Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҷавони тоҷик ба Русия роҳи 10% сарфаи барқро пешниҳод кард


Пайрав Нусратов

Пайрав Нусратов

Пайрав Нусратов, ҷавони 28-солаи тоҷик, ба Русия роҳи ҳадди ақалл то даҳ дарсад сарфаи нерӯи барқро пешниҳод кард. Нусратов чанде қабл дар вилояти Кемеровои Русия дар ин бора рисолаи номзадиро дифоъ намуд ва мегӯяд, ки аз ҳоло чанд ширкати русӣ, аз ҷумла "ИнТехСиб", ба ӯ дархости ҳамкорӣ додаанд.

Тоҷикистон ҳар сол дар фасли тирамоҳу зимистон ба камбуди шадиди нерӯи барқ рӯбарӯ мешавад ва имсол низ, бино ба хабари сокинон, дар гӯшаҳои кишвар маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст.

Ин ҷавони тоҷик рӯзи 23 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пешниҳоди ӯ ба мисли истифода аз лампаҳои каммасраф дар Тоҷикистон нест, балки истифодаи дурусту муосир аз лифти баландошёнаҳо, эскалатор, элеватор ва борбардори конҳои ангишту маъдан ва корхонаҳои бузурги саноатиро дар бар мегирад.

Ин матлабро бо забони русӣ дар инҷо хонед

Вай афзуд, "бештари механизмҳое, ки дар лифту дастгоҳҳои борбардор истифода мешаванд, бозмонда аз Шӯравӣ ҳастанд. Мақсади мо "модернизатсия" кардани ҳамин механизмҳост. Дар сурати бозбинӣ кардан метавонем, даҳ фоиз истифодаи барқро кам кунем. Яъне, даҳ дарсад барқро сарфа намоем."

Нусратов гуфт, аммо ин мавзӯъ танҳо хоси Русия нест, балки ҳангоми таҳқиқи илмӣ шароити Тоҷикистон ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ ҳам дар назар гирифта шудааст: "Дар шароити Тоҷикистон ин таҷрубаро дар лифтҳо ва конҳое, ки камубеш кор мекунанд, корхонаи алюминиюм ва корхонаи сементбарорӣ татбиқ кардан мумкин аст. Дар оянда дар Тоҷикистон корхонаҳои зиёд бунёд хоҳад шуд ва ҳатман ин таҷруба даркор мешавад."

Пайрав Нусратов фориғуттаҳсили мактаби Ворухи шаҳри Исфара буда, Донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммад Осимӣ дар Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ гуфт, баъди хатми донишгоҳ ба Русия барои идомаи таҳсил дар Новокузнетск рафт ва феълан дар вилояти Кемерово ба кори илмиаш дар бораи сарфаи нерӯи барқ идома медиҳад.

Вай мегӯяд, ба далели он ки ба бахши энергетикӣ майли бештар дорад, то кунун дар ин роҳ хастагиро эҳсос накардааст ва мехоҳад, то ҳадди тавонаш барои харҷи ками энергетика ва барои ҳама дастрас будани нерӯи барқ ёрӣ кунад.

Тоҷикистон ҳар сол дар фасли тирамоҳу зимистон ба камбуди шадиди нерӯи барқ рӯбарӯ мешавад ва имсол низ, бино ба хабари сокинон, дар гӯшаҳои кишвар маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст. Ҳарчанд мақомот онро "профилактика" номиданд, аммо сокинон мегӯянд, ки аз рӯи ҷадвали додану қатъи нерӯи барқ маълум мешавад, ин маҳдудият аст.

Дар чанд соли пеш мақомоти Тоҷикистон барои сарфаи нерӯи барқ дар кишвар истифода аз лампаҳои каммасрафро пешниҳод карданд. Дар ин бора соли 2009 фармони расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам содир шуд, ки аҳолӣ ва ҳамаи ниҳодҳоро муваззаф мекунад, ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаранд. ​Вале ҳоло як гуруҳи сокинон лампаҳои каммасрафро ба далели заифии рӯшониашон истифода намекунанд ва ҳанӯз ба лампаҳои Шӯравӣ бартарӣ медиҳанд.

Тоҷикистон танҳо илоҷи раҳоияш аз бӯҳрони нерӯи барқро дар сохтани Роғун мебинад. Дар соли 2010 ҳукумат барои шурӯи мустақилонаи сохтмони ин нерӯгоҳи барояш ҳаётан муҳим аз аҳолӣ ва ширкатҳо 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале маъракаи пуриддаояш дар атрофи Роғун ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ рӯбарӯ шуд.

Аммо тобистони имсол ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати итолиёии ​"Салини Импреҷило С.п.А." (Salini Impregilo SpA) қарордоди чандмиллиардолларии бунёди Роғунро имзо кард. Бар асоси созишнома сохтмони асосии нерӯгоҳи Роғун нимаи дувуми соли 2016 шурӯъ шуда, марҳила ба марҳила 11 сол идома хоҳад кард. Арзиши қарордод 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG