштанд, бо 2 ҳазор долларӣ қадрдонӣ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG