Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Журналисти тоҷик: Рӯзи матбуот бо "лентачаҳои сиёҳ"


Рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим

Рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигор ва муаррихи тоҷик, пешниҳод дорад, то рӯзи матбуотро рӯзноманигорон бо насби лентачаҳои сиёҳ дар либосҳои идона пешвоз бигиранд.

Ин рӯзноманигор мегӯяд, пешниҳоди ӯ ҳамчун ҳамрайъии журналистон ва эътироз зидди фишор болои матбуоти мустақил қабул шавад. Ӯ баррасии парвандаи «ИмрӯзNews»-ро дар арафаи рӯзи матбуоти тоҷик таҳқири як фарзанди мансабдор ба рӯзноманигорон медонад.

"Дар ин ҷо ба ҳамкасбон пешниҳод мекунам, ки фардо аз болои либосҳои идона лентачаи сиёҳ пеши бар насб кунанд. Ба хотири эътироз дар қиболи фишорҳо болои васоити ахбори омма, ки имрӯз аз ҷониби бархе мансабдорону фарзандони онҳо бо баҳонаҳои ночиз сари матбуот омадааст. Журналистон бо чунин амал бояд нишон диҳанд, ки ҳамрайъанд" - гуфт рӯзноманигор.




Аҳмади Иброҳим бо ишора ба баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов бо нашрияи «ИмрӯзNews» афзуд: «Дар мавриди писари Ҳукумов овозаҳо зиёд буданд. Миёни мардум ҳатто овоза буд, ки писари ӯро бо халабонҳои дар Қӯрғонтеппа боздоштшуда иваз кардаанд, яъне, обрӯи давлатро бо писари Ҳукумов иваз кардаанд. Ҳоло бо баҳси додгоҳии худ Рустам Ҳукумов боз ин овозаҳоро дар арафаи интихобот сари забонҳо мекунад, ки фикр мекунам, ба манфиати давлат нест.»


Назири Нусрат - сармуҳаррири «ИмрӯзNews»

Назири Нусрат - сармуҳаррири «ИмрӯзNews»

Назири Нусрат, сармуҳаррири «ИмрӯзNews», дар робита ба ин пешниҳоди рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт: «Воқеан, Аҳмади Иброҳим қаблан ба мо бо навиштани як мақола чунин пешниҳод карда буд. Мо ин пешниҳоди ӯро дастгирӣ мекунем ва онро чун як намунаи ҳамрайъии журналистон медонем. Чунки бастани лентаи сиёҳ ин ба маънои барқарор кардани адолати судӣ хоҳад буд. Агар ин пешниҳоди рӯзноманигор аз ҷониби дигар рӯзноманигори тоҷик қобили қабул аст, мо ҳатман чунин коре хоҳем кард. Аммо гумон аст, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳамагон ба ин фикр розӣ бошанд ва рӯзи 11 март ба ҷашн бо бастани лентаи сиёҳ биёянд, яъне амали шудани ин пешниҳод зери суол аст. Бо вуҷуди ин, мо кӯшиш хоҳем кард, ки то андозае ин пешниҳоди Аҳмади Иброҳимро амалӣ намоем.»




Султон Ҳамад - рӯзноманигори мустақили тоҷик

Султон Ҳамад - рӯзноманигори мустақили тоҷик

Султон Ҳамад, рӯзноманигори мустақили тоҷик, зимни суҳбат бо радиои «Озодӣ» дар ин маврид гуфт: «Бо лентачаҳои сиёҳ ва либосҳои идона ба толоре, ки дар он ҷо солгарди таъсисёбии матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад, рафтан чандон ба одоби миллии мо рост намеояд. Аммо баҳсҳои додгоҳӣ алайҳи матбуоти мустақил ва махсусан қазияи «ИмрӯзNews», бояд нигаронии мо ва ҳамчунин афродеро, ки дилашон ба ҷомеа ва демократия месӯзад, ба бор оварад. Вале, ман фикр намекунам, ки баҳси додгоҳии нашрияи «ИмрӯзNews» ва Рустам Ҳукумов бо судури ҳукми додгоҳи зинаи аввал ба анҷом расад. То ҷое медонам, ин нашрия аз болои ҳукми додгоҳи зинаи аввал шикояти касатсионӣ бурдааст ва имкони ба нафъи худ ҳал намудани ин баҳсро дорад.»




Ёдовар мешавем, ки Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон», чанде қабл рӯзномаи «ИмрӯзNews»-ро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, аз додгоҳ хоста буд, шаъни ӯро барқарор кунад. Номбурда аз рӯзномаи “ИмрӯзNews” 50 000 сомонӣ талаби ҷуброн кард ва ҳамчунин аз додгоҳ хост, то даъвои ӯро пушти дарҳои баста баррасӣ кунад.

Дар посух Назири Нусрат, ки на танҳо сардабири «ИмрӯзNews», балки муаллифи мақолаи мавриди баҳс низ аст, гуфта буд, ки дар навиштаи ӯ шаъни касе паст зада нашудааст ва фактҳоеро ба таҳлил кашидааст, ки дар даҳҳо расонаи ахбори ом нашр шуда, ба ҳамагон маълум будаанд.

Сухан аз мақолаи Назири Нусрат бо номи «Боқиев ва Ҳукумов: писароне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» бармеояд, ки 16 октябри соли 2012 дар рӯзномаи «ИмрӯзNews» чоп шудааст. Дар он зимни боздошти Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар Бритониё, ки ба қавли рӯзноманигор, ҳамчун як фишори сиёсӣ алайҳи Бишкек истифода шудааст, гуфта мешавад, ки қазияи Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, сарвари «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар низ чун фишори сиёсӣ алайҳи Душанбе истифода шуда буд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 25-уми феврал баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон бо нашрияи «ИмрӯзNews»-ро ба нафъи Рустам Ҳукумов ҳал кард ва нашрияро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ муваззаф намуд.

«ИмрӯзNews» бо пахши баёнияе рӯзи 4-уми март гуфт, ки додгоҳ талаби рӯзномаро ба инобат нагирифт ва ба баргузории муҳокимаи боз иҷозат надод ва ҳамчунин ду дархости ҳайати нашрия дар мавриди ташхиси лингвистикии мақоларо рад кард.

Дар натиҷа, ҳукме бароварда шуд, ки ба манфиати яке аз тарафҳои баҳс аст. Нусхаҳои матни баёнияи мазкур ба вазири адлия, роҳбари намояндагии СММ дар Тоҷикистон, сафири САҲА дар ин кишвар, сафоратҳои Амрико, Эрон, Русия ва ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари муқими Тоҷикистон ирсол шуд.

Нашрияи "ИмрӯзNews" бо пеш овардани далелҳои зиёд дар робита ба ин баҳс, изҳори умедворӣ кард, ки ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, созмонҳои рӯзноманигорӣ, сафоратҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон нисбат ба ин ҳукм бетараф нахоҳанд буд.

Рустами Ҷонӣ, муассиси нашрияи «ИмрӯзNews» низ дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» таъкид дошт, бо таваҷҷуҳ ба он, ки ҳодиса ва парвандаи марбут ба писари Амонулло Ҳукумов, як иттиллои оммавӣ ва дастрас буд ва баррасии он ҳам мебоист ошкоро сурат мегирифт, додрас аз аввал тарафи даъвогарро гирифт: ”Тасмими пӯшида гузаштани ин мурофиаи судӣ худ як навъ гурез аз адолати судӣ буд, яъне бо ширкати афроди бетараф дар мурофиа дурӯғ будани даъвои онҳо ошкор мешуд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG