Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи созмонҳои журналистии Тоҷикистон ба Ҳамроҳхон Зарифӣ


Абдуқаюми Қаюмзод

Абдуқаюми Қаюмзод

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ хостаанд, ки дар масъалаи аккредитатсияи хабарнигори Озодӣ Абдуқаюми Қаюмзод рӯшанӣ андозад.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ ба «Озодӣ» гуфт, созмонҳои Иттиҳоди журналистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили кишвар, Шӯрои ВАО ва Медиа-Алянс дар як номаи муштарак аз Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, ки мавқеи вазорат дар масъалаи тамдид накардани аккредитатсияи Абдуқаюми Қаюмзодро рӯшан созад.

Дар номаи мазкур зикр шудааст, тайи чанд ҳафта дар саҳифаҳои матбуоти кишвар, сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар масъалаи ба хабарнигори «Озодӣ» дар Тоҷикистон дода нашудани аккредитатсия ё сабти ном аз тарафи Вазорати хориҷаи ин кишвар гуфтугуҳои мухталиф ҷараён дорад. Аммо то кунун Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди сабаби сабти ном накардани хабарнигори «Озодӣ» Абдуқаюми Қаюмзод хомӯш аст.

Ҷаноби Шарифзода, Дабири Шӯрои ВАО гуфт, бо назардошти посухи Ҳамроҳхон Зарифӣ, созмонҳои журналистии кишвар тасмим хоҳанд гирифт, ки қадами баъдии онҳо чӣ хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ 23 январ дар як баёния аз масдуд шудани сомонаҳои бахши тоҷикиаш дар Тоҷикистон ва рад шудани дархости тамдиди сабти номи хабарнигори бахши тоҷикӣ дар Душанбе Абдуқаюм Қаюмов хабар дод.

Радиои Озодӣ дар баёния зикр кардааст, ки хабарнигори собиқадораш Абдуқаюм Қаюмов (Абдуқаюми Қаюмзод)-ро аз гузориш додан манъ кардаанд, чунки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дархости маъмулӣ барои сабти номи ӯро рад кардааст. Қаюмовро, ки аз соли 2001 ҳамчун хабарнигори парлумонӣ фаъолият мекунад, рӯзи 9-уми декабри соли 2012 хабар кардаанд, ки дархости сабти номи ӯ расман рад шудааст. Мақомот пиромуни ин тасмим, ки Қаюмовро аз кор барои бахши тоҷикӣ манъ карда, ҳушдоре барои хабарнигорони дигари Озодӣ шудааст, ягон шарҳи расмӣ надодаанд.

Президенти Радиои Озодӣ Стивен Корн гуфтааст, “давлат сабти номро бо ҳадафи мамониат ба тасмимоти мо ва ҳамла ба мустақилияти мо истифода мекунад.” Оқои Корн афзудааст, “сабти ном як раванди маъмурӣ ба хотири мусоидат ба ҳаққи журналистҳост, вале он аз тарафи мақомоти Тоҷикистон оҳанги сиёсӣ гирифта, мунтахабан ба хотири сонсур ва тарс додани онҳо истифода мешавад.”

Абдуқаюм Қаюмов (Абдуқаюми Қаюмзод) соли гузашта соҳиби ҷоизаи ба номи Лоҳутии Иттиҳоди хабарнигорони Тоҷикистон шуда, нашрияи “Фараж” ӯро барои гузоришҳояш дар масоили сиёсиву сиёсати хориҷӣ ва мусоҳибаҳояш бо шахсиятҳои маъруф “Журналисти сол” интихоб кард. Ӯ соли 1995 ҷоизаи Ҳеллман ва Ҳеммет барои озодии баён ва соли 2010 дар як маросим дар сафорати Амрико дар Душанбе ҷоизаи "Ҷуръати журналистӣ"-ро ба даст овардааст.

Манъи фаъолияти хабарнигории Қаюмзод дар пасманзари мавридҳои дигари дахолат ба кори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аст. "Дар баҳори соли 2012, мақомоти ин кишвар ба далели ташреҳнашудаи “нақз”-и қонуни матбуоти Тоҷикистон аз тамдиди замони сабти номи Гулнораи Равшан, ки барои бахши узбакии Радиои Озодӣ гузориш медод, даст кашиданд",- омадааст дар баёнияи расмии Радиои Озодӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG