Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти қозӣ Искандар Саидзода бо 111 000 $


Искандар Тӯйчӣ Саидзода. Акс аз сомонаи Оҷонсии мубориза бо фасод

Искандар Тӯйчӣ Саидзода. Акс аз сомонаи Оҷонсии мубориза бо фасод

Искандар Тӯйчӣ Саидзода - додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми гирифтани 111 ҳазор доллар пора дастгир кардаанд. Ӯ дар ивази ришва нисбат ба ду нафар ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷаримаро татбиқ кардааст.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 24 июн хабар дод, ки алайҳи Искандар Саидзода, қозӣ ё додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми гирифтани 111 ҳазор доллар пора парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зиддифасод гуфт, Искандар Саидзода рӯзи 17 июн дастгир шуда, парвандаи зидди ӯ бар асоси банди “б”-и қисми чоруми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (гирифтани пора ба маблағи калон ва бо истифода аз мақоми давлатӣ) кушода шудааст.

Бино ба ин манбаъ, Саидзода Искандр Тӯйчӣ моҳи апрели соли равон як парвандаи аз сӯи Оҷонсии зиддиифасод бо иттиҳоми қаллобӣ анҷомшударо барои муҳокима гирифта, “бо мақсади гирифтани пора, яъне аз ҷониби шахси мансабдор шахсан гирифтани пора барои иҷрои амали муайян ба манфиати порадиҳанда, бо ваъдаи пуштибонии умумӣ дар раванди баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ, дар утоқи кории худ, аз судшавандагон "А" ва "Б" сараввал маблағи 2500 доллари амрикоӣ шахсан ба сифати пора талаб намуда, худи ҳамон рӯз ин маблағро аз номбурдагон шахсан гирифт.”

Додраси парванда ҳамин тавр, дар муддати ду ҳафтаи аввал бо ваъдаи кумак дар баррасии қазияи онҳо аз ин ду нафар, ки Оҷонсии зиддифасод дар гузориши худ танҳо “А” ва “А” номашон бурдааст, як дафъа 2000 ва бори дувум 5000, дар маҷмӯъ 7 000 доллар мегирад.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зиддифасод меафзояд: “Инчунин, тахминан аввалҳои моҳи апрели соли 2016, судя Саидзода Искандар Туйчӣ зимни баррасии ҳамин парвандаи ҷиноятӣ, кирдорҳои қасдонаи ҷинояткоронаи худро идома дода, зери таҳдиди таъини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маблағи 50000 доллари амрикоиро дар утоқи кории худ аз судшавандагон "А" ва "Б" шахсан ба сифати пора талаб намуд.”

Саидзода, ба гуфтаи тафтишот ин 50 ҳазорро дар ду навбат – бори аввал 40 ҳазору бори дувум 10 ҳазор долларо дар утоқи кориаш дар бинои додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ аз “А” ва “Б” гирифта, дар иваз рӯзи 19 май онҳоро ба “ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷазо дар намуди ҷарима” маҳкум кардааст.

Искандар Саидзода, ҳамин тавр, аз ҳамин ду нафар – “А” ва “Б”, ки Оҷонсии зиддифасод алайҳашон боз як парвандаи дигар дошт, бо ваъдаи айни ҷазои ғайриҳабсӣ боз 50 000 доллари дигар талаб кардааст.

Як манбаъ дар Оҷонсии зиддифасод ба Радиои Озодӣ гуфт, иштибоҳи Искандар Саидзода ин буд, ки ӯ аз парвандаҳои тафтишашон аз сӯи Оҷонсии зиддифасод анҷомшуда талаби ришва кард ва афроди муттаҳам дар ин парвандаҳо тпеши муфаттишони Оҷонсӣ худситоӣ ҳам кардаанд, ки моро шинонда натавонистед-ку?

Дар ҳар сурат, рӯзи 17 июн вақте додрас Искандар Саидзода мехост 50 ҳазори дуюмро аз “А” ва “Б” бигирад, аз ҷониби маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд.

Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ

Фасод як мушкили фарогири низоми идории Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ин кишвар дар гузоришҳои байналмилалӣ дар радифи кишварҳои фасодзадатарин номбар шуда, барои он интиқод мешавад, ки дар роҳи мубориза бо фасод танҳо бо таъқиби “моҳичаҳои хурд”-е, чун омӯзгорону табибон ё кормандони ҷамоатҳову коммисариатҳои низомӣ маҳдуд шуда, мансабдорони баландпоя ва бонуфузашро кор намегирад.

Дар соли 2007 дар Тоҷикистон ба хотири тақвияти мубориза бо фасод Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод ташкил шуд. Аз моҳи марти соли 2015 ба ин Оҷонсӣ Рустами Эмомалӣ – писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG