Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадяи билоивази оби Қайроққум ба Тошканд


Вазъи ҳозираи дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд
Вазъи ҳозираи дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд

Тоҷикистон дар фасли тобистон ба кишварҳои поёноби минтақа, аз ҷумла Узбакистон, ҳудуди 2 миллиард куб об додааст.

Тоҷикистон дар фасли тобистон ҳудуди 2 миллиард метри мукааб оби обанбори Қайроққум, дар шимоли кишварро барои киштзорҳои Узбакистону Қазоқистон додааст. Мақомот мегӯянд, ин кор бар асоси қарордод бо кишварҳои поёноби минтақа анҷом гирифта, аммо дар иваз кишвари мо ҳеҷ гуна ёрие дарёфт накардааст.

Файзулло Авазов, сардори маъмурияти нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле ки имсол Тоҷикистон фақат ҳудуди 10 дарсади оби ҳавзаи рӯди Сирро барои обёрӣ гирифт, боқимондаро бидуни мамониат ба Узбакистону Қазоқистон интиқол дод. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, "ҳамсояҳоро бо об таъмин накардан, баробари ба гуруснагӣ маҳкум кардани 6 миллион одам аст, ки аз ин оби мо дар Узбакистону Қазоқистон истифода мебаранд. Мо инро иҷро мекунем, вале бар ивази интиқоли об Тоҷикистон аз кишварҳои поёноб чӣ мегирад, намедонем."

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи мутахассисон, обанбори Қайроққум бо ғунҷоиши 3,5 миллиард метри мукааб об тавони бастану танзими интиқоли онро ба муддати зиёд надорад. Ҳамчунин, вобастагии Тоҷикистон аз орду гандуми арзон, сӯзишворӣ ва сармоягузориҳои Қазоқистон давлати Тоҷикистонро водор мекунад, бо ин кишвари поёноби худ вориди низои дигари обӣ нашавад.

Ҳоло дар рӯди Сир сатҳи об ба қадре поин рафта, ки одамон ҳатто қамиш ё найҳои канори онро дарав мекунанд. Ба гуфтаи раҳбари маъмурияти нерӯгоҳи Қайроққум, барои танзими фаъолияти ин нерӯгоҳ дар фасли сармо бо иқтидори тавлиди то 3 миллион киловат cоат дар шабонарӯз бояд дар он 3,5 миллиард метри мукааб об ҷамъ оварда шавад.

Узбакистон то замони берун рафтанаш аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна дар тирамоҳи соли 2009 дар фасли зимистону аввали баҳор ба подоши ҷамъ овардани об дар обанбори Қайроққум ба вилояти Суғд нерӯи барқ медод. Инчунин Узбакистон дар таъмиру ҳифзи садди обанбор ёриҳои худро дареғ намедошт. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, дар солҳои охир Узбакистон аз обанбори Қайроққум танҳо ҳаққи худро талаб мекунад, аммо дар иваз ба расонидани ёрие розӣ нест.

Хайрулло Муҳиддинов, раҳбари котиботи комиссияи ҳамоҳангсози байнидавлатии хоҷагии об баҳри масъалаҳои ҳалталаби ҳавзаи баҳри Арал дар Хуҷанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, қатъи ҳамкориҳои обиву энергетикии Тоҷикистону Узбакистон ба нафъи кишварҳо нест. Ӯ афзуд, “ҳозир парадокс дар он ки ҳама обанборҳои минтақа дар режими обёрӣ ё ирригатсионӣ не, балки бо режими энергетикӣ кор мекунанд. Мо дар мавсими обёрӣ тақсими оби аз зери чархаҳо хориҷшавандаро ба нақша мегирем. Албатта, беҳтар аст, барои тақсимоти об энергетикҳо ҳам ба комиссияҳои байнидавлатӣ дохил карда шаванд, чунки бе иштироки онҳо ин кор хуб ва ба фоидаи ҳама ҷараён намегирад."

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулони нерӯгоҳи Қайроққум, имрӯзҳо ба хотири сарфаи об барои фасли сармо аз 4 чарха танҳо 2 чархаи нерӯгоҳ бо иқтидори 27 мегават фаъол аст ва дар шабонарӯз 650-700 ҳазор киловат соат нерӯи барқ тавлид мекунад. Нерӯи барқ барои эҷтиёҷоти минтақаи шимоли Тоҷикистон беш аз 8,5 миллион киловат соат дар шабонарӯз аз нерӯгоҳи Норак интиқол меёбад. Мақомот мегӯянд, ба обанбор дар ҳар сония 400 метри мукааб об ворид гашта, 150 метри мукааб хориҷ мешавад ва сарфаи об 250 метри мукааб дар як сония аст.
XS
SM
MD
LG