Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Эмомалӣ Раҳмон чӣ суол доред?


Хабарнигорони тоҷик мегӯянд, вақте расидааст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мисли ҳамтоёни дигараш барои матбуот сӯҳбатҳои рӯбарӯ доир кунад.

Ба дилхоҳ суоли худ посух гирифтан аз шахси аввали ҷумҳурӣ орзуи ҳар як хабарнигор аст. Беш аз 1000 рӯзноманигор дар Русия ва садҳо хабарнигори дигар дар Қирғизистон дар поёни соли равон ба ин имкон даст ёфтанд ва тавонистанд ба ҳадди ақалл як суоли худ аз президенти кишварашон посух бигиранд ва ё назари ӯро дар мавзӯъҳои муҳиму барои кишварашон сарнавиштсоз бишнаванд.

Мулоқотҳои пайиҳам ва ошкорои раҳбарони Русия ва Қирғизистон ҳам дили бархе аз хабарнигорони тоҷикро барои сӯҳбати рӯбарӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба ҷӯш овард. Хабарнигорони тоҷик дар шароити феълӣ баргузории мулоқоти рӯбарӯи президент бо ҷомеаи хабарнигоронро муҳим арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ин танҳо имконе хоҳад буд, ки ба чанд саволи муҳимашон аз шахси аввали ҷумҳурӣ посух бигиранд.

Ба президент чӣ суол доред?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00

Аммо агар чунин имкон ба хабарнигорон даст диҳад ва ба мулоқоти рӯбарӯ бо президент роҳ ёбанд, ба кадом суоли худ аз президент посух гирифтан мехостанд?

Сайф Сафар
Сайф Сафар

Сайф Сафар, хабарнигори ҷавони тоҷик мегӯяд: "Ба ҳайси як хабарнигор ба президент чунин суол медодам. Замоне ҷаноби раиси ҷумҳур гуфта буданд, ки то охирин гурезаи тоҷик ба ватан барнагардад, худро ором эҳсос намекунам. Ҳоло ки қариб 1 миллион тоҷик дар Русия муҳоҷир аст ва онҳо ҳам мисли гурезаҳо берун аз кишваранд ва дар шароити на он қадар хуб ба сар мебаранд, раиси ҷумҳур ҳар вақте дар бораи шароити онҳо мешунавад, чӣ эҳсосе дорад?"

Муҳоҷират, мушкили барқ, масоили иқтисодӣ ва сарнавишти Роғун аз мавзӯъҳои аслиест, ки хабарнигорони тоҷик мехоҳанд дар мулоқоти рӯбарӯ бо президент матраҳ шавад ва посух бишнаванд.

Хуршеди Атовуллоҳ, раиси Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон, саволҳои эҳтимолиаш аз Эмомалӣ Раҳмонро чунин баршумурд: "Суолҳо зиёданд. Масалан ба чӣ хотир то ҳанӯз, Далер Назар ва Барзу Абдураззоқов ҳунарманди мардумии Тоҷикистон нестанд, дар ҳоле ки бархе аз нафароне, ки ба синни 30 нарасидаанд, ҳунарпешаи шоиста ҳастанд? Ё ин ки чандин сол аст, раиси роҳсозони Иттиҳоди давлатҳои мустақил Бӯрӣ Каримов даъвои мансаб мекунад. Чаро то ҳол ҳадди ақалл намегузоранд, ки вазири нақлиёт шавад? Ё чизи дигар, барои чӣ аз ҷалби як сармураббии тавоно барои дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон худдорӣ мекунанд? Ман медонам, ки овардани Диего Марадона кори душвор нест."

Алишер Зарифӣ
Алишер Зарифӣ

Алишер Зарифӣ, хабарнигори дигари тоҷик мегӯяд, агар имкони мулоқот бо президент мешуд, вай чун як хабарнигор бо истифода аз фурсат аз ӯ як хоҳиш мекард: "Агар чунин имкон шавад, яъне нишасти раиси ҷумҳур бо хабарнигорон, пешниҳод мекардам, ки дар як ё ҳадди ақалл дар ду сол як бор нишасти матбуотӣ баргузор шавад. Аз мушоҳидаҳо мебинем, ки журналистон гуфтании зиёд доранд ба раиси ҷумҳур ва ман фикр мекунам, ҳарфи хабарнигорон ҳарфи ҷомеа аст, ки мехоҳанд ба президент бирасонанд."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо хабарнигорон мулоқоти рӯбарӯ дошт. Ин мулоқот соли 2009 баъди 17 соли фаъолияти ӯ ба ҳайси раиси ҷумҳур сурат гирифт ва дар он ҳамчунин шоирону нависандаҳо ва дигар эҷодкорон ҳам ширкат доштаанд. Ин сӯҳбат, ки ба гуфтаи бархе аз иштирокдорон хеле ошкоро будааст, дар бинои Кумитаи телевизион ва радио баргузор шуда, чор соат идома кард ва хабарнигорон ҳам бархе тавонистаанд ба саволҳои худ посух бигиранд. Аммо бидуни ҳаққи нашр дар матбуот.

Бори дувум президент дар 100-солагии ҷашни матбуот моҳи марти соли 2012 бо хабарнигорон вохӯрд. Ин мулоқот танҳо аз суханронии президент иборат буд. Аммо, дар маҷмӯъ, нишасти матбуотие, ки сирф аз суоли хабарнигорону ҷавоби президент иборат бошад, то ҳанӯз дар Тоҷикистон сурат нагирифтааст.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, "ба андешаи ман дар ин шабу рӯзҳо, ки як вазъи ҳассос дар ҷумҳурӣ ҳукмфармост, бисёр хуб мешуд, ки чунин нишастҳои матбуотӣ, ки аз ҷониби дигар президентҳо баргузор мешавад, бори нахуст ҳам бошад, дар Тоҷикистон баргузор шавад ва масъалаҳои муҳими ҷомеа баррасӣ шавад. Ширкаткунандагони чунин мулоқот ҳам бояд андешаронии сатҳи баланд дошта бошанд ва андешаҳои музофотиву гурӯҳӣ набошанд."

Баргузории чунин як нишаст, ба андешаи намояндагони "ҳукумати чорум", ки матбуотро гоҳо чунин ном мебаранд, ҳам барои ҷомеа ва ҳам барои раёсати ҷумҳур муҳиму муфид арзёбӣ мешавад. Зеро мардум дарди дилашро ба хабарнигор мегӯяд ва чунин сӯҳбатҳо метавонанд як сарчашмаи маълумоти боэътимод барои президент бошад.

Хабарнигорони тоҷик соле ду бор имкон доранд дар мулоқотҳои рӯ ба рӯ бо раҳбарони вазорату идораҳои кишвар дилхоҳ суол бидиҳанд ва посух бигиранд. Ин нишастҳо аз соли 2005 бо дастури ҳукумат як амали ҳатмӣ шудаанд, аммо аксари хабарнигорон дар солҳои ахир аз шеваи баргузории ин нишастҳо розӣ нестанд ва аз он шикоят мекунанд, ки бархе раҳбарон бо ҳар баҳона аз посух ба суолҳои доғу муҳим худдорӣ мекунанд ваё барои мулоқот бо журналистон нафарони дувумдараҷаро мефиристанд.

XS
SM
MD
LG